Хабари рӯз

Чаро тафоҳумномаи Доҳа санади таслимии Толибон ба Амрико пиндошта мешавад?

Фишурдаи суҳбати Аҳмад Зиё Сироҷ, собиқ раиси истихбороти Афғонистон

Шароити  Амрико барои Толибон дар соли 2001, ки аз сӯйи Толибон пазируфта нашуда буд, қарори зайланд:

1 - Тамоми раҳбарони Алқоида ба шумули Усома бин Лодан ба Иёлоти Муттаҳида таслим ва ё ба кишвари севум фиристода шаванд.

2 - Тамоми кампҳои Алқоида дар Афғонистон баста шуда, ҳамкорӣ ва иртибот бо ин созмон ва гурӯҳҳои мушобеҳ қатъ шавад.

Аммо дар соли 2020 Толибон бамаротиб шароити шадидтари Амрикоро пазируфтанд ва расман таслим шуданд, ки ин шароит қарори зайланд:

1 - Қатъи иртибот бо Алқоида ва дигар гурӯҳҳои даҳшатафган;

2 - Ҷилавгирии таҳдидот аз хоки Афғонистон ба Амрико ва кишварҳои ҳампаймонаш;

3 - Тааҳҳуди Толибон нисбат ба ҷилавгирӣ аз фаъолияти Алқоида ва дигар гурӯҳҳои даҳшатафган дар навоҳии таҳти контроли Толибон;

4 - Гуфтугӯ байни Толибону давлати Афғонистон ва оғози музокироти байнулафғонӣ

5 - Ташкили ҳукумати ҳамашумул;

6 - Таъмини ҳуқуқи башар ва мушорикати занон дар тамоми умуроти давлатӣ;

7 - Мубориза бар алайҳи ДОИШ ва ҷилавгирӣ аз тавзеъи паспорт ва тазкираи афғонӣ ба аъзои ДОИШ.

Бо дарназардошт ва муқоисаи шароити аввалияи Амрико барои Толибон ва шароите, ки дар Доҳа болои онҳо тафоҳум сурат гирифт, возеҳ дида мешавад, ки Толибон дар муқобили Амрико таслим шуданд ва тамоми шароити онҳоро пазируфтанд...

Бар илова чанд мавориди дигар ҳам шомили ин тафоҳумнома мешавад, ба таври мисол террори раҳбари Алқоида Аймон Алзавоҳирӣ низ як банд аз ин тафоҳумнома буд, ки Толибон иттилооти онро бо амрикоиҳо шарик карданд ва ӯро аз байн бурданд.

Ва шариксозии иттилоот бо Амрико низ аз бандҳои пинҳонӣ буд...


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!