Бахши сеюм ва поёнӣ: Чаро ТТП, болои низомиён ва таъсисоти Покистон ҳамла мекунад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Бахшҳои дигарро ин ҷо хонед:
1 - Покистон ва ТТП – ду рӯи як сикка
2 - Покистон ва ТиТиПи – ду рӯи як сикка-2
Дар ин бахш рӯи ин масъала тамаркуз хоҳем дошт, ки агар ТТП (Таҳрики Толибони Покистон, TTP) як маҳсули истихборотӣ дар хидмати манофеъи Покистон аст, пас чаро ба артиш ва таъсисоти низомии Покистон, ҳамла мекунад ва мизони ҳамалоти он шиддат ёфтааст?
Барои дарки бештар ва хубтари мавзӯъи ТТП ва бозии амниятие, ки Покистон бо ин гурӯҳ анҷом медиҳад, лозим аст то як саре аз қавоиди бозиҳои истихборотӣ дар қолаби назарияҳои амниятиро мадди назар гирем. Масалан, барои ҳар бозии амниятӣ, ҳазинае ниёз аст то дар бовари умумӣ таҳнишин шавад ва ба як воқеияти ғайри қобили инкор мубаддал гардад. Ба ин лиҳоз аст, ки ТТП ба дастури Покистон, аксаран афсарони паштуни покистониро ҳадаф қарор медиҳад ва тавре нишон дода мешавад, ки ин гурӯҳ ба таҳдиди дараҷаи як дар баробари амнияти миллии Покистон мубаддал шудааст. Дар ин сурат, АйЭсАй (Созмони истихбороти байниидоравии Покистон, ISI) дар бозиаш комёб мешавад ва бовари умумӣ нисбат ба ҳаққонияти худ роҷеъ ба иддаои дурӯғини мубориза бар зидди терроризмро ҷалб мекунад.
Бар илова, ТТП ба далеле ба артишу таъсисоти низомии Покистон ҳамла мекунад, ки нишон диҳад паштунҳо дар сафи ин гурӯҳ аксариятанд ва аз ТТП низ ҳимоят мекунанд. Ин ҷост, ки артишу истихбороти низомии он, аз мавқеият истифода бурда имкони ҳар хел шӯриши низомӣ ва худмухторталбонаи паштунҳо дар Покистонро, хунсо карда ва ба ҳадди поин тақлил медиҳанд. Зеро низоми Покистон ва артиши он, ҳамвора аз паштунҳо ва иддаои истиқлолталабиашон мабнӣ бар Паштунстони Бузург, ҳарос дошта ва онро на ба таври аланӣ, бал дар хафо, таҳдиди ҷиддӣ алайҳи ҳокимияту тамомияти арзии Покистон, мешиносанд.
Дар зимн, ТТП ба лиҳози ин ки метавонад мавзӯъ ва мазмуни саргармкунанда барои идомаи бозиҳои хунини амниятии Покистон дар минтақа маҳсуб шавад, мекӯшад то бо анҷоми ҳамалоти пайиҳам, зигзогӣ ва шоккунанда, ки дар натиҷа баровардҳои амниятии созмони истихбороти низомии Покистон, тарроҳӣ мешавад, таваҷҷуҳи Ҳиндро нисбат ба нияти сӯи Покистон дар минтақа, мунҳариф намояд. Ба назари покистониҳо ва низомиёни он, Ҳинд бояд мутаяққин шавад, ки Покистон даргири як низоъи дохилӣ ва масруфи як муборизаи нафасгир алайҳи ТТП аст ва ҳеҷ барномае иҷолатан дар мавриди Кашмиру анҷоми ҳамалот дар дохили хоки Ҳиндро надорад.
Дар ахир барои ин ки нишон дода шавад, ки Покистон дар маърази як таҳдиди фазояндаи амниятӣ қарор дорад ва барои баланд бурдани зарфият, издиёди манобеъ ва афзоиши будҷаи низомӣ ҷиҳати тақвияти тавони дифоъи артиши он, сармоягузории ҳангуфт ниёз аст; Ҳамалоти ТТП тавре созмондеҳӣ мешавад, ки нишон дода шавад воқеан ниёз ба ин кор аст ва вахомати авзоъи амниятии ин кишвар, эҷоби онро мекунад.
Натиҷагирӣ:
ТТП на як маҳсули ҳиндӣ ва на ҳам мавриди ҳимояти кадом кишвари хориҷӣ аст. Ин гурӯҳ ба таври мушаххас дар хидмати манофеъи амниятӣ ва роҳбурдии Покистон қарор дорад. Ҳамчунон аз ин ки ин гурӯҳ як тавлиди дохилӣ ва маҳсули зеҳнияти истихбороти Покистон аст, биноан, дар ростои таъмини манофеъи роҳбурдии ин кишвар дар қолаби бозтаърифи умқи стратегии ин кишвар, ҷойгоҳи вежае пайдо кардааст.
Бозии ТТП як мавзӯъи тасаннӯъӣ аст, ки Покистон тавониста ба воситаи он, аз манобеъи фаровони хориҷӣ баҳра бибарад. Ба ин далел, артиши Покистон бо мудирияти муассири он, дар талош аст то нишон диҳад, ки ин кишвар даргири як буҳрони амиқи амниятӣ аст ва ниёзманди тараҳҳуми ҷаҳон аст.
Ҳамчунон, Покистон дар талош аст то нишон диҳад, ки дар қиболи мавзӯъи мухолифат ва душманӣ бо Ҳинду Афғонистон, ҳақ ба ҷониб буда ва ТТПро минҳайси як созмони террористие, ки зоҳиран як гурӯҳи ниёбатии дар хидмати манофеъи Ҳинду Афғонистон, саркӯб мекунад. Ин кишвар тавре зоҳирсозӣ мекунад, ки дар ҳоле ки худ қурбонии терроризм аст, бо зиддият бо афкори террористӣ, ҷуз мубориза ва пайкори ҷаҳонӣ бар зидди ҳаюлои терроризм низ мебошад.