Хабари рӯз

Покистон ва ТиТиПи чӣ гуна бозиҳои истихборотиро анҷом медиҳанд?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Ин ҷусторро дар се бахш, думбол хоҳем кард. Бахши аввал ба баррасии иҷмолии моҳияту амалкарди ТиТиПи (Таҳрики Толибони Покистон, ТТП) минҳайси истихборотӣ ва ҳам ин ки воқеан ТиТиПи ҳамон туре ки Покистон иддао мекунад, аз ҷониби Ҳинд ҳимоят мешавад, мепардозад. Бахши дувум ба баррасии ин ки чаро ТиТиПи дар хидмати манофеъи Покистон аст ва бахши ниҳоӣ ба ин нукта ишора хоҳад дошт, ки агар ТиТиПи як маҳсули истихборотӣ дар хидмати манофеъи Покистон аст, пас чаро ба артишу таъсисоти низомии Покистон, ҳамла мекунад ва мизони ҳамалоти он шиддат ёфтааст?

 

БАХШИ АВВАЛ

Оё ТиТиПи гуруҳи ниёбатии Ҳинд аст?

Дар бархӯрди Покистон дар қиболи масъалаи ТиТиПи бояд, ниҳоят эҳтиёт ба харч дод. Ин масъала чун моҳияти амниятӣ ва истихборотӣ дорад, ҳамвора дар мизони шакку тардид қарор хоҳад дошт. Чӣ тавр ТиТиПи хатаре шавад барои манофеъи ҳаётӣ ва амниятии Покистон? Як бор аз худ бипурсем, ки корхонаи тавлиди тафаккуроти ифротгароёна, чӣ тавр мавриди таҳдиди маҳсулоти худаш, қарор гирифтааст?

Ҳеҷ имкон надорад, ки низомиёни покистонӣ, бо тавлиди ин маҳсул, ояндаашро пешбинӣ накарда бошанд. Ҳатман ва ба таври қатъӣ, барномаҳои амниятӣ ва истихборотӣ дар ҳоли иҷроӣ шудан ҳастанд, ки метавонанд далели муваҷҷаҳе ба истифода аз корти ТиТиПи барои Покистон бошад. Агар бигӯям, Толибон ва ТиТиПи, ҳарду дар як радиф ҳастанд ва Покистонро таҳдид мекунанд, боз ҳам дучори иштибоҳи хатарноке шудаем. Чун ягона ҳарбаи низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодие, ки Покистон аз баъди таъсисаш дар ихтиёр дошта, ҳамин гурӯҳҳои террористӣ бо қироатҳои тундравона ва хилофи иршодоти дини муқаддаси ислом будааст.

Ҳол бо маддиназардошти ҷаззобият дар истимрори бозии мушу пишаки АйЭсАй (Созмони истихбороти байниидоравии Покистон, ISI), ки ТиТиПиро сархати барномаҳои амниятӣ ва мухарриби минтақаии худ сохта, бояд таваҷҷуҳ кунем, ки графи ҳамалоти созмондеҳишуда, ки талафоте низ дар пай дорад, бисёр бесобиқа аст. Барои дарки амиқтари ҳақиқати пушти моҷарои ҳамалоти физояндаи ТиТиПи дар Покистон ва ҳузури рӯзафзуни он дар Афғонистони таҳти контроли Толибон, бояд ба ҷанбаҳои мухталифи мавзӯъ нигоҳе дақиқтар биандозем.

Ибтидо, бояд мушаххас кунем, ки оё ТиТиПи як унсури ҷудо аз сиёсатҳои амниятӣ ва истихборотии Покистон аст ва таҳти таъсири Ҳинд ба ҳамалоташ идома медиҳад ва ё ин ки ҳақиқати моҷаро ҳамон туре, ки ҳадс зада мешавад, ба гунаест АйЭсАй барои аҳдофи роҳбурдиаш, ибтидо ТиТиПиро эҷод кард ва ба тақвияти он пардохт ва ҳоло аз зарфияти мухарриби он, истифода мекунад. Дар натиҷа, бори тамоми масъулиятро ба гардани дигарон меандозад ва аз он истифодаи аъзаме менамояд. Масалан, ҳамвора Покистон, Ҳинд рақиби деринаашро муттаҳам ба ҳимоят аз ТиТиПи кардааст. Робитаи Ҳинд бо Таҳрики Толибони Покистон (TTP) ҳамвора мавзӯи ҳассосу баҳсбарангез будааст. Гарчи ҳеҷ мадраки расмӣ ва ғайри қобили инкоре дар бораи ҳимояти мустақими Ҳинд аз TTP вуҷуд надорад, Покистон ба таври мукаррар Ҳиндро ба ҳимоят аз ин гурӯҳ муттаҳам кардааст. Ин иддаоҳо бештар дар чорчӯби рақобати стратегӣ байни ду кишвар ва талош барои тазъифи якдигар матраҳ мешавад.

Иддаоҳои Покистон дар бораи робитаи Ҳинд бо ТиТиПи ҳамвора баҳсбарангез будааст. Ба таври мисол, Покистон борҳо иддао кардааст, ки Ҳинд аз тариқи шабакаҳои махфӣ дар Афғонистон ба TTP кӯмаки молӣ ва таслиҳотӣ мекунад. Ин иттиҳомот бештар бар ин асос аст, ки Ҳинд талош дорад аз гурӯҳҳои шӯришие, монанди TTP барои эҷоди бесуботӣ дар манотиқи марзӣ ва дохилии Покистон истифода кунад. Аз ин фаротар, ҳатто Покистон иддаоҳои амниятии дигареро низ дар хусуси иртиботи Ҳинд бо ТиТиПи матраҳ кардааст.

Ба ҳамин ҳисоб буда, ки пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, Покистон муддаӣ шуда, ки Ҳинд пештар аз ҳузури худ дар Афғонистон барои эҷоди иртибот ва ҳимоят аз гурӯҳҳое, монанди TTP истифода мекардааст. Ҳатто бархе мақомоти покистонӣ TTPро абзори Ҳинд дар ҷанги ниёбатӣ алайҳи Покистон медонанд. Онҳо мӯътақиданд, ки Ҳинд ба думболи интиқомҷӯӣ аз ҳимояти Покистон аз гурӯҳҳои шабҳинизомӣ дар Кашмир аст ва аз TTP барои ин ҳадаф баҳра мебарад. Ба ҳар сурат, иддаоҳои Покистон дар бораи робитаи Ҳинд ва TTP бештар бар пояи фарзиёт ва бардоштҳои сиёсӣ аст то шавоҳиди малмус.

Пас бар мегардем ба асли моҷаро, ки ҳамоно ношӣ аз ҳимоят ва эҷоди ТиТиПи тавассути Покистон аст ва ин кишвар барои аҳдофи худаш аз вуҷуди ТиТиПи баҳра мебарад. Нукоти барҷастаи аҳдофи Покистон аз эҷоди ТиТиПи ва расидани умқи стратегии ин кишвар, дар бахши дувум мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

(Идома дорад)


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!