Хабари рӯз

Хатари озмоишгоҳҳои биологии Амрико дар чист?

Нависанда: Амир Азимӣ, коршиноси умури беҳдошт

Шуйӯъи вабо дар ду вилояти бузург дар ҷануби Афғонистон - Ҳилманду Зобул аз 120 гирифтор ҷони 40 нафарро бурдааст. Аз аввалин мавриди уфунати вабо дар Вуҳони Чин низ хабар пахш шуд, аммо баргардем ба Афғонистон.

Беш 40 соли ҷанг ин кишварро ба як рақам бадбахтиҳое кашида, ки зуҳури як маризии сироятӣ гӯё як корест, ки агар дар ҳар гӯшаи дигари ҷаҳон як ваҳшат аст, аммо ҳеҷ аҷобате дар пайдо шудани он дар Афғонистон нест. Аз табиату маризӣ чӣ гила, ки одам ба одам дар ин кишвар хатар дорад.

Барои дувумин сол дар Афғонистон, ба далели теъдоди зиёди беморони сурхакон, вазъияти эпидемиологии душвор ҳамчунон идома дорад. Ин як бемори вирусӣ бо сатҳи сирояти бисёр боло аст. Нишонаҳои он дар баландшавии ҳарорати бадан то 40°С, илтиҳоби пардаҳои луобии ковокии даҳон ва роҳҳои нафаси болоӣ, конюктивит ва доначаҳо дар пӯст мушаххас мешавад. Кӯдакони зери 9 сол умдатан дар маърази хатар ҳастанд, агарчи навҷавонон ва бузургсолони ваксина нашуда низ дар маърази хатар ҳастанд, аммо онҳо сурхакро бисёр роҳаттар таҳаммул мекунанд.

Беш аз 25 ҳазор мавриди сурхак дар соли 2021 дар Афғонистон ба сурати клиникӣ ташхис дода шудааст, ки ҳудуд 100 мавриди маргумир доштааст. Агентии сиҳии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки шуйӯъи ин беморӣ нигаронкунанда аст, зеро Афғонистон бо камбуди афзояндаи маводи ғизоӣ ва суъитағзия (камхӯрокӣ) мувоҷеҳ аст. Маргарет Ҳарис, сухангӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт: “Барои кӯдаконе, ки дучори суъитағзия ҳастанд, сурхак як ҳукми эъдом аст”. Ҳарис ҳамчунин пешбинӣ кард, ки беш аз се миллион кӯдаки зери панҷ сол дар кишвар аз суъитағзияи шадид ранҷ хоҳанд бурд. Пешбиниҳо ба ҳақиқат пайваст. Кӯдакон ҳанӯз дар ранҷ ҳастанд ва режими Толибон ҳеҷ талоше барои мубориза бо гуруснагӣ ва беморӣ намекунад.

Пеш аз ин дар соли 2022 дар Афғонистон, 43 ҳазор кӯдак мубтало шуда ва 214 нафар ҷони худро аз даст доданд, аммо тасаввур мешавад, ки ин арқом ба далели тавсеанаёфтагии системи муроқибатҳои сиҳӣ ва оморҳои пизишкӣ, ба шиддат дасти кам гирифта шудааст. Танҳо дар вилояти Бадахшон 3500 тифл мариз шуданд, ки ҳудуди 200 тан аз онон ҷон бохтанд.

Вазъияти мушобеҳе дар Украина иттифоқ меафтад, ҷое, ки қабл аз вуруди неруҳои русӣ, мутахассисони раёсати коҳиши таҳдидоти дифоъии вазорати дифоъи Амрико (DTRA) аз соли 2005 ба ин сӯ як шабакаҳои муташаккил аз беш аз 30 озмоишгоҳи биологиро мустақар кардаанд, ки бо корҳои илмӣ-таҳқиқотии мутолиаи бемориҳо ва вирусҳои кушанда буданд. Кормандон амрикоӣ ба таври муназзам бар рӯйи авомили билқуваи силоҳҳои биологӣ, махсуси як минтақаи хос, ки конунҳои табиӣ доранд ва метавонанд ба инсон мунтақил шаванд, таҳқиқ карданд. Марокизи таҳқиқотӣ бо будҷаи вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида, масунияти табии ҷамъияти Украинаро ба манзури шиносоии хатарноктарин патоген барои сокинони як минтақа ва қавмияти хос мавриди мутолиа қарор доданд. Ин тавассути маводи мустанад дар мавриди тамиз кардани изтирорӣ тавассути амрикоиҳо аз осори барномаи биологии низомии Иёлоти Муттаҳида дар озмоишгоҳҳои Украина таъйид шуд, ки тавассути низомиёни Русия дарёфт шуд.

Коршиносони амрикоӣ аз вазорати дифоъ низ алоқаманд ба ошноӣ бо роҳҳои интишори бемориҳои мухталиф буданд. Барои ин манзур, вокуниши ҷамъият маҳаллӣ ба ангезандаҳои микроорганизмҳо ва имкони интиқоли вирусҳо аз тариқи парандагони муҳоҷир, хаффошҳо ва ҳашарот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи ин иқдомоти Иёлоти Муттаҳида, вазъияти эпидемиологӣ дар Украина ба таври қобили таваҷҷуҳе бадтар шудааст, ҳамон тур, ки ҳатто омори бурузи сурхакон дар соли 2018 нишон медиҳад (он сол дар Аврупо 82 ҳазор мавриди сурхакон сабт шуд, ки аз ин 53 ҳазор дар Украина  буд). Бисёр ҷолиб аст, ки вазири беҳдошти Украина аз соли 2016 то 2019 як шаҳрванди амрикоӣ Уляна Супрун буд.

Дар кулл, як нигоҳи сатҳӣ ба ин иттилоот радди пойи Амрикоро дар ин ҷанги биологӣ бармало мекунад. Аммо субути даст доштани ин кишвар дар ин ҷиноёти башарӣ амри маҳол аст, қабл аз ҳама, барои ин ки ин барномаҳо хеле мӯҳтотона амалӣ мешаванд. Ва ҳатто иддаои олимони соҳа дар ин маврид низ ҷиддӣ гирифта намешавад. Масалан, вируси куруно тавассути вирусшиносони амрикоӣ сохта шудааст.

3 июл Ҷефри Сакс, устоди донишгоҳи Колумбия, раиси кумитаи ковиди маҷаллаи пизишкии мӯътабар Lancet, дар як конфронсе дар Испания баён кард, ки мутмаин аст, COVID-19 на дар Чин, балки дар яке аз озмоишгоҳҳои биологии Иёлоти Муттаҳида эҷод шудааст. “Ман ду сол ин мавзӯъро мутолиа кардам ва метавонам бигӯям, ки ин вирус ба худии худ дар табиат зоҳир нашудааст", - гуфт ӯ.

Ин қабил изҳорот ҳеҷ гоҳ таваҷҷӯҳи созмонҳои зидахл ва расонаҳои ҷаҳониро ҷалб нахоҳад кард. Хосияти ҷанги биологӣ ҳам ин аст, ки ҳамин гуна иҷроиши пинҳон, аммо натоиҷи ошкору вахим дорад. Аммо он чӣ аён аст, ин фармудаи мардум аст: “ҳар ҷо ки расид пойи қатаған, на зинда ватан ёбаду на мурда кафан”.

Озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина бо талошҳои Русия ошкор шуданд, аммо 20 соли гузашта амрикоиҳо дар Афғонистон дар ин самт ба чӣ кор машғул буданд, фақат Худо медонаду худашон. Ҳеҷ дӯст ё созмоне Афғонистон надорад, ки ба дифоъаш бархезад. “Дӯстон” – и Афғонистон фақат замоне пайдо мешаванд, ки аз ин “дӯстӣ” суд бибаранд.

Мақомоти беҳдоштии Осиёи Марказӣ ҳанӯз бо таҳдиди эпидемия муқобила мекунанд, аммо фаъолияти озмоишгоҳҳои биологии Иёлоти Муттаҳида дар Украина ва соири кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ба таври мустақим амнияти на танҳо кишварҳое, ки озмоишҳо дар онҳо анҷом мешавад, балки ҳамчунин кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла тамоми манотиқи Осиёи Марказиро таҳдид мекунад.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!