Хабари рӯз

Калидитарин ва наздиктарин афрод ба Ҳайбатулло, ки дар тасмимгириҳои умда нақш доранд, киҳоянд?  

Нависанда: Валид Сироҷ, корманди ҳукумати собиқи Афғонистон

Бо вуҷуд ин ки се сол аз ҳокимияти Толибон дар Афғонистон мегузарад, ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам ношинохта боқӣ монда ва маълумоти каме дар мавриди афроди калидӣ ва умдаи ин гурӯҳ назди мардум мавҷуд мебошад. Бар хилофи ҳукумати гузашта, ки матбуот ба асоси ҳаққи дастрасӣ ба иттилоот тамоми ин гуна маворидро мунъакис месохтанд, дар ин ҳокимияти номашрӯъ ва ғайрқонунӣ, ки бо тавассул ба зӯру хушунат ба арикаи қудрат расиданд, ҳама умурот дар як ҳалқаи хос, дур аз анзори мардум ва дар хафои мутлақ мудирият мегардад, ки мардум аз ҳамаи ин масоил дур нигаҳ дошта шудаанд ва матбуот фақат дар як доираи таъйиншуда аз ҷониби Толибон метавонанд фаъолият кунанд.

Ҳадафи ин навишта сирф муаррифии чаҳор тан аз аъзои калидие, ки Мулло Ҳайбатуллоро дар таъйинот муҳими низомӣ  ёрӣ мерсонанд, ихтисос дода шудааст. Бо вуҷуди ин ки се тан аз ин афрод дар самти муовинияти вазоратҳои дифоъ ва дохила фаъолият менвмоянд, вале салоҳияташон нисбат ба вузарои ин ду вазорати ёдшуда бамаротиб бештар ва баландтар мебошад.

1 - МУЛЛО ҲАЙБАТУЛЛО марбут ба қавми нурзай, яке аз бузургтарин шохаҳои бузурги қавми дурронӣ мешавад. Ин қавм бештарин теъдоди ҷангҷӯёни Толибонро ташкил медиҳад. Нурзайиҳо дар ҳукумати гузашта камтарин ҳузурро доштанд ва ба шакли давомдор бо қавми ачакзай дар низоъу таниш буданд. Биноан, аксарашон тарҷеҳ дода буданд, ки дар канори Толибон қарор дошта бошанд. Мулло Ҳайбатулло бо эҷод эътилофи қавии афроди барҷаста, ки зайлан ба муаррифӣ гирифта хоҳад шуд, амалан талош намуда, то бо истифода аз зарфияти ақвоми исҳоқзай, аликузай, кокар ва ализай аз як тараф даҳлезҳои умдаи қочоқро дар даст дошта бошад ва аз ҷониби дигар руқабои аслии хеш, монанди ачакзай, боракзай ва пупалзай, ки чеҳраҳои аслии сиёсатмадорони Қандаҳорро дар ҳукумати ҷумҳурият ташкил медод, дар ҳошия биронад.

 

2 - САДР ИБРОҲИМ марбут ба қавми аликузай мешавад ва худро бузурги ин қавм мешуморад. Агарчи баъзе афроди  дигар низ иддаои бузургии ин қавмро доранд, аммо чун дар ҳоли ҳозир ӯ бештарин қудратро дар идораи Толибон, бахусус дар бахши низомӣ, дорад, дигарон низ ӯро минҳайси бузурги қавми худ пазируфтаанд.  Садр Иброҳим, муовини амниятии вазорати дохилаи Толибон мебошад. Ӯ  дар замони ҷанг бо низоми ҷумҳурият, баъд аз Зокир Қаюм ва қабл аз Мулло Яъқуб, масъули комиссияи низомии Толибон ва ё вазири дифои сояи Толибон буд. Наздиктарину боэътимодтарин фард барои Ҳайбатулло маҳсуб мешавад. Дар ҳоли ҳозир салоҳияти ому томи вазорати дохила марбут ба ҳамин шахс мешавад. Қобили зикр аст, ки чанде қабл Сироҷуддин Ҳаққонӣ мехост, то баъзе тағйиротро дар вазорати дохила биоварад, аммо Садр Иброҳим монеъи он шуд.  Ҳеҷ навъ тағйирот ва табдилӣ дар вазорати дохила бидуни иҷозаи вай сурат намегирад ва дар ҳақиқат номбурда чашму гӯши Мулло Ҳайбатулло дар ин вазорат мебошад.

 

3 - МУЛЛО ЗОКИР ҚАЮМ дувумин фарди боқудрат, муовини вазири дифоъи феълии Толибон ва масъули сарҳадот,  ки  марбут ба  қавми ализай мебошад, аст. Қавми ализай дар соҳоти Ҳилманд ва Қандаҳор будубош доранд ва яке аз шохаҳои муҳими хонаводаи дурронӣ ба шумор меравад. Дар солҳои аввали шикасту фирори Толибон, Зокир Қаюм тавассути нерӯҳои эътилоф дастгир ва ба Гуантанаммо интиқол гардид. Дар ҷараёни ҳабс Зокир Қаюм бо нишасту бархостҳое, ки бо салафиҳои араб дошт, бештар гаравидаи мазҳаби салафият гардид ва дар байни Толибон маҳбубияти худро то ҳадде аз даст дод. Баъд аз муддате аз Гуантанаммо раҳо ва ҳини бозгашт ба Покистон муҷаддадан дохили сохтори Толибон гардид. Зокир Қаюм муддатеро ба сифати масъули комиссияи низомии Толибон ифои вазифа намуд, вале баъд аз вафоти Мулло Умар тавассути Ахтар Мансур аз вазифа барканор шуд. Далели барканории вай танишҳои қавмӣ байни исҳоқзайиҳо ва ализайиҳо дар вилояти Ҳилманд болои даҳлезҳои қочоқи маводи мухаддир буд. Вале баъд аз кушта шудани Ахтар Мансур ва интихоби Мулло Ҳайбатулло ба сифати раҳбари Толибон, Зокир Қаюм дар солҳои ахири қабл аз суқути ҷумҳурият минҳайси раиси комиссияи Пешовар таъйин гардида ва ба яке аз наздиктарину калидитарин афрод барои раҳбари Толибон мубаддал гардид.

 

4 - МУЛЛО ФОЗИЛ МАЗЛУМ муовини аввали Вазорати дифои Толибон аст. Ӯ аз  қавми кокар мебошад ва ин қавм низ яке аз шохаҳои бузурги қавми дурронӣ маҳсуб мегардад.  Мулло Фозил иртиботи бисёр наздик бо Алқоида ва баъзе гурӯҳои террористии дигар мисли Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон ва шӯришиёни чечен дорад. Ӯ дар давраи аввали Толибон луидристиз (сардори Ситоди кул)-и Толибон буд ва дар амалиётҳои самти Шимол бо Маннон Ниёзӣ (, ки баъд кушта шуд) амалан саҳм мегирифт. Баъд аз шикасти Толибон дар соли 2001 Мулло Фозил тавассути маршал Дӯстум дастгир шуда ва ба амрикоиҳо таслим дода шуд. Ӯ низ ба Гуантанамо интиқол ёфт.

 

5 - ‏ШАЙХ АБДУЛҲАКИМ қозиюлқазоти  феълии Толибон мебошад. Бо он ки ӯ собиқаи низомӣ надорад, аммо ба ду далел яке аз калидитарин ва наздиктарин афрод ба Ҳайбатулло маҳсуб мешавад. Аввал ин ки Абдулҳаким дар раъси қавми исҳоқзай аст ва ин қавм ҳамчунон яке аз шохаҳои муҳими қавми дурронӣ ба шумор меравад. Ва дувум бо вуҷуд ин ки Абдулҳаким таҷрибаи низомии барҷаста надорад, вале як шайх ва муфтии бузурги динӣ дар миёни Толибон аст. Фаъолиятҳои ин гурӯҳ таҳти фатвоҳои ӯ пӯшиши динӣ пайдо мекунад.

 

Ба ҳамин минвол:

1 - ҲАЙБАТУЛЛОҲ (нурзай-дурронӣ)

2 - САДР ИБРОҲИМ (алукузай-дурронӣ)

3 - АБДУЛҚАЮМ ЗОКИР (ализай-дурронӣ)

4 - МУЛЛО ФОЗИЛ МАЗЛУМ (кокар – ғарғашт, нуфуси ин қавм зиёд нест ва дар канор дуррониҳоанд).

5 - ШАЙХ АБДУЛҲАКИМ ҲАҚҚОНӢ (исҳоқзай-дурронӣ).

Иттиҳоди ин ақвоми бузургу пурқудрат дар Қандаҳор ва ҳамчунон қавми нурзай, ки бештарин сарбозро дар миёни Толибон доранд, боис шудааст, ки тамоми қудрати Толибон дар як маҳалл ҷамъ шавад.

МУЛЛО ЯЪҚУБ бо он ки писари аввалин раҳбари Толибон Мулло Умар мебошад, чун марбут ба қавми ҳутак мишавад, аз ҷойгоҳи хос дар Қандаҳор бархӯрдор нест. Дар кашмакашҳои Қандаҳор муҳим ин мебошад, ки вобастагии як фард ба кадом қавм аст. Ҳутак аз ҷумлаи қавмҳои бисёр кӯчак ва ҷудо аз хонаводаи дурронӣ, яъне марбут ба қавми ғилҷоӣ мешавад. Рӯи ҳамин малҳуз дар муомилоти қудрат дар Қандаҳор ҷиддӣ гирифта намешавад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!