Лоиҳаҳои туркӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ то кадом андоза ҷолибанд?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба кишварҳои туркӣ тааллуқ надорад, аммо ин ҳеҷ гоҳ барои равобити кишвар бо кишварҳои минтақа ва берун аз он аҳамияте надошт. Имрӯз таҳти нуфузи Туркия Созмони кишварҳои туркзабон ба фаъолият шурӯъ кардааст. Дар мавриди он, ки ин ба мавқеи Тоҷикистон дар харитаи минтақа чӣ гуна таъсир мерасонад, бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва туркшинос Фаридун Усмонов суҳбат кардем.
“Ҳадафи Созмони давлатҳои туркӣ - ҳамкории байни давлатҳое мебошад, ки дар он ҷо шумораи зиёди намояндагони халқҳои туркзабон зиндагӣ мекунанд, вале ҳамзамон маълум аст, ки ин созмон барои Туркия як абзорест баҳри эҷоди пул бо кишварҳои Осиёи Марказӣ” – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ - Фаридун Усмонов.
“Созмони давлатҳои туркӣ зиёда аз 15 сол инҷониб фаъолият мекунад, ки ин барои созмон муҳлати хеле зиёд аст ва тавре мебинем, он хеле фаъолона амал мекунад. Фаъолияти асосии Созмон ба пешбурди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ-гуманитарии байни кишварҳои иштирокчӣ нигаронида шудааст. Созмони кишварҳои туркӣ соли 2009 таъсис ёфта буд. Он вақт роҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия эъломияро, ки нуқтаи оғози фаъолияти ин созмон гардид, имзо карданд. Имрӯз ба ин Созмон аллакай 5 узви комилҳуқуқ шомиланд: Ӯзбекистон соли 2019 ба он ҳамроҳ шуд, илова бар ин, соли 2018 Маҷористон ва соли 2021 Туркманистон мақоми нозирро гирифтанд.
Ҳадафи асосии Созмон - ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни давлатҳое, ки дар он ҷо теъдоди зиёди намояндагони халқҳои турк зиндагӣ мекунанд, аммо дар баробари ин, маълум аст, ки ин созмон барои Туркия як абзорест барои сохтани пулҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ”, - мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Тавре мушоҳида кардем, дар аввал Қазоқистон хеле фаъолона дар корҳои Созмон иштирок мекард, аммо баъди дар соли 2019 ба он ворид шудани Ӯзбекистон, нуфузи он ба таври назаррас боло рафт. Инро дар мисоли робитаҳои дуҷониба низ метавон дид: тиҷорати байни Туркия ва Ӯзбекистон сол то сол меафзояд, аз Туркия ба Ӯзбекистон сармоягузориҳои зиёде ворид мешаванд, соҳибкорони турк дар Ӯзбекистон корхонаҳои зиёде мекушоянд. Қазоқистон, баръакс, ҳарчанд фаъолияташро дар Созмон идома медиҳад ва баъзе ташаббусҳоро пешниҳод мекунад, вале таваҷҷуҳи худро ба созмон аллакай кам кардааст. Ин, пеш аз ҳама, ба вуҷуд доштани рақобат байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои нақши пешсаф доштан дар минтақа вобастагӣ дорад ва тавре мебинем, Туркия ҳамчун кишвари дар ин созмон бартаридошта, таваҷҷуҳи худро аз Қазоқистон ба сӯи Ӯзбекистон равона мекунад. Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури Туркия мисоли ин шуда метавонад: дар ин маросим дар паҳлӯи Эрдуғон ба ҳайси меҳмонони фахрӣ раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳузур доштанд. Ба президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар қатори дигар ҷой пешниҳод карда шуд”.
Ба бовари коршинос, чунин муносибати Туркия ба равобити кишварҳои минтақа таъсири бад мерасонад. Қобили зикр аст, ки пешбурди чунин ҳамгироӣ ба равобити кишварҳои минтақа бо Тоҷикистон низ таъсири манфӣ мегузорад: тағйирёбии авлавиятҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба сӯи Туркия хатари бад шудани равобити иқтисодии Тоҷикистон бо ин кишварҳоро ба вуҷуд меорад, аз ҷумла коҳиш ёфтани фаъолияти тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ.
Маълумот оид ба гардиши мол дар се семоҳаи соли 2024:
Тоҷикистон-Қирғизистон – 9 миллион доллар
Тоҷикистон – Ӯзбекистон – 564 миллион доллар
Тоҷикистону Русия – 1,6 миллиард доллар
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Тоҷикистон давлати туркзабон нест ва кишвари мо дар ин тарҳ, ки дар он Туркия бартарӣ дорад, ширкат нахоҳад варзид. Соли гузашта Туркия ба таври якҷониба барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард – ин як иқдоми ғайридӯстона аст ва маълум аст, ки яке аз сабабҳо - муносибати манфии Тоҷикистон ба иштироки фаъоли Туркия ва Созмони давлатҳои туркӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мероси умумии фарҳангӣ ва таърихӣ дорад, вале тавре мебинем, зери таъсири Туркия дар доираи Созмони давлатҳои туркӣ кӯшишҳои тағйир додани далелҳои таърихӣ, нисбат додани баъзе меросҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ танҳо ба як миллат сурат мегиранд.
Туркия пайваста саъй дорад, то забонҳои дигар халқҳоро аз байн барад: соли гузашта дар бораи таҳия кардани алифбои ягона барои кишварҳои туркзабон тасмим гирифта шуд, аммо дар Туркия имрӯз забонҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун забони алоҳида ҳисоб намекунанд, онҳоро ҳамчун лаҳҷаҳо ё шеваҳои забони туркӣ ном мебаранд. Ва ин далели он аст, ки Туркия ба давлатдории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ эҳтиром намегузорад, балки онҳоро ҳамчун як қисми ҷаҳони туркӣ медонад, ки ин, албатта, хилофи манфиатҳои минтақа аст. Ва бо назардошти он, ки нақши давлатҳои алоҳида дар дохили созмон гоҳ боло меравад, гоҳ поён, метавон гуфт, ки то замоне, ки Туркия ба рушд додани Созмони давлатҳои туркӣ манфиатдор аст, он пеш меравад, дар акси ҳол фаъолияти он мутаваққиф хоҳад шуд.
Барои Тоҷикистон рушд додани робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон бо Туркия низ бисёр муҳим аст. Бинобар ин, формати Созмони давлатҳои туркӣ ба манфиатҳои кишвари мо чандон мувофиқат намекунад. Тоҷикистон дар доираи мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои минтақа ҳамкории хуб дорад, давлати мо пайваста дар формати Осиёи Марказӣ + 1, яъне якҷоя бо Русия ҳамкорӣ мекунад. Зимнан, Туркия дар ин формат иштирок намекунад, зеро мехоҳад ҳамкориҳои худро бо кишварҳои минтақа дар доираи Созмони давлатҳои туркӣ, ки Тоҷикистон узви он нест ва берун аз ин раванд боқӣ мемонад, пеш барад”.
Тоҷикистон метавонад дар Созмони давлатҳои туркӣ мақоми нозирро гирад, зеро ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва нақлиётӣ манфиатдор аст. Соли гузашта Туркманистон кишвари моро ба нишасти ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват карда буд.
Тоҷикистон дар Созмони давлатҳои туркӣ метавонад мақоми нозирро ба даст гирад, зеро ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва нақлиётӣ манфиатдор аст. Соли гузашта Туркманистон кишвари моро барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват карда буд.
Вале қайд кардан зарур аст, ки Туркия Тоҷикистонро нодида намегирад ва ғояи муттаҳидкунии кишварҳои туркиро тарғиб менамояд: яъне кишвари моро аз нуқтаи назари наздикии мазҳабӣ ҳамчун як ҷузъи «Тӯрони бузург» баррасӣ мекунад. Аммо ихтилофҳо дар ақидаҳои сиёсии Туркия ва Тоҷикистон имкон намедиҳанд, ки дар бораи самаранокии чунин иттиҳод ҳарф занем: масалан, дар масъалаи баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мавқеъгирии Туркия бо кишвари мо комилан мувофиқат намекунад. Маҳз ҳамин сабаби худдории Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз нишасти матбуотии муштарак бо раиси Вазорати корҳои хориҷии Туркия ҳангоми сафари кориаш ба Душанбе дар соли 2024 гардид.
Коршинос Фаридун Усмонов қайд мекунад, ки Туркия имрӯз як бозингари хеле ҷиддии сиёсии минтақа буда, аз Осиёи Марказӣ дида ба Ховари Миёна таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад, зеро дар минтақаи мо бояд бо Русия «рақобат» кунад. «Туркия дар мавриди бо Русия иртиботи наздик доштанаш ва вобаста ба бисёр масъалаҳои минтақавӣ машварат карданаш чизе намегӯяд, аммо дар асл чунин ҳолат вуҷуд дорад. Ва дар робита ба низоъ байни Исроил ва Фаластин раиси ҷумҳурии Туркия борҳо гуфта буд, ки Туркия аз рӯи кумакҳои башардӯстона ба Фаластин дуввумин кишвар аст, аммо ҳеч гоҳ аз кишвари якум ном набурдааст, зеро ин кишвар Русия аст. Ё дар мисоли моҷарои ахири Қарабоғ - Туркия дар бораи нақши худ дар омӯзиш ва кумак ба нерӯҳои Озарбойҷон хеле фаъолона сухан мекард (садо баланд мекард), аммо ҳамзамон дар бораи нақши Федератсияи Русия дар ин масъала хомӯш мемонд. Инчунин, дар мавриди он низ, ки кадом нерӯҳо тавонистанд Эронро аз мудохила ба низоъ дар марзаш боздоранд, сукут карданд. Ин ба минтақаи Осиёи Марказӣ низ дахл дорад – Туркия хуб медонад, ки Русия дар ҳама бахшҳои ҳаёти кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона иштирок мекунад, аммо то қадри имкон кӯшиш мекунад, ки сиёсати худро дар минтақа пеш барад”.
Сармоягузории ҷамъшудаи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Барои Туркия ин нишондиҳанда 200 миллион долларро ташкил медиҳад.
Сармоягузории ҷамъшудаи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Барои Туркия ин нишондиҳанда 200 миллион долларро ташкил медиҳад.
Агар дар бораи ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Созмони кишварҳои туркӣ сухан ронем, пас бояд гуфт, ки дар давоми 15 соли охир тамоми гуфтаҳо дар ин мавзӯъ танҳо ҳамчун нияти нек боқӣ монданд. Умед бастан ба он, ки Туркия рушди иқтисодии кишварҳоямонро дастгирӣ мекунад, ҷоиз нест, баръакс, маълум аст, ки ин кишвар мехоҳад бо ёрии сарватҳои табиии Осиёи Миёна бӯҳрони иқтисоди худро рафъ кунад.
«Дар масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ тавре мебинем, Туркия аз тиҷорати кишварҳои Осиёи Марказӣ на онқадар хуш аст: барои кушодани ширкат дар Туркия маҳдудиятҳои ҷиддӣ ҷой доранд, барои ҳар як хориҷие, ки дар Туркия тиҷорат мекушояд, уҳдадории киро кардани шумораи муайяни кормандони маҳаллӣ ва инчунин, қоидаҳои хеле сахти будубош вуҷуд доранд. Ин ба принсипи кушодагӣ, ки Туркия дар ин бора эълом кардааст, мувофиқат намекунад.
Умуман, агар дар бораи нақши Созмони давлатҳои туркӣ дар Осиёи Марказӣ гап занем, пас танҳо дар бораи баргузории баъзе чорабиниҳои фарҳангӣ метавонем ҳарф зад, вале дар бораи нақши бузурги ин созмон дар ҳаёти минтақаи мо ҳоҷати сухан гуфтан нест”.