“Сангар”: Ҳеҷ аҷобат надорад, ки дар замони хезиши минтақаии курдҳо дар Ховари Миёна дар Туркия як курд ба қудрат расад, он гуна ки дар Эрон як турк раисҷумҳур интихоб шуд.
Нависанда: Худоёр Саид Вазирӣ, пажӯҳишгари амнияти байнулмилал, махсус барои "Сангар".
Ҳокон Фидон аз падари курди аҳли Варто ва модари турки аҳли Данизлӣ аст. Ӯ аз қабилаи курди ҳасанӣ аст. Амре, ки ба ӯ барои бозӣ кардани фазои сиёсии Туркия, ки муҳиммтарин чолиши дохилии он мавзӯи курдҳост, кӯмаки шоёне карда ва мекунад.
Фидон мадраки лисонси худро дар риштаи мудирият ва улуми сиёсӣ аз Донишгоҳи Мэриленд (Амрико) дарёфт кард ва сипас мадраки коршиноси аршад ва доктории худро аз донишгоҳи Белконди Туркия гирифт.
Аз соли 1986 то 2001, вай ба унвони афсар дар неруҳои заминии Туркия хидмат кард ва узви воҳиди вокуниши сареъи НАТО дар Олмон буд.
Фидон аз соли 2003 то 2007 раёсати Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия (ТИКА)-ро бар ӯҳда дошт ва бар проектҳои тавсеавӣ дар кишварҳои туркӣ ва африқоӣ тамаркуз кард ва дар ҳақиқат меъмори вуруди Туркия ба шимоли Африқо, аз ҷумла Либия ва проектҳои газӣ дар ҷануби Медитарона ва савоҳили Африқо буд.
Дар сатҳи байналмилалӣ, ӯ намояндагии Туркия дар Ожонси байналмилалии энергияи атомӣ ва Созмон тавсеаи санъати Созмони Милали Муттаҳид (UNID)-ро бар ӯҳда дошт ва аз ҷумлаи афродест, ки рӯъёи Туркияи санъатӣ ва атомиро дар зеҳн мепарваронад.
Аммо муҳиммтарин даврони ҳаёти сиёсии Ҳокон Фидон бо раёсати ӯ дар Созмони МИТ оғоз шуд. Фидон аз моҳи майи соли 2010 раёсати Созмони иттилоот ва амнияти Туркия (МИТ)-ро бар ӯҳда гирифт ва то июни 2023, ки ба вазорати умури хориҷа интихоб шуд, дар ин симмат боқӣ монд ва ин даврон, даврони густариши фаъолияти МИТ дар тӯли ҳаёти худ буд. Докторинаи равобити хориҷии Фидон дар раёсати созмони иттилоот нақши муҳимме дар тадвини стратегияи минтақаии Туркия ифо кард, ки барои ҳимояти фаъол аз шӯришиёни сурӣ, ки дар ҳоли ҷанг бо режими Башшор Асад буданд.
Дар ҷараёни талоши кудетои 2016 Туркия, Фидон нақши муҳимме дар кӯмак ба Эрдуғон барои саркӯби кудето дошт ва дар конфронси амниятии Мюнхен дар феврали 2017, ӯ листе аз 300 нафар аз ҳомиёни иддаоии ҷунбиши Гюленро ба Бруну Кол, раиси Сервиси иттилооти федерали Олмон (BND) таҳвил дод ва интизори ҳамкорӣ дар поксозиҳои сиёсӣ дар Туркия пас аз талоши нофирҷоми кудето дар июли 2016-ро дошт, ки албатта, ин феҳрист бештар мақомоти олмониро бар он дошт, то афроди таҳти назарро аз фаъолиятҳои сервиси иттилоотии Туркия огоҳ кунанд.
Фидон ба иттикои ин ки бо курдҳо аз гузашта муртабит буд, дар музокироти махфии сулҳ бо Ҳизби коргари Курдистон (ПКК) ширкат дошт, ки дар соли 2012 додситони давлат таҳқиқ дар мавриди ӯро хостор шуд, аммо Раҷаб Тайип Эрдуғон ба нафъи Фидон мудохила кард. Ӯ баъдан барои музокира бо Абдуллоҳ Уҷалон таъйин шуд ва ахбору гузоришҳое низ дар ин хусус вуҷуд дорад, ки бародарзодаи вай узви Ҳизби коргари Курдистон (ПKK) аст.
Ӯ яке аз меъморони тақвияти иртиботи созмони иттилооти Туркия бо гурӯҳи ифротӣ ва пантуркистии “Гургҳои хокистарӣ”, ки гурӯҳи сиёсӣ-мафиёӣ аст, ки аз қочоқи аслиҳа то иқдомоти террористӣ дар ростои армони пантуркистҳо барои ташкили Туркистони бузургро анҷом медиҳад. Тарҳҳое, монанди коридори Зангазур ва “Туркистон” номидани Осиёи Миёна низ дар ҳамин доктринаи сиёсӣ-амниятӣ мегунҷад ва бояд таъсири Ҳокон Фидон бар сиёсати калони Туркия донист. Бар ҳамин асос мухтасар ба ин иртибототи мафияи “Гургҳои хокистарӣ” бо МИТ мепардозем.
Алоуддин Чокиҷӣ, маъруфтарин раиси мафияи даҳаи 90-и мелодӣ Туркия буд, ки дар зиндон буд ва дар соли 2020 ба хости давлат озод шуд. Чокиҷи собиқаи тӯлонии ҷиноӣ дорад ва аз сарони аслии мафияи миллигаро ва понтуркисти Туркия аст. Чокиҷи ҳатто ҳамсари собиқ худ, Нурия Ӯғур Киличро дар январи 1995 пас аз ин ки бархе аз муомилоти касифи вайро фош кард, ба қатл расонд. Чокиҷи қабл аз қатли ошкоро ӯро таҳдид кард ва қотили аҷиршуда, Абдурраҳмон Кашкин дар баёнияе эътироф кард, ки ин қатлро ба дастури раиси мафия анҷом додааст.
Ҳангоме, ки дар августи 1998 пас аз боздошт дар Фаронса тавассути бозпурсони белгияӣ мавриди бозҷӯӣ қарор гирифт, эътироф кард, ки бо қочоқчии маводи мухаддири турк, Салим Ишик, ки ба Салими Рӯбоҳ низ маъруф буд, дар қочоқи миқдори зиёде героин ба Аврупо ширкат кардааст. Ишик дар январи 2010 дар Истамбул дастгир ва ба раҳбарии шабакаи қочоқи героин ва маводи мухаддири ғайриқонунӣ аз Эрон, Покистон ва Афғонистон ба Аврупо, ба вежа Нидерланд, муттаҳам шуд.
Собиқаи иртиботи Чокиҷи бо МИТ ба иртиботи ӯ бо Ёвуз Оточ, мақоми собиқи МИТ, ки масъули амалиёти хориҷии созмон буд, бармегардад. Ӯ бо ин мақоми МИТ ҳамкории наздике дошт. Оточ пас аз ин ки мудири МИТ-и Истамбул барои ӯ замонат кард ва эътибори ӯро ба унвони як дороӣ таъйид кард, Чокиҷиро ба мақари иттилоот овард. Ӯ ба муҳофизат аз Чокиҷи шурӯъ кард ва ҳатто барои кӯмак ба фирори раҳбари мафия аз Туркия, гузарномаи дипломатӣ ба ӯ дод, ки бо аланӣ шудани он, афсари МИТ, Ёвуз Оточ муваққатан ба унвони дипломат ба Чин фиристода шуд.
Дар баёнияе дар соли 2011, ки як додситон, ки дар ҳоли таҳқиқ дар мавриди қатлҳои хориҷ аз рӯи қазияи даҳаи 1990 буд, содир кард, Оточ эътироф кард, ки Чокиҷи дар бархе амалиёти МИТ ширкат карда, аз манобеи созмон баҳраманд шуда ва барои анҷоми вазоифи худ омӯзиш дидааст. Афсари иттилоотии дигаре ба исми Кошиф Кӯзинулу низ дар сатҳи амалиётӣ бо Чокиҷи кор мекард.
Чокиҷи ҳомии аслии худро дар соли 2002 замоне, ки ин ҳизби рости ифротӣ интихоботро ба Ҳизби адолат ва тавсеа (AKP)-и Эрдуғон бохт, аз даст дод ва Эрдуғон баъдан аз полис ва қувваи қазоия барои саркӯби гурӯҳҳои мафиёӣ истифода кард.
Аммо сароғоз ҳамкории муҷаддади Созмони иттилоот ва амнияти Туркия ба раҳбарии Ҳокон Фидон ва ҳамчунин Ҳизби адолат ва тавсеа бо “Гургҳои хокистарӣ” аз он ҷо буд, ки дар 20 феврали 2015, Фурот Ялмоз Чокируғлу, раҳбари Созмони “Гургҳои хокистарӣ” дар донишгоҳи Ижа тавассути донишҷӯёни натсионалисти курд бо чоқу кушта шуд. Пас аз ин буд, ки МИТ ва аъзои Ҳизби адолат ва тавсеа ба ҳамкорӣ бо “Гургҳои хокистарӣ” барои муқобила бо аҳзоби курдӣ пардохтанд.
Ҳол, ки ахбори гуногун аз мариз будани Эрдуғон дар расонаҳо баён мешавад, ҷиддитарин алтернативаи ӯ Ҳокон Фидон аст, ки бо таҷрибаҳои низомӣ, иттилоотӣ, амниятӣ ва сиёсати хориҷӣ метавонад раҳбарии Туркияро дар даст гирад ва аз бозуҳои гуногуни иртиботи худ дар ин росто баҳра бибарад.
Шояд барои тақриб ба зеҳни бад набошад, ки ба сериали туркии “Ман дар ин ҷаҳон намегунҷам” ишора кунем. Ин сериал, ки шахсияти аслӣ ва мусбати он шахсе ба номи Ҷобон Турк аст ва робитаву вафодории наздике ба давлат дорад. Дар ҳақиқат бознамоии синамоии равобити “Гургҳои хокистарӣ” бо давлати Туркия ва Созмони иттилооти ин кишвар аст.