Хабари рӯз

ТиТиПи чӣ гуна дар хидмати манофеъи Покистон қарор гирифтааст?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Дар ин бахш ба ин масъала мепардозем, ки чӣ гуна ТиТиПи давомдиҳандаи манофеъи Покистон аст ва чӣ гуна Покистон аз вуҷуди он дар пайи ҳусули манофеъи роҳбурдиаш аст? Ҳол он ки нигоҳи аксарият соҳибназарон, таҳлилгарон, ки дар гарави ҷанги равонии роҳандозишуда тавассути Покистон ва шабакаҳои муртабит ба он аст, ин тавр аст, ки ТиТиПи ба иллати ҳимояти густурдаи амалиётӣ, таслиҳотӣ, молӣ ва сиёсии Ҳинд ба ин дараҷае аз қудрати тахриб ва тавони амалиётӣ расидааст. Аммо ба асоси далоиле, ки дар зайл нукташуморӣ мешаванд, бовари нигоранда ин аст, ки ТиТиПи як маҳсули покистонӣ аст ва барои ҳусули аҳдофи роҳбурдии зайл, тарроҳӣ, амалиётӣ ва ба як ҳаюлои як ҷанги равонӣ мубаддал сохта шудааст:

- Дар нигоҳи нахуст, ТиТиПи аз ҷониби Покистон барои истифодаи дохилӣ, ҷиҳати амниятӣ сохтани мавзӯъот ва пӯшиши нокомиҳои давлати Покистон аз гузор аз як давлати низомӣ ва як иқтисоди ҷангие, ки тавлиди он танҳо мавзӯъоти амниятӣ, монанди гурӯҳҳои террористӣ аст ба як давлати воқеан коромад, демократӣ, посухгӯ ва ҳалкунандаи мушкилоти мардуми Покистон, эҷод шудааст. Дар мутолиоти амният, давлатҳо барои инҳирофи таваҷҷуҳи ом мардум мабнӣ бар ин ки мабоҳиси калидие, ки рабти мустақим ба сиёсатҳои нокоми давлатҳо мегиранд, аз рӯйкарди амниятӣ сохтан, истифода мекунанд. Ин рӯйкард, ки ба асоси сиёсатҳои як низоми ҳоким, мавзӯъоти ом ва беарзишро вориди ҳавзаи хусусӣ месозад ва ба он рангу бӯи миллӣ медиҳад, истифода мешавад. Ба иборате, шаклу шамоил додан ба мавзӯъоти ҳошияӣ ва мубаддал сохтани он ба мавзӯъоти калидие, ки боиси таҳрики эҳсосоти миллигароёнаи мардум мешавад, ҳадафи аслии амниятӣ сохтан аст. Давлати Покистон дар тӯли таърихи он, ҳамвора барои тавҷеҳи амалкардҳои зиддиҳиндӣ ва афғонистониаш, рақами дуруште аз даромади ин кишварро, ки ношӣ аз кӯмакҳои хориҷӣ аст, ба мавзӯъоти низомӣ ва дифоъӣ, ихтисос додааст. Дар ҳоле ки иқтисоди варшикаста, масрафӣ ва мӯҳтоҷи вомҳои Банки ҷаҳонӣ, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, Амрикову Инглис, ба шиддат табаоти манфии онро эҳсос кардааст. Биноан, эҷоди ТиТиПи ба ҳадафи амниятӣ сохтани мавзӯъ, барои лопушонии нокомиҳо ва амалкардҳои зиддибашарии АйЭсАй аст;

 - Дар қадами дувум, Покистон бо эҷоди ТиТиПи мехоҳад мазлумнамоӣ кунад ва нишон диҳад, ки давлати ин кишвар қурбонии терроризм аст ва ниёзманди кӯмакҳои иқтисодӣ, низомӣ ва ҳимоятҳои сиёсӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, минтақа ва кишварҳои ҳамсояаш, аст. Биноан, баҳси ТиТиПи ва амалкардҳои он ки ношӣ аз дастуруламалҳои истихбороти ин кишвар аст, бояд мунҷар ба сарозер шудани кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ шавад. Ин сериал барои солиёни мутамодӣ, идома доштааст;

 - Аз ин ки Покистон ҳамвора даргир ва машмули бозиҳои амниятӣ ва истихборотии роҳандозишуда тавассути қудратҳои бузург аст ва ҳамеша барои кӯмак ба ин барномаҳо, пешқадам дар ҷазби нерӯҳои ҷиҳодӣ аст, биноан, баъзе авқот пеш меояд, ки бозигирони қудратманд, монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия ва Чин дар наҳваву қоидаи бозӣ, тағйироте ворид мекунанд, ки дигар ниёзе ба вуҷуди АйЭсАй нест. Биноан, ҳифзи ТиТиПи ва баланд бурдани зарфияти тахрибии он минҳайси як нерӯи резерф барои ҳифзи ҷойгоҳи ояндаи Покистон дар бозии қудратҳои бузург дар минтақа мебошад. Ба ин асос, АйЭсАй, ТиТиПиро минҳайси гови ширӣ дар ихтиёр дорад ва аз вуҷуди он, суд мебарад. Ҳол агар савол шавад, ки бо вуҷуди Толибони афғон, чӣ ниёзе аст то Покистон ва созмони истихбороти низомии он, ТиТиПиро эҷод кунад? Бояд тазаккур ёбад, ки Толибони афғон, ҳоло дорои чанд соҳиб ҳастанд ва мутлақ ва он туре ки тасаввур мешуд, дар контроли Покистон нестанд. Ҳамон тавре ки ҳаводиси гузашта нишон дод, ки ин гурӯҳ метавонад барои Покистон, мухотиротеро дар пай дошта бошад, биноан, ТиТиПи бо он шамоили ваҳшатнокаш, дастмояи хуб ва таҳти фармоне барои Покистон аст то барои ҳусули умқи стратегии он, короӣ дошта бошад;

- Ҳадафи дигар аз эҷоди ТиТиПи тавассути Покистон, доштани нерӯи мухаррибе дар миёни паштунҳои Покистон аст, ки ба василаи он аз як тараф сохтори қавмии онҳоро дар ҳам шиканад ва эҷод тафриқа кунад ва аз сӯи дигар, дар мавоқеъи мухталиф барои саркӯби онҳо, тавҷеҳе дошта бошад. Ба ин асос, терроризми таъбияшуда дар миёни қабоили паштунҳои он тарафи хатти Дюранд, бо аҳдофи роҳбурдии артиши Покистон ҳамроҳ аст ва ин ҳарба то ҳол натиҷаи хубе ҳам дошта ва дастмояи хубе дар арсаи рақобатҳои амниятии ин кишвар дар минтақа, ҳисоб мешавад;

- Дар зимн, бо бузург шудани мавзӯъи ТиТиПи, Покистон дар назар дорад то аз қудратҳои бузург дар минтақа ва фаромитақа, имтиёзгирӣ кунад. Ин ҳалқаи имтиёзгирӣ таврест, ки бо боло рафтани қудрати тахрибии ТиТиПи ва мубаддал шудани он ба як чолиши бузурги амниятӣ дар минтақа шурӯъ шуда ва бо миёнҷигарӣ ва имтиёзгирии артиши Покистон дар арсаи ҳалли он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, хатм мешавад;

- Бар илова, тасвирсозии матлуб аз давлату артиши Покистон минҳайси як кишвари сулҳдӯст ва ҳамкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мумидди ҳифзи сулҳу субот дар минтақа, ки худ қурбониии ин терроризм аст, яке дигар аз аҳдофи ин бозии хатарноки амниятӣ тавассути Покистон аст. Бо ин ҳол, давлату артиши Покистон, нишон медиҳад, ки худ қурбонии терроризм аст ва Ҳинд рақиби дерина ва таърихии он, масъули ин нобасомонӣ аст ва дар айни ҳол барои ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот, ҳамкори содиқи ҷаҳон аст;

- Дар охир, ҳадаф аз эҷоду тақвияти ТиТиПи тавассути артиши Покистон, идомаи ин бозии хунин тавассути он ва нишон додани ин мавзӯъ, ки вахомати вазъияти амниятии Покистон ба иллати дастҳои пинҳони қудратҳои минтақа ҳаммонанди Ҳинд, дар ақиби ТиТиПи аст ва ин ки мумкин аст ин бозии хунин табаоти манфие барои амнияти тамоми минтақа дошта бошад ва онро таҳти шуоъи амниятӣ қарор дода ва мутаассир бисозад. Ин ҷост, ки Покистон ва артиши он бо яке аз калидитарин аҳдоф, дар пайи баҳрабардории геопулитикӣ, тасхири ҷуғрофияи Афғонистон ва анҷоми ҳамалот ба он аст. Ба ин манзур, ТиТиПи баҳонаи хуби амниятӣ ҷиҳати иқдомоти фаротари Покистон, маҳсуб мешавад.

Дар бахши баъдӣ рӯи ин масъала тамаркуз хоҳем дошт, ки агар ТиТиПи як маҳсули истихборотӣ дар хидмати манофеъи Покистон аст, пас чаро ба артишу таъсисоти низомии Покистон, ҳамла мекунад ва мизони ҳамалоти он шиддат ёфтааст?

(Давом дорад)


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!