Аз субҳи имрӯз, 1 савр мусодиф ба 21 апрел, то ҳол ҳашт инфиҷор дар саросари Афғонистон рух додааст. Ин дафъа ҳам ҳадафи аслӣ ҳазораҳо буданд.
КОБУЛ, МАЗОРИ ШАРИФ, КУНДУЗ, 21 апрел – Сангар, Фарзом Козимӣ, Қорӣ Аҳмад, Ҷамшед Бадахшӣ.
Хабарнигорони Сангар аз се шаҳри Афғонистон хабар медиҳанд, ки ҳудуди даҳ инфиҷори хурду бузург дар чаҳор вилояти ин кишвар ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бештаринашон дар шаҳри Кобул ва пурталафоттаринашон дар шаҳри Мазори Шариф иттифоқ афтодааст.
Бино ба ин гузоришҳо, феҳристи инфиҷорҳо қарори зайл аст:
- Инфиҷор дар вулусволии Хугёнии Нангарҳор:
Инфиҷори минаи миқнотисӣ (магнитӣ), ки мошини Толибонро қарор дод ва 4 куштаву захмӣ ба ҷо гузошт.
- Инфиҷор дар чаҳорроҳии Қамбари шаҳри Кобул:
Ҳаволии соати 11:30 пеш аз чошт дар муқобили мактаби хусусии “Талоши дониш”, ки марбути ҳазораҳо мешавад ва дар соҳаи чаҳорроҳии Қамбар, аз марбутоти ноҳияи Панҷуми шаҳри Кобул аст, инфиҷор рух дод.
Вазорат дохилаи Толибон гуфт, ки дар ин инфиҷор ду кӯдак ба гунаи сатҳӣ захм бардоштаанд.
“Инфиҷор ношӣ аз минаи ҷосозишуда дар гулдони канори ҷода будааст”, - гуфт ин манбаъ.
- 3. Инфиҷор дар Кӯтаи Сангии Кобул:
Инфиҷори минаи ҷосозишуда дар ҷодаи Капмании наздикии Қалъаи Ниёзбек, минтақаи Кӯтаи Сангӣ, низ аз марбутоти ноҳияи Панҷуми шаҳри Кобул. Бино ба иттилои дарёфтӣ, 5 куштаву захмӣ аз миёни мулкиён ба ҷо гузоштааст.
- Инфиҷор дар масҷиди Седӯкони шаҳри Мазори Шариф:
Ҳаволии соати 13 ба вақти Кобул, инфиҷор дар масҷиди Маҳдияи маҳаллаи Седӯкон, воқеъ дар шимоли Равзаи Шарифи шаҳри Мазори Шариф сурат гирифт.
Масҷиди Седӯкон, бузургтарин ва қадимитарин масҷиди шиъён ва ҳазораҳо дар маркази шаҳри Мазори Шариф аст. Инфиҷор замоне рух дод, ки намозгузорон дар масҷид масруфи адои намози зӯҳр буданд.
Бино ба иттилои дақиқ аз шифохонаи Абуалӣ Синои Балхӣ дар Мазори Шариф, ки дар ихтиёри Сангар қарор дода шуд, то соати 3. 30 ба вақти Кобул шумори кушташудагон ба 31 нафар расида, 87 нафар захмӣ шудаанд.
Як манбаъ мегӯянд, вазъияти захмиён, ки тамомиашон намозгузоронанд, бисёр вахим аст.
“Тамоми утоқҳои шифохона аз захмӣ пур шуда, ҷойи холӣ боқӣ намондааст. Вазъияти захмиёни рӯйдод вахим аст,”, - гуфт манбаъ.
- Инфиҷор дар Кундуз:
Як мошини “Кастер” –и маъмурони давлатӣ дар шаҳраки Сари Давраи шаҳри Кундуз инфиҷор дода шудааст, ки дар натиҷа 5 нафар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шудаанд. Инҳо кормандони давлатие буданд, ки барои тавзеъи кӯмак ба мардуми фақир эъзом шуда буданд. Ба қавли манобеъ, инфиҷор дар маҳалли тавзеъи кӯмак ва ҷое, ки мардум таҷаммуъ карда буданд, иттифоқ афтод. Кушташудаҳо аксар мардуми мулкиянд.
- Инфиҷор дар Форёб:
Дар пайи инфиҷори як минаи канориҷодаӣ чаҳор толиб ҳалок шудааст. Тафсилоти дигар дастрас нест.
- Инфиҷор дар Хушҳолхони Кобул:
Ҳеҷ гузорише аз талафот нест.
- Инфиҷори дигар дар шаҳри Мазори Шариф:
Ҳаволии соати 19.00 шом як ракета дар минтақаи Заҳириддини Форёбии шаҳри Мазори Шариф асобат кард. Бинои ба гузоришҳои қаблӣ, се мулкӣ захмӣ шудаанд.
Пас аз ин инфиҷор дар минтақаи Дашти Шӯр ва Кортаи сулҳи шаҳри Мазори Шариф як даргирӣ ба вуқуъ пайваст, ки гуфта мешавад, миёни афроди Устод Атомуҳаммади Нур ва Толибон иттифоқ афтодааст ва то замони омода шудани ин гузориш идома дошт.
Гуруҳи террористии ДОИШ* масъулияти ҳамла бар масҷиди шиаён дар Мазори Шарифро ба ӯҳда гирифт. Наҳваи ин ҳама инфиҷорот нишон медиҳад, ки бақияи ин ҳамлаҳои террористӣ низ кори дасти ин гурӯҳ шояд бошад.
18 апрел ин гуруҳи террористӣ ба марзҳои Ӯзбекистон ҳамлаи мушакӣ анҷом дода буд, ки дар посух Тошканд ду рӯз барои тарассуди марзҳояш ҳудуди 60 тайёраву чархболи ҷангӣ эъзом кард.
19 апрел ДОИШ дар ду муассисаи таълимии ҳазораҳо дар минтақаи Дашти Барчии ғарби Кобул ду ҳамлаи интиҳорӣ анҷом дода, ҳудуди 60 нафар, умдатан мактабхонҳоро куштаву захмӣ кард.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст