Киҳо ва чӣ бозие дар Афғонистон хоҳанд дошт?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Яке аз иллатҳое, ки Афғонистон даргири як низои тӯлонимуддат шудааст, мавқеияти он аст. Аносире чун бесуботӣ, адами шаклгирии миллат, низомҳои нопойдор ва мудохилаи ҳамсоягон иллатҳое мазиди дигаре ҳастанд, ки бар умқи буҳрон дар ин кишвари ҷангзада, афзудаанд.
Аз мавқеияте, ки қаблан ёд шуд, метавон аз нуфузу сояи буҳрони ҷаҳонии интиқоли қудрат аз Аврупо ба Осиё ном бурд. Қарори шавоҳиди мавҷуд, дар ҳоли ҳозир ва оянда Осиё меҳвари рақобатҳо, таомулот ва маркази пӯёии сиёсатҳои ҷаҳонӣ бояд шавад. Ҳузури Чин, Ҳинд, Русия ва Эрон тавонмандии иқтисодӣ ва суръати пуршитоби ҳаракати ин қора ба сӯи раҳбарии назми ҷаҳонии ҷадид нишон медиҳад, ки қораи Осиё ва таҳти шуои он Афғонистон, камокон дар меҳвари рақобатҳои хунин боқӣ хоҳанд монд. Танишу буҳрони амниятӣ, талош барои истилои сиёсӣ ва эҷоди муфризаҳои ниёбатӣ барои пайгирии манофеъ, метавонад аз дигар хусусиёти мунҳасир ба фарди сиёсат дар Осиё бошад.
Иллати ин кор, ду мавзуъ метавонад бошад:
- Назария интиқоли қудрат аз Аврупову Амрико ба Осиё;
- Ихтилофоти асосӣ миёни муттафиқини осиёӣ.
Аммо дар ҳоли ҳозир, Амрико барои ҳифзи истилои рӯ ба уфули худ аз ҳар ҳарбае кор мегирад. Танҳо кишваре, ки метавонад Амрикоро дар ин набарди номутавозин ва ғайримуваҷҷаҳ кӯмак кунад, Покистон аст. Покистони даргири як низои сиёсӣ, бо моҷарои рӯ ба афзоиши ноамнӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки камари онро хам сохтааст. Покистониҳо ҳам аз ин муодила барои манофеи худашон истиқбол мекунанд, чун маҷбурият доранд ва ниёз доранд, то роҳе барои нафас кашидан дошта бошанд. Биноан Покистон дар сиёсатҳои минтақаи Осиё камокон як унсури зарурӣ боқӣ мемонад ва баид аст дохили як доираи маънидори тафоҳуми минтақаӣ шавад.
Омили дохилии эҷоди буҳрон дар Афғонистон, ки Толибон аст, оҳиста-оҳиста аз контрол берун мешавад. Гумоназаниҳо бар эҷоди ДОИШ-е аст, ки қиблаи мушрифи он мадрасаҳои покистонӣ хоҳад буд ва римути контроли он дар дасти ISI. Чаро чунин барномае дар назар аст? Чун Толибон он тавре, ки Амрико ва Покистон интизор доштанд, натавониста барномаҳоро дуруст пеш бубаранд ва ҳаммонанди ДОИШ хатарро эҷод кунанд. Айни муодилае, ки ибтидо сармоягузории Покистон бар Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёрро нишон дод, баъдан Толибон бадили он шуданд ва ҳоло ДОИШ дар ҳоли бузург шудан бадили онҳо маҳсуб мегардад.
Аз сӯи дигар, неруҳои хобида дар Шимоли Афғонистон, ки муташаккил аз беш аз бист гурӯҳи террористии хориҷӣ аст, натавонистаанд короии муассир, ҳамзамон ва нақши қотеъ ва таъйинкунанда дар бесуботии минтақа, бахусус, марзҳои Чину Осиёи Марказӣ бозӣ кунанд. Ин барнома ба иллати вокуниши шадиди минтақа, махсусан, Русия, Чин ва Эрон бо як бозии бесарусадои истихборотии минтақа бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.
Пас як тарафи муодила ДОИШ аст, ки метавонад мутобиқи шароити ҷадид нақш бозӣ кунад. Ин барномаи ДОИШ мумкин аз ҷониби ҳалақоте аз ҷониби Толибон бо мухолифат мувоҷеҳ шавад. Ба ин иллат аст, ки гоҳу бегоҳе, бо роҳандозии сенарияҳое ҳамчун даргириҳои марзӣ, аз як тараф Толибонро масруф месозанд ва аз сӯи дигар, дастаҷоти омӯзишдидаи ДОИШ-ро дохили Афғонистон месозанд. Афзун бар он бист гурӯҳ террористие, ки дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон хобидаанд, муфризаҳои эҳтиётии ДОИШ дар оянда хоҳанд буд. Албатта, иртиботи бозии сохтагӣ бо ДОИШ ва Толибон ҳам комилан машҳуд аст. Шабакаи Ҳаққонӣ дар бузургнамоии расонаии ДОИШ нақши нохоста бозӣ кардааст. Аммо сурати қазия инчунин намонд ва ДОИШ-и аслӣ бояд рӯи саҳна биёяд.
Нуктаи ҷолиб дар ин бозӣ ин аст, ки дастаҷоти ДОИШ-ро амдан аз миёни тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва туркманҳо интихоб мекунанд. Иллати ин ки ин корро анҷом медиҳанд ин аст, ки дарк кардаанд, тоҷикҳо ба иллати тавонмандии билқувваи фарҳанги асили инсонӣ ва кадрҳои сиёсиву тахассусӣ дар интихоби қудратҳои осиёӣ ҷойгоҳи ғайри қобили таъвиз доранд. Биноан, бо террори ҳувияти тоҷикҳо дар муодилоти ояндаи Афғонистон, барчаспи ДОИШ барои ин таборро амдӣ дохили бозӣ месозанд, то муттафиқини осиёиро аз интихоби ин гузинаи қавӣ ва майдонсоз, мунсариф созанд, аммо бо он чи анҷом медиҳанд, воқеияти амр ин аст, ки табори тоҷик, табори бофарҳанг ва мухолифи ҳар гуна тундравӣ аст ва ояндаи босубот ва мусоламатомези минтақа бо Афғонистон, дар гарави таомул бо ин табор рақам хоҳад хӯрд.
Аммо русҳо дар ҳоли ройзанӣ барои интихобҳои стротегӣ ҳастанд. Мавқифи таҳоҷумии русҳо дар ворид сохтани фишор бар Толибон мабнӣ бар тағйири шакл ва формати сохтори сиёсӣ дар Афғонистон, ташкили ҳукумати фарогир ва маддиназаргирии тамоми ақвом дар Афғонистон, нишон медиҳад, ки паштунҳо ва Толибон интихоби русҳо нестанд. Чун ин гурӯҳ бештар ба барномаҳои амниятии Ғарбу Амрико наздиканд ва ҷузъи бозии амрикоиҳо дар дохили Афғонистон ҳисоб мешаванд.
Эрониҳо бар хилофи интизор, ки бояд Фотимиюнро дар марҳалаи таҳоҷумӣ вориди майдон месохтанд, то аз манофеашон ҳифозат кунанд, ҳоло бо созишҳои истихборотӣ замон камоӣ мекунанд. Чун дарки эрониҳо аз вазъияти мавҷуд созмондеҳии як тақобули амдии Эрон бо Толибон аст, ки Эронро бар иловаи даргир сохтан дар ҷабҳаи Ховари Миёна, дар шарқ низ масруф созанд. Ба ин асос, ин муодила, то ҷое пешрафт аст, аммо ба зудӣ ва ба сурати ғайри қобили интизор ноком шуд. Ҳоло масири дипломатия роҳашро мепаймояд.
Баъд аз интихоботи Амрико мумкин ҷуромадҳое миёни Эрону Амрико сурат гирад, ки натиҷаи он, як эътилофи нохоста ва ба асоси маҷбуриятҳо миёни тарафайн хоҳад буд. Амрико дар талоши пурра сохтани мушакҳои рақобат дар Осиё аст, то ҳаммонанди паймони СЕНТО ва СЕТО, муттаҳидоне монанди Эрону Покистон дошта бошад. Чун танҳо Покистон наметавонад аз ӯҳдаи ин бозии хатарнок барои истило ва ҳифзи гегемонияи Амрико нақши муассир бозӣ кунад. Аносири тундрав бештар шомили ин бозианд.
Фарзи дигар бар ин аст, ки агар Амрико дар минтақа набуд, ояндаи аъроби муттаҳиди Амрико бояд дар табонӣ бо Эрон тазмин шавад. Ин масъаларо аъроб ба хубӣ дарк карданд ва аз нақши қавии Эрон дар ин росто огоҳии комил доранд. Ба ин асос аст, ки Эрон ҳам мутаваҷҷеҳи таҳаррукоти кишварҳои арабӣ, нақши худаш дар оянда ва тазмине барои ҳифзу бақои режими охундӣ дар минтақа шудааст ва дар як таомули бесобиқа бо Толибон, ки муттаҳидони Алқоида ҳастанд, аз рӯҳияи мазҳабӣ ва бунёдгароӣ кор мегирад.
Чин низ баъдан аз додани ин ҳама имтиёз ба Толибон ва по фаротар гузоштанҳои ғайри маъмул дар таъмини таомул ва робитаи бесобиқа бо режими террористии Толибон, мутаваҷҷеҳи нақши чандҷониба ва мухарриби Покистон шудааст. Чин мутаваҷҷеҳ шудааст, ки Покистон ҳаммонанди соири бозигарон барои манофеаш ҳар лаҳза тағйири нақш медиҳад ва ин мумкин ояндаро бар хилофи манофеи роҳбурдӣ ва ҳаётии Чин тағйир диҳад. Аз ин рӯ, ба таълиқ даровардани кори сохту бозгушоии масири Вахон, вокунише аз ҷониби чиниҳо буд, то баъд аз машвара бо русҳо рӯи он тасмим гирифта шавад, зеро ба заъми чиниҳо масири Вахон ширинии андохташуда ба даҳани терроризми минтақаӣ буд, то ба воситаи он амнияти Чинро ба хатар биандозанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо интихоби гузинаҳои истеъҷолӣ (фаврӣ), талош доранд, то худро дар ин бозии хатарнок бо абъоди байналмилалӣ ҳифз кунанд. Аз ҳамин рӯ, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Тоҷикистон, робитаҳои эҳтиётиро бо Толибон барои масъун мондан аз хатари ин гурӯҳ ва терроризми таҳти ҳимояти он эҷод кардаанд. Вогузории сафоратхонаҳо ва эҷоди шабакаҳои иртиботӣ бо Толибон, ҳама дар ҳамин масир, иртибот доранд.
Покистони даргири як буҳрони хатарнок ва таърихӣ талош дорад, то ба ҳар василае, ки шуда худашро ҳифз кунад. Бо иҷрои нақши чандгона, истифода аз абзорҳои суннатии терроризм ва тундравии мазҳабӣ, ҳимоят аз тарафҳои мавриди мунозиа дар қазияи Афғонистон, ҳароси зиёд аз пешқадам шудани Ҳинд дар ин бозӣ дорад. Аз ҳамин рӯ, талош дорад то аз ҳар василае барои ин бозӣ истифода кунад.
Ҳинди муттаҳиди стратегии Амрико, рақиб ва ҳарифи таърихии Покистону Чин, муттаҳиди мутараддиди Русияву Эрон дар таомулоти минтақаӣ айни таомули тактикиро барои ҳифзу густаришм манофеаш дар пеш гирифтааст. Эҷоди шабакаҳои иртиботии Ҳинд бо гурӯҳи Толибон ҳама ба машвараи амрикоиҳо сурат гирифтааст. Аммо набояд аз ёд бурд, ки Ҳинд ҳанӯз ҳам мутараддид аст, ки кадом тарафи муодиларо интихоб кунад? Минтақаро қабул кунад ва ояндааш ва ё Амрикоро бо барномаҳои амниятӣ ва амниятзудоии он?
Дар ин миён русҳо нақши фаъолеро бозӣ мекунанд. Дипломатияи фаъоли русӣ аз “Формати Маскав” гирифта, то ибтикори минтақаӣ, дар ростои тағйиру таҳаввул дар вазъияти ба бунбаст хӯрдаи Афғонистон, дар такопӯ аст. Русҳо дар талошанд, то Толибонро бо соири гурӯҳҳои муқовимат ва мухолифи он пайванд диҳанд ва барномаҳои амниятии монанди ДОИШ-ро хунсо созанд. Дар ин маврид тавофуқи назари чиниҳо ҳам нақши муассире дорад. Биноан, барои як таҳаввули бузург, ки мумкин онӣ рух диҳад, бояд санҷишҳое дошт. Толибон дигар ҳаммонанди гузашта дорои нақши мутлақ ва рақиби биломунозиаъ дар қазияи Афғонистон ҳисоб намешаванд. Азлои тундравӣ бояд бо андак тағйир дар тавозуни қуваҳои дар сатҳи байналмалалӣ ҷояшро ба як ҳамгироии маслиҳатҷӯии минтақаӣ холӣ кунад, яъне Толибон ва дӯстони фикриашон дигар тарафи қатъии муодила нестанд. Он чи муодиларо тағйир медиҳад, ҳамин хусусияте аст, ки минтақа дигар тоби тундравиро надорад ва на ҳам барномаҳои қудратҳои бузурги минтақа бо мантиқи истифода аз тундравӣ татовуқ дорад.