Барои наҷот додани онҳо чӣ корҳо анҷом дода мешавад?
Нависанда: Матлубаи Қодирзод, dialog.tj
Барои Тоҷикистон муаммои обшавии пиряхҳо махсусан муҳим аст - ҷумҳурӣ на танҳо дар қатори кишварҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим қарор дорад, балки ҳамчун ташаббускори асосии равандҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баромад мекунад. Бо ташаббуси Душанбе СММ соли 2025-ро - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон кард. Вазъияти имрӯза то чӣ андоза вазнин аст ва кадом тадбирҳо дар мубориза бо ин офати экологӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард?
То чӣ андоза ҷиддӣ?
Вайсиддин Саидзода, муовини директор оид ба илм ва маорифи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон қайд мекунад: «Таҳқиқотҳои муосир тасдиқ мекунанд, ки ҷараёни (динамикаи) таназзули пиряхҳо дар Тоҷикистон ба тамоюлҳои умумиҷаҳонӣ мувофиқат мекунад, вале бар асоси шароити иқлимию ҷуғрофӣ хусусияти минтақавӣ дорад.
Барои мисол, пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон нисбат ба пиряхҳои Помири Марказӣ ва Шарқӣ дар баландии пасттар ҷойгир шудаанд, аз ин хотир онҳо ба обшавӣ бештар осебпазиранд. Сарфи назар аз он, ки дар ҳавзаи Зарафшон боришот бештар мешавад, ҳарорати баланд боиси обшавии босуръати пиряхҳо мегардад. Дар баробари ин, ба иқлими Помири Шарқӣ бештар хусусияти сардӣ ва континенталӣ хос аст, ки ин равандҳои таназзули пиряхҳоро дар ин минтақа суст мекунад».
Омори обшавии пиряхҳо бисёр нигаронкунанда аст: аз 14 ҳазор пирях, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, беш аз 1 ҳазораш бебозгашт нобуд шудаанд, ва ин танҳо дар 30-40 соли охир. Пешгӯиҳои коршиносон боз ҳам нигаронкунандатаранд: агар бо чунин суръат обшавии пиряхҳо идома ёбад, пас аз эҳтимол дур нест, ки то соли 2050 минтақа сеяки захираҳои пиряхии худро аз даст медиҳад. Бо назардошти он, ки пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60%-и захираҳои обии тамоми Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, маълум аст, ки чаро мушкилоти тағйирёбии иқлим ба яке аз масъалаҳои авлавиятноки ҳукумати мо табдил ёфтааст.
Оқибатҳо чӣ гунаанд?
Вайсиддин Саидзода ба нақши калидии пиряхҳо дар тавозуни обӣ таваҷҷӯҳ карда, мегӯяд: "Тибқи маълумотҳои Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC), то охири асри XXI ҳаҷми оби тозаи аз пиряхҳо ҷоришаванда метавонад ба таври назаррас кам шавад. Ин барои обтаъминкунӣ, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ, аз қабили Помир ва Тиёншон, ки дар онҷо ҷараёни об асосан аз ҳисоби обшавии пиряхҳо ташаккул меёбад, таъсири (оқибати) ҷиддӣ хоҳад дошт.
Дар Тоҷикистон пиряхҳо дар ташаккули захираҳои обӣ нақши калидӣ мебозанд. Ҳиссаи онҳо дар шоридани оби дарёҳо дар як сол тақрибан 25%-ро ташкил медиҳад, дар солҳои хушксолӣ он метавонад то 55% расад.
Дар шароити гармшавии глобалӣ минбаъд дар баъзе солҳо то 85% афзоиш ёфтани ҳиссаи ғизодиҳии дарёҳо аз ҳисоби обшавии пиряхҳо дар назар дошта шудааст, ки ин боиси тағйироти ҷиддии режими гидрологӣ мегардад. Ин, дар навбати худ, метавонад суръат ва шиддатнокии равандҳои хатарноки гидрологӣ, аз қабили сел, эрозияи маҷроҳо ва харобшавии соҳилҳоро афзоиш диҳад”.
Яке аз оқибатҳои хатарноки обшавии пиряхҳо - ба вуҷуд омадани кӯлҳои рахнакунандаи пиряхӣ (GLOFs) мебошад. Коршинос мисолҳои нигаронкунанда меорад: «Соли 2024 дар ноҳияи Лахш рахнашавии кӯли пиряхӣ ба амал омад, ки тавассути (бо иштироки) пиряхи Саид Нафисӣ ташаккул ёфта буд. Дар натиҷаи омадани селоба ва обхезӣ роҳҳои мошингард, пулҳо ва дигар иншоотҳои инфрасохтори нақлиётию хоҷагӣ хароб гардиданд. Айнан чунин ҳолат соли 2021 дар иёлоти Уттаракханди Ҳиндустон ба амал омада буд, вақте рахнашавии кӯли пиряхӣ боиси харобиҳои зиёд ва талафоти ҷонӣ гардид".
Чӣ бояд кард?
Вайсиддин Саидзода қайд мекунад: "Бо назардошти миқёс ва хавфҳои эҳтимолӣ, Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон лоиҳаҳои илмию таҷрибавии ба мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои наздипиряхӣ равонакардашударо амалӣ мегардонад. Дар доираи ин лоиҳаҳо инчунин рафторҳо ба бунёди кӯлҳои оинаии сунъӣ бо мақсади танзими маҳаллии микроиқлим ва идоракунии ҷараёнҳои обӣ таҳия карда мешаванд.
Вокуниши муассир ба тағйиротҳои ҷойдошта мониторинги ҳамаҷонибаи гидрологӣ ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшавиро талаб мекунад. Бояд ба ошкорсозии пешгирикунандаи кӯлҳои эҳтимолан хатарноки пиряхӣ, татбиқи системаҳои огоҳкунии бармаҳал ва пурзӯр намудани тадбирҳо барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, бахусус дар минтақаҳои дорои зичии баланди аҳолӣ ва иншооти муҳими инфрасохторӣ таваҷҷӯҳи махсус дода шавад».
Ба андешаи аксари иқлимшиносон, сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим таъсири инсон ба табиат, бахусус афзоиши газҳои гулхонаӣ дар атмосфера мебошад. Вайсиддин Саидзода бар ин назар аст, ки барои пешгирии нобудшавии пурраи пиряхҳо то охири қарн бояд чораҳои фаврӣ оид ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ андешида шаванд, дар баробари ин ӯ таъкид мекунад, ки талошҳои миллӣ бидуни ҳамкориҳои васеъмиқёси байналмилалӣ кифоя нест.
Ҳамчун самтҳои асосӣ, ки дастгирии шарикони байналмилалиро тақозо мекунанд, ӯ инҳоро номбар мекунад: тадқиқотҳои муштараки илмии равандҳои таназзули пиряхҳо бо истифода аз мониторинги моҳвораӣ, ташхиси фосилавӣ ва мушоҳидаҳои заминӣ; мубодилаи технологияҳо ва усулҳои мутобиқшавӣ, махсусан дар байни кишварҳои пешрафта ва рушдкунанда; маблағгузории лоиҳаҳои иқлимӣ ва пиряхшиносӣ дар кишварҳои кӯҳистонӣ (масалан, тавассути Фонди иқлими сабз, Фонди глобалии экологӣ ва ғ.); таҳияи стратегияҳои фаромарзии мутобиқшавӣ, аз ҷумла барои идоракунии захираҳои обии пиряхӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ, аз қабили рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ.
Дастгирии Русия
Русия барои Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун шарики калидӣ дар бисёр соҳаҳо баромад мекунад. Мо шоҳиди дастовардҳои муштарак дар соҳаи амнияти ҳарбӣ ҳастем, дар ин соҳа лоиҳаҳои бузург вобаста ба ҳифзи суботи минтақа амалӣ карда мешаванд. Суоле ба миён меояд, ки дар самти экологӣ, ки барои Тоҷикистон як масъалаи мубрам аст, чӣ корҳо анҷом дода мешаванд?
Амнияти экологӣ аллакай як ҷузъи муҳими ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон гардидааст. Кишварҳои мо якҷоя як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ месозанд, ки ба мониторинг ва сабук кардани оқибатҳои тағирёбии иқлим нигаронида шудаанд, ин махсусан барои амнияти обӣ ва экологии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст.
Вайсиддин Саидзода ҳамчунин қайд мекунад, ки ҳамкориҳои илмии Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи пиряхшиносӣ решаҳои амиқи таърихӣ дошта, дар ҳоли рушд қарор доранд: "Таърихи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки олимони шӯравӣ ва рус барои омӯзиши пиряхҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд. Тадқиқотҳои олимони шӯравӣ то ҳол дар соҳаи пиряхшиносӣ аҳамияти калон доранд.
“Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои минтақавӣ дар самтҳои омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо, мониторинги яхбандии абадӣ ва тадқиқоти георадарии системаҳои пиряхӣ бо мутахассисони рус ҳамкорӣ мекунад».
Марҳилаи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия бо фаъолона ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта тавсиф мешавад. Соли гузашта бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳҳи Тоҷикистон шабакаи истгоҳҳои автоматикунонидаи обуҳавошиносии насли нав паҳн (бунёд) карда шуд.
Ин иншоотҳо, ки ба системаи мониторинги Русия ҳамгиро карда шудаанд, бахусус иншоотҳои бо Маркази обуҳавошиносии Русия алоқамандбуда, аллакай имконият доданд, ки дақиқии пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ то 20% баланд бардошта шавад.
Мониторинги кайҳонӣ низ аҳамияти калон дорад. Русия имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ба маълумотҳои гурӯҳи моҳвораии “Канопус-В” дастасӣ пайдо кунад, ин, дар навбати худ, барои гузаронидани мониторинги фаврии вазъи криосфера, таҳлили ҷараёни обшавии пиряхҳо ва арзёбии хатари обхезӣ имконият фароҳам меорад. Ин маълумотҳо барои коркарди стратегияҳои мутобиқшавӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳамчун асос қабул карда мешаванд.
Нақшаҳои солҳои наздик оид ба фаъолияти муштарак низ хеле самаранок ба назар мерасанд: дар солҳои 2025-2030 якҷоя бо ЮНЕСКО насб кардани 50 истгоҳи назоратии иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дақиқии пешгӯиҳои обхезиро то 85% боло мебарад. Илова бар ин, дар Алмаато як маркази минтақавии иқлимӣ таъсис дода мешавад ва Русия ба он як маҷмааи баландтехнологии амсиласозии сенарияҳои иқлимиро дастрас хоҳад кард - то соли 2030 ин марказ аллакай маълумотҳоро дар бораи 80% пиряхҳои минтақа, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон коркард хоҳад кард, ин имкон медиҳад, ки системаи обтаъминкуниро дар Осиёи Марказӣ пурра такмил диҳем.
Самти муҳими фаъолияти муштаракро пешбурди лоиҳаҳои экологию гидроэнергетикӣ ташкил медиҳад. Бо дастгирии Русия ва Бонки рушди АвруОсиё Тоҷикистон барномаҳои азнавсозии маҷмааи обию энергетикиро амалӣ мегардонад, ки ба туфайли онҳо самараи дукарата ба даст оварда мешавад, аз ҷумла: истеъмоли об то 40% ва партовҳои гази карбон дар як сол то 5 миллион тонна коҳиш дода мешавад. Ин тадбирҳо махсусан дар шароити кам шудани захираҳои пиряхӣ аҳамияти калон доранд, зеро онҳо барои такмил додани истифодаи захираҳои пурарзиши обӣ мусоидат мекунанд.
Обшавии пиряхҳои Тоҷикистон – ин на танҳо як хатари экологӣ, балки таҳдиди иҷтимоиву иқтисодӣ барои тамоми минтақа низ мебошад. Вале бо назардошти талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Русия дар самти мониторинги илмӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои каммасраф ва дипломатияи байналмилалии иқлимӣ метавонем ба сабук шудани паёмадҳои ин бӯҳрон умед бандем.