Бисёре аз кишварҳо ҳанӯз ҳам Толибонро ба расмият намешиносанд, аммо алоқаманди як Афғонистони босубот ва сулҳомез ҳастанд.
Манбаъ: Канали телеграми Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия
Ба таърихи 16 феврал, ҳайате аз Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия дар конфронси минтақаӣ перомуни масоили Афғонистон, ки дар Теҳрон бо ибтикори Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ баргузор шуд, ширкат кард. Иштироккунандагони ин нишаст арзёбиҳо ва назариётро дар мавриди равандҳое, ки дар Афғонистон сурат мегирад ва иқдомоти эҳтимолӣ барои бозгашти кишвар ба зиндагии мусолиматомез табодули назар намуданд.
Дар зер мо поённомаҳое аз суханрониҳои аъзои ҳайати русиро ба хонандагон тақдим мекунем.
БАХШИ 1
Раиси Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия, доктори улуми сиёсӣ НИКОЛАЙ ПЛОТНИКОВ дар гузориши худ хотирнишон кард:
🔴Афғонистон ба унвони чаҳорроҳӣ миён кишварҳои Осиёи Миёна ва Ғарбӣ аз як сӯ ва Осиёи Ҷанубӣ аз сӯи дигар аз аҳамияти таърихии зиёде бархурдор аст, ки имкони контроли як минтақаи азимро аз хоки худ фароҳам мекунад.
🔴Кишвар дар ҳидрополитики минтақаӣ ҷойгоҳи муҳиммеро ишғол мекунад. Рӯдхонаҳои бузурги фаромарзии зайл дар Афғонистон сарчашма мегиранд: дарёи Ому, Ҳилманд, Кобул, Ҳарируд, Мурғоб, Кунар.
🔴Камбуди ҳодди мутахассисони воҷиди шароит дар Афғонистон вуҷуд дорад. Лозим аст илми Афғонистон ва низоми таҳсилоти олӣ ва тахассусиро бозсозӣ кард. Созмондеҳии таҳқиқ дар тамоми бахшҳои улуми зироъатӣ: зироъат, кимиёи зироъатӣ, физики зироъатӣ, рушди наботот, улуми хок, интихоб, ҳашаротшиносии зироъатӣ.
🔴Барои эҳёи системаи муроқибатҳои сиҳӣ ва эҷоди муҷаддади низоми тадовии ҳайвоноти хонагӣ ба талошҳои қобили мулоҳиза ниёз аст.
🔴Ҳукумати кунунии Афғонистон ба тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳ дорад, муваффақ шуда то ҷамъоварии молиёт, мубориза бо фасоди идорӣ ва қочоқи колоҳоро эҷод кунад. Бо ин вуҷуд, Афғонистон башиддат ба кӯмакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ вобаста аст. Бар асоси гузориши Созмони Милал, дар соли 2025 тақрибан ниме аз ҷамъияти кишвар (23 миллион нафар) ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз хоҳанд дошт.
🔴Созмонҳои мухталифи ифротӣ ва террористӣ ҳамчунон таҳдиди ҷиддиро ба вуҷуд меоваранд. Мақомоти афғон мегӯянд, ки гурӯҳи вобаста ба ДОИШ дар ин кишвар саркӯб шудааст, аммо ҳамалоти террористӣ ҳамчунон идома дорад.
🔴Ҳанӯз ҳам таҳдиди мина вуҷуд дорад. Аз маҷмӯъи қурбониёни минаҳо ва муҳиммоти мунфаҷирношуда, 86 дарсади онро кӯдакон ташкил медиҳанд.
🔴Масоили амниятӣ, маҳдудият бар ҳуқуқи занону духтарон ва дастраси онон ба омӯзиш ва муроқибатҳои сиҳӣ нақши муҳимме дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ дорад.
🔴Бисёрие аз кишварҳо ҳанӯз ҳам Толибонро ба расмият намешиносанд, аммо алоқаманди Афғонистони босубот ва сулҳомез ҳастанд.
БАХШИ 2
Корманди хурди илмии Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия НУРСУЛТОН МОЛЛАЕВ дар гузориши худ ин нукотро баён кард:
🔴Толибон пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон ба мушорикати фаъол дар масоили тавзеъи об бо ҳамсоягони худ оғоз карданд. Раҳбарии ҷадиди кишвар бо татбиқи шуморе аз проектҳо дар бахши об, ки ҳадафи он ҳалли муъзали ғизоӣ аст, дар талош аст то вазъияти сиёсии дохилиро тасбит кунад.
🔴Барои анҷоми ин кор Толибон ниёз ба афзоиши теъдоди мазореъи обӣ, эҳдоси захирагоҳҳо ва системҳои обёрии ҷадид доранд. Ҳукумати Афғонистон таъкиди аслии худро бар сарзаминҳое дорад, ки дар шимолу ғарби кишвар, яъне дар вилоёти ҳаммарз бо Эрону кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеият доранд.
🔴Дар дарозмуддат, ин амр метавонад ба Афғонистон иҷоза диҳад то манобеъи обиро на танҳо барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои худ, балки барои таҳти фишор қарор додани ҳамсоягони худ, контрол кунад.
🔴Таззодҳои аслӣ бо Эрон бар сари тавзеъи манобеъи обии рӯдхонаи Ҳилманд аст. Дар айни замон, ихтилофҳо дар дарёҳои дигар низ шурӯъ ба арзи вуҷуд кардан доранд. Ҳукумати Афғонистон дар авохири соли 2024 мелодӣ аз такмили банди Пошдон дар яке аз шохаҳои Ҳарируд хабар дод. Дар натиҷаи камбуди оби ошомиданӣ, ҳудуди ду миллион нафар ва шаҳри бузурги Машҳад дар маърази хатар қарор доранд. Кори сохти банди ҷадиди Каҷ Самад дар рӯдхонаи Ҳашруди вилояти Фароҳ низ оғоз шудааст. Дар ҳоли ҳозир 60 дарсад кори сохти фазаи аввали банди Бахшобод дар рӯдхонаи Фароҳруд ба поён расидааст. Бо эъмори комили банди Бахшобод, Афғонистон қодир ба контроли 98 дарсади ҷараёни мутавассити солонаи рӯди Фароҳруд хоҳад буд.
🔴Равобит бо Покистон дар соли 2023 башиддат хароб шуд. Дар моҳи ноябр, раҳбарони Афғонистон гуфтанд, ки мумкин аст оби дарёи Кунарро ба таври комил қатъ кунанд ва ба ниёз ба бозсозии ин кишвар ишора карданд. Афғонистон ҳамчунон дар назар дорад, ки дастгоҳи барқи Гамбириро дар минтақа Кӯз Кунар бисозад. Агар Афғонистон барномаҳои худ барои сохти бандҳои ҷадидро пеш бибарад, мумкин аст ҷараёни об ба Покистон 17 дарсад коҳиш ёбад. Ин амр метавонад таъмини об дар аёлатҳои Синд ва Хайбар Пахтунхвои Покистонро ба таври ҷиддӣ мутаассир созад.
🔴Вазъияти мушобеҳе ба далели эъмори канали Қӯштеппа байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли пеш омадан аст. Дар соли 2018 бо ҳимояти Агентии инкишофи байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як мутолиаи имконсанҷӣ барои ин проект таҳия шуд. То моҳи январи соли равон, Ширкати инкишофи миллии Афғонистон гузориш додааст, ки даври дувуми кори эъмори ин канал 81 дарсад ва хокрезҳои канал низ 67 дарсад такмил шудааст. Дар вулусволии Андхуи вилояти Форёб, қарор аст то поёни моҳи марти соли равон кори марҳалаи дувуми заминии он такмил шавад.
🔴Ин хатар вуҷуд дорад, ки бозигарони хориҷӣ мумкин аст аз мунозиъот бар сари манобеъи оби фаромарзӣ истифода кунанд. Ин амр метавонад мунҷар ба бесуботии тӯлонимуддат дар минтақа шавад.
БАХШИ 3
Корманди хурди илмии Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия МИХАИЛ ИЛЕВИЧ дар гузориши худ хотирнишон кард:
🔴Вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Афғонистон пайваста душвор боқӣ мондааст. Суботи иқтисодӣ то ҳадди зиёде ба тавоноии мақомоти Афғонистон барои истифода аз манобеъи маҳдуд барои тавсеаи проектҳои муҳимми зербиноии нақлиётӣ бастагӣ хоҳад дошт.
🔴Аз соли 2021 то кунун, ҳукумат 3,575 проектро ба арзиши 1.9 миллиард доллар дар бахшҳои зербино, транспорт, энержӣ ва тандурустӣ роҳандозӣ кардааст. Бар асоси омори Банки ҷаҳонӣ, даромади маҷмӯъии ин кишвар дар соли гузашта ба беш аз 2.7 миллиард доллар расидааст, ки барои татбиқи тамоми проектҳои зербиноии барномарезишуда кофӣ нест.
🔴Сохтмони хутути оҳан ва шоҳроҳҳо барои тавсеаи иртибототи транспортии кишвар дар авлавият қарор дорад, ки ниёз ба манобеъи молии қобили таваҷҷуҳе дорад. Бидуни ҷалби сармоягузории хориҷӣ, тавсеаи зерсохтҳои транспортии Афғонистон мушкилсоз аст.
🔴Аксарияти гардиши тиҷорати кишвар тавассути масирҳои хатти оҳан таъмин мешавад. Тӯли маҷмӯъии онҳо ҳудуди 260 километр аст. Бештари маҳмулаҳо аз хатти Ҳайратон – Ноибобод - Мазори Шариф интиқол меёбад. Ин хатти оҳан қарор аст бахше аз проекти хатти оҳани фароафғонистон (TAT) шавад, ки Ӯзбекистон, соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Покистонро аз тариқи масири Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар ба ҳам васл хоҳад кард.
🔴Тадҳиқи муҳандисӣ барои сохти хатти оҳан аз Қандаҳор ило Спинбулдак такмил гардидааст. Ин масир бахше аз проектест, ки тавассути Комиссияи умури иқтисодии ҳукумати Афғонистон дар моҳи майи 2023 ироа шудааст. Бар асоси он, як хатти оҳан аз Мазори Шариф ба Ҳирот ба Қандаҳор сохта мешавад, ки мутаоқиби он ба Покистон дастрасӣ хоҳад дошт, ки ин масир Афғонистонро ба банодири Покистон ва Эрон ва ҳамчунин Ҳинд фароҳам мекунад.
🔴Яке аз умедворкунандатарин проектҳои зербиноӣ хатти оҳани Эрону Афғонистон "Хоф - Ҳирот" аст. Имрӯз, он дар ҳақиқат ягона проекти бузург аст, ки воқеан фаъолият мекунад.
🔴Барномаҳои Кобул ба манзури идғоми Афғонистон дар равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Евразия аст. Тавсеаи иртибототи транспортӣ сабаби таҳрики ҷазби сармоягузории хориҷӣ, афзоиши ҷои кор, тарвиҷи ҳамкориҳои фаромарзӣ, тасҳили авзоъи башардӯстона, афзоиши муассирияти тахсиси манобеъ, ҳимоят аз тавлидкунандагони маҳаллӣ ва ифтитоҳи бозорҳои ҷадид барои онҳо хоҳад шуд.
🔴Авомили мутааддиде вуҷуд дорад, ки монеъи татбиқ ин проектҳо мешаванд. Аввалан, ин кор ниёз ба манобеъи молии азим дорад, ки Афғонистон ҳанӯз онро надорад. Дувум, вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ногузир сабаби бесуботии сиёсии дохилӣ хоҳад шуд ва ҷаззобияти сармоягузории кишварро коҳиш хоҳад дод. Солисан масъалаи амниятӣ, бавежа таҳдиди терроризм ба монеъи қобили таваҷҷуҳе дар баробари роҳандозӣ ва баҳрабардории бештари проектҳо табдил хоҳад шуд.
🔴Эҷоди як маркази транспортӣ ва логистикии минтақавии муштарак дар Афғонистон ба далели набуди меъёрҳои ягона барои сохти хатти оҳани печида шудааст. Синҷи масири тамоми проектҳои калидии хатти оҳан мутафовитанд: "Хоф – Ҳирот" (1435 милиметр); Даҳлези трансафғон (1520 милиметр); “Мазори Шариф – Ҳирот – Қандаҳор – Спинбулдак» (1676 милиметр).
🔴Афғонистон бо касри техникӣ ва мудириятӣ мувоҷеҳ аст. Камбуди ҳодди кормандон сабаб мегардад то татбиқи ин проектҳо фақат бо истифода аз манобеъи худи мо номумкин гардад.
🔴Тавсеаи бештари иртибототи транспортии кишвар то ҳадди зиёде вобаста ба сармоягузорони хориҷӣ ва ҳамсоягони он хоҳад буд, ки барои онҳо амалкарди Афғонистон ба унвони як маркази транспортӣ ва логистикии минтақаӣ тамоми хатароти эҳтимолиро аз миён хоҳад бурд.