Хабари рӯз

ТТП, бархурдҳои марзӣ, афтухези таомулоти дипломатӣ миёни Толибону Покистон бозии чандгона аст, ки аҳдофи роҳбурдии Исломободро дар Афғонистон муҳофизат мекунад.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Дар ин ҳеҷ шакке нест, ки Покистон як бозигари ҳушманд, ақлоӣ ва дорои таҷрибаи азиме дар ҳидояти нерӯҳои ниёбатӣ буда, ки бозиҳои хунини сиёсӣ ва амниятиро дар қолаби доктринаи ниёбатӣ бо аҳдофи стратегӣ ва ба ормони як умқи роҳбурдӣ думбол кардааст. Ҳамчунон, ҷои тардиде боқӣ намемонад, ки муҷоҳидин, Толибон ва ҳатто ДОИШ-и Хуросон, қабл аз ҳама як маҳсули покистонӣ буда ва камокон дар ҳитаи авотифи покистондӯстӣ, гир хоҳанд монд. Яъне, ҳеҷ чизе бар хилофи манофеъ Покистон, дар қомуси фикрии ин гурӯҳҳо дида намешавад, ки боис шавад тағйире дар дидгоҳи умумии онҳо нисбат ба Покистон, эҷод кунад.

Агар ба қазоёи амниятӣ ва сиёсии ахир, махсусан, баъд аз ба қудрат расонидани Толибон дар Афғонистон таваҷҷуҳ кунем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки мутаассифона, диди мо дар Афғонистон ҳамвора тақлилгароёна ва мамлув аз муҳосиботи иштибоҳии стратегӣ дар қиболи Покистон буда, дар ҳоле ки авотиф ва эҳсосоти зиддипокистонии мо, ҳамвора моро дар гарави ин хомандешиҳои беҷо гир андохта ва барои он ҳазинаҳои бешумори инсонӣ, молӣ ва таърихӣ пардохтаем. Ҳоло таҳаррукоти ҷадиди Покистон мабнии расидан ба аҳдофи стратегие, ки таркибе аз иқдомоти печидаи дипломатӣ, идомаи бозии истихборотӣ ва амниятӣ аст, бояд дар қолаби як таҳлили амиқ бо мадди назардошти вазъияти мултаҳиби байналмилалӣ, минтақа ва дохилии ин кишвар баррасӣ гардад.

Сафари Содиқ  Хон, намояндаи хоси Покистон барои Афғонистон, ки мусодиф аст бо бомбаборон ва ҳамалоти тӯпхонаии ин кишвар дар манотиқи хатти Дюранд, нишон медиҳад, ки набояд дар таҳлили вазъият ва ба таври мушаххас сиёсатҳои Покистон, дучори иштибоҳ шавем ва тасаввур кунем, ки Толибон аз контроли ин кишвар берун шуда ва дигар нақше дар таҳаввулоти Афғонистон надорад. Дар ҳоле ки сурати аслии масъала тавре аст, ки Покистон бо мадди назардошти вазъияти мултаҳиби сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии худ камокон як бозигари ҷаззоб барои қудратҳои минтақаиву фароминтақаӣ аст ва маҳорати аҷиби он дар ҳидояти нерӯҳои тундрав, ки ҳамвора дар меҳвари манофеи амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии он мечархад, боис шуда, то ҳам минтақа ва ҳам фароминтақа ба он муроҷиа кунанд. Нигоранда қасд дорам, то бидуни ҳошияравӣ ва ба таври мушаххас, таҳаррукоти ахир ин кишварро баррасӣ кунам, ки боис шуда фикр шавад, ки Толибон ба душмани дараҷа яки ин кишвар, мубаддал шудаанд.

АВВАЛ.  Дарки масъалаи ихтилофӣ миёни Толибону Покистон, чандон содда нест ва мусталзими шавоҳиду мадорикест, ки битавонад исбот кунад, ки воқеан Толибон аз ҳидояту контроли Покистон берун шудаанд ва мустақилона бозӣ мекунанд. Ба ҳамин сон, масъалаи вобастагии мутлақи Толибон ба Покистон аз лиҳози идеологӣ, сиёсӣ ва ҳатто иқтисодиву низомӣ ин мавзӯъро дар мизони шакку тардид қарор медиҳад, ки воқеан Толибон тофтаи ҷудобофта аз Покистон ҳастанд ё чизҳое зери пӯсти ҳаводис дар ҷараён аст?

ДУВУМ. Чаро бояд Толибон, ки қудрати сиёсиро мадюни мудирияти ҳушмандонаи Покистон ҳастанд, бар хилофи манофеъи он, бозӣ кунанд ва мӯҷиби ранҷиши Исломобод шаванд? Воқеан ҷолиб аст, ки раҳбарони Толибон аксарият дарсхондаҳои мадориси покистонианд ва то ҳанӯз хонаводаҳояшон дар ин кишвар зиндагӣ мекунад, чаро бояд бесанҷиш ҳаракат кунанд ва дар робитаашон бо Исломобод хадша ворид шавад? Дар ҳоле ки манофеи Исломобод худ тазмине барои тадовуми Толибон дар қудрати сиёсӣ аст, осеб расондан ба ин манофеъ, барои Толибон дар ҳукми худкушӣ хоҳад буд.

СЕВУМ.  Дар шароити феълӣ, ки нерӯҳои мухолифи Толибонро аксарият ақшори ҷомеа шакл медиҳад, ҳар навъ фосилагирии Толибон аз манофеъи Исломобод ба маънои гушудани ҷабҳаҳои ҷадид дар баробари ин гурӯҳ хоҳад буд. Оё ақлоӣ аст, ки тасаввур шавад, ки Толибон аз дарки ин масъала оҷизанд?

ЧАҲОРУМ. Бозии мушу пишаки Покистон бо Толибон ба эҳтимоли зиёд ба ин иллат аст, ки Исломобод мехоҳад нишон диҳад, ки дар ҳидояти Толибон, танҳо нест, бал мутазаррири аслии ҳузури ин гурӯҳ дар қудрати сиёсӣ будааст. Пас саволе пеш меояд, ки чаро Исломобод чунин бозии печидаро роҳ андохта ва ҳозир шуда, то тамоми тухмҳоро дар як сабад бигузорад? Дар ҷавоб бояд гуфта шавад, ки бо идомаи ин бозии хатарноку хунин, ин кишвар мехоҳад нишон диҳад, ки контролу ҳидояти Толибон ба сурати мутлақ дар контроли ин кишвар нест ва Исломобод наметавонад дар оянда зомини ҳаракатҳои террористии гурӯҳи Толибон дар миқёси бузургтари минтақаӣ ва ё ҷаҳонӣ бошад. Ҳамчунон барои ин ки минтақа Толибонро таҳаммул кунад, Исломобод маҷбур аст бо роҳандозии бозиҳои хунини амниятӣ таваҷҷуҳ маътуф ба Толибонро ба инҳироф бикашонад. Бо ин кор Исломобод мехоҳад ҳам бори масъулият дар қиболи аъмоли террористии Толибонро аз шонааш холӣ кунад ва ҳам дар ҷиҳати таъмини ниёзҳои моливу сиёсии ин гурӯҳ, аз потенсиали минтақаӣ баҳра бибарад ва боис шавад, то минтақа бо миёнҷигарии он бо Толибон дохили таомул шуда, дар ҷиҳати ҳифзи ин гурӯҳ дар қудрати сиёсӣ кӯмак кунанд.

ПАНҶУМ. Ҳол бояд пурсида шавад, ки чаро Покистон дар ин бозии ҳушмандона ҳаракат мекунад, дар ҳоле ки наздик ба ним қарн аст тамоми нерӯҳои тундрави мазҳабиро минҳайси ҳарбаву абзор дар хидмати манофеи қудратҳои бузург қарор дода ва худ аз он баҳра бурдааст? Дар посух бояд гуфта шавад, ки Покистон ба иллати мантиқи ҳоким бар динамикаи амниятиву сиёсӣ дар минтақа тавониста симпатияву ҳамкории молӣ, сиёсӣ ва низомии қудратҳои бузургу минтақаро бо худ дар ин проект дошта бошад. Аз сӯи дигар, чун Толибон минҳайси абзор бо қудрату ҳадафманд тавонистаанд, то ҳамхонии наздик бо аҳдофи амрикоӣ дар ҷиҳати бесуботсозии минтақаӣ дошта бошанд ва ин кор боис шуда, то минтақаву ҳамсоягон барои таъмини тавозун ва маҷбуриятҳои амниятии ношӣ аз ҳузури терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон даст ба домани Толибон аз тариқи Покистон шаванд. Биноан, Покистон наметавонад ва намехоҳад аз асли бозӣ дур бошанд ва шарик дар ин проект набошад.

Дар натиҷа, метавон гуфт, ки дар қадами аввал барои Покистон Афғонистон таҳти контроли Толибон як фурсати таърихӣ аст, то масъалаи Дюранд, умқи стратегӣ ва аҳдофи роҳбурдии худро таъқиб карда ва бо хотири роҳат дар пайи ҳусули онҳо бошад. Чун Афғонистони таҳти контроли Толибон, фоқиди як давлати қонунӣ аст, то битавонад барои таваққуфи бозиҳои хунину амниятии Покистон даст ба домони ҷомеаи байналмилалӣ шавад ва Покистонро масъули он нишон диҳад. Дар зимн, аз ин ки мавҷудияти Толибон дар қудрат барои минтақаву фароминтақа ҳассос нашавад ниёз аст, то бозиҳои амниятии ҳаммонанди ҳаракатҳои каҷу килеби дипломатӣ ва таҳаррукоти низомӣ, ҳамзамон роҳандозӣ шаванд.

Бар илова, Покистон наметавонад бидуни Афғонистон имрори ҳаёт кунад. Як Афғонистони захмӣ, ғарқ дар бесуботии сиёсиву заъфи иқтисодӣ, вобаста, даргири буҳрони терроризм, ба маротиб ба нафъи Исломобод аст, то ин ки Афғонистон як кишвари мураффаҳу бидуни дағдағаи амниятиву сиёсӣ бошад. Пайваст ба ин, мавҷудияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон, худ монеъе барои рушду густариши фаъолиятҳои тундравонаи ҷудоиталабонаи балучҳо ва соири нерӯҳое аст, ки метавонанд амнияти миллӣ ва тамомияти арзии Покистонро таҳдид кунанд. Чун бозии маътуф ба терроризму баҳонае монанди ТТП, худ омили сарозер шудани миллионҳо доллар ба хазонаи холии Покистон шуда ва боис мешавад ин кишвар аз дарки саркӯби душманони билқуввааш бо хотири роҳат зери номи терроризм, тамоми таҳдидҳои ношӣ аз таҳаррукоти Ҳинду минтақаро хунсо кунад.

Он чи дар майдони Афғонистон ҷараён дорад ба нафъи Исломобод аст ва ин кишвар дар талош аст, то бо гилолуд кардани об моҳӣ ба даст оварад, ки битавонад мумидди таҳсили манофеи ҳаётӣ ва умқи роҳбурдии он дар минтақа гардад. Ин фурсати барои Покистон дар ҳеҷ кишвари дигаре имкони озмоиш надорад.

Танҳо кишвари бидуни соҳиб Афғонистон аст, ки метавонад дар ҷиҳати таъмини манофеъи соири кишварҳои рақиб, муассир воқеъ шавад. Толибон маҳсули Покистонанд ва ба ҳеҷ сурат дар баробари Покистон ин корхона аз ҷинси худашон намеистанд. ТТП, бархурдҳои марзӣ, афтухези таомулоти дипломатӣ миёни Толибону Покистон бозии чандгона аст, ки аҳдофи роҳбурдии ин кишварро дар Афғонистон ҳифозат мекунад. Пас набояд дар таҳлили ин бозӣ сатҳӣ бархурд кард ва қазияи Толибон ва Покистонро хатмшуда талаққӣ кард.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!