Ихтилофоти Шабакаи Ҳаққонӣ бо раҳбарии Толибон дар ҳоли афзойиш аст.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Аз лаҳзае, ки рӯзномаи “Нюйорк Таймс” навиштааст, ки Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон омодаи таомул бо ҷаҳон аст, саволоти зиёде аз тарафи дӯстон матраҳ шудааст ва пурсидаанд, ки ихтилофоти Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва Мулло Ҳайбатуллоҳ дар чист ва ин ихтилофот ба куҷо хоҳад расид?
Ихтилофот миёни Шабакаи Ҳаққонӣ ва раҳбарии Толибон, бавежа Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода бар сари масоили мухталифест, ки метавон онҳоро ба ду дастаи аслӣ тақсим кард: ихтилофоти сиёсӣ ва ихтилофоти идеологӣ.
Авомили ихтилофот:
1 - Ихтилофоти сиёсӣ ва мудириятӣ: Шабакаи Ҳаққонӣ, ки дар шарқи Афғонистон бавежа дар манотиқи паштуннишин аз қудрату нуфузи зиёде бархурдор аст, хоҳони дастрасии бештар ба манобеъи қудрат ва ҳамчунин таъсиргузории бештар дар тасмимгириҳои давлати Толибон аст. Дар ҳоле, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ бештар гароиш ба мудирияти мутамаркиз дорад ва тамоюл дорад, ки қудратро башиддат дар даст дошта бошад. Шабакаи Ҳаққонӣ, бахусус Сироҷуддин Ҳаққонӣ, тамоюл ба рӯйкарди нисбатан мӯътадилтаре дорад ва дар баъзе маворид хостори таомул бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
2 - Ихтилофоти идеологӣ: Шабакаи Ҳаққонӣ бо бархе аз гурӯҳҳои тундраву ҷиҳодӣ, монанди Алқоида равобити таърихӣ дорад ва дидгоҳҳои тундравонае дорад, дар ҳоле, ки Ҳайбатуллоҳ ахиран талош кардааст, ки ҳукумати Толибонро аз назари идеологӣ ба унвони як давлати машрӯъи исломӣ муаррифӣ кунад ва ба самти расмият бахшидани он пеш биравад. Ин ихтилофот сабаби танишҳое байни ду ҷиноҳ шудааст.
Ҳамчунон Сироҷуддин Ҳаққонӣ тарафдори бозгушоии макотиби духтарона аст ва бо кори занон дар дафотир низ мушкиле надорад, аммо Мулло Ҳайбатуллоҳ дар ин ҳисса тавофуқ надорад ва мехоҳад қудрати зиёдтар дар дасти гурӯҳҳои тарафдорони худаш бошад.
3 - Дидгоҳҳои мутафовит дар бораи таомул бо ҷомеаи ҷаҳонӣ: Ҳаққониҳо бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти худ ва собиқаи равобит бо Покистон, тамоюли бештаре ба эҷоди навъе таомул бо бархе кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ доранд. Дар ҳоле, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ дар бархе масоил инъитофи камтаре нишон медиҳад ва бештар ба тақвияти машрӯъияти дохилии ҳукумати Толибон тамоюл дорад.
Натиҷаи эҳтимолии ихтилофот:
Ихтилофот миёни Шабакаи Ҳаққонӣ ва раҳбарии Толибон мумкин аст паёмадҳои мухталифе дошта бошад:
Заъфи дарунии Толибон: Ин ихтилофот метавонад боиси коҳиши инсиҷоми дохилии Толибон шавад ва боис шавад, ки гурӯҳҳои мухталиф ба рақобат бо якдигар бипардозанд. Дар баландмуддат, ин масъала метавонад ба тазъифи қудрати ҳукумати Толибон мунҷар шавад.
Тақвияти гурӯҳҳои ифротии дигар: Агар Толибон натавонанд ихтилофоти худро мудирият кунанд, гурӯҳҳои ифротӣ, монанди ДОИШ талош хоҳанд кард аз ин мавқеият баҳрабардорӣ кунанд ва ҳамалоти худро дар Афғонистон густариш диҳанд.
Афзоиши нуфузи хориҷӣ: Аз ин ихтилофот мумкин аст кишварҳои ҳамсоя, монанди Эрон, Покистон ва ҳатто Амрикову Русия низ баҳрабардорӣ хоҳанд кард ва саъй дар нуфузи бештар дошта бошанд.
Тақвияти як ҷиноҳи хос: Дар сурате, ки яке аз ҷиноҳҳо муваффақ шавад нуфузи бештаре касб кунад, эҳтимолан ба тасбити қудрати он ҷиноҳ кӯмак хоҳад кард.
Ин ихтилофот дар ниҳоят ба амалкарду тасмимгириҳои раҳбарии Толибон дар заминаи мудирият ин чолишҳо бастагӣ хоҳад дошт.