Мулло Умар, асосгузори ҳаракати Толибон, ӯро “дарандахутарин фармондеҳи низомии ин гуруҳ дар Шимол” муаррифӣ карда буд.
Манбаъ: Сафҳаи телеграми “Бозгашт”
Матлаби аслӣ: "همسلول": ملا قیوم ذاکر کیست؟
Мулло Абдулқаюм Зокир, чеҳраи бонуфузи низомӣ дар сохтори гурӯҳи Толибон ва фарди қобили эътимоди Мулло Ҳайбатулло аст. Ӯ аз соли 2010 барои чаҳор сол масъули низомии гурӯҳи Толибон дар ҷанг алайҳи давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон буд. Ба далели мухолифати шадидаш бо раванди гуфтугӯҳои сулҳ ва таъкид бар идомаи ҷанг дар баробари давлати пешин ва ихтилоф бо Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари пешини Толибон, аз ин симмат канор зада шуд.
Қаюм дар соли 1997 ба гурӯҳи Толибон пайваста буд. Дар даври нахусти ҳокимияти Толибон, масъулияти ҷангии бахше аз афроди ин гуруҳро дар баробари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд ва устод Бурҳонуддин Раббонӣ ба дӯш дошт. Қасоват ва бераҳмии ӯ дар саркӯби мухолифон ва куштори мардумони шимол мӯҷиб шуд, Мулло Умар, раҳбари пешини гурӯҳи Толибон, сифати “дарандахутарин фармондеҳи низомии ин гуруҳ дар Шимол»-ро ба ӯ бидиҳад.
Қаюми Зокир дар сохтори кунунии Толибон муовини вазорати дифоъ ва масъули сарҳадоти ин гуруҳ аст. Ӯ зодаи вулусволӣ/шаҳристони Каҷакии Ҳилманд ва аз паштунҳои қавми “ализайӣ” мебошад. Қавми ӯ дар соҳоти Ҳилманд ва Қандаҳор будубош дошта ва яке аз шохаҳои муҳимми “дурронӣ” ба шумор мераванд. Абдулқаюм Зокир, мулло Абдулғанӣ Бародар ва мулло Фозил Мазлум, се чеҳраи аршади низомии Толибон дар раҳбарии ин гурӯҳ буданд, ки дар даври нахусти ҳокимияти Толибон бар Афғонистон, ҷанг алайҳи нерӯҳои давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистонро раҳбарӣ мекарданд. Ба дастури ҳамин се чеҳраи муҳимми низомии Толибон, бахшҳое аз вилоёти шимолӣ сӯхтонда шуданд ва ҳазорон тан аз бошандагони ин вилоёт қатли ом шуданд.
Зокир дар 28 ноябри 2001 дар остонаи суқути даври нахусти шӯриши гурӯҳи Толибон, асир ва ба зиндони Гуантанамо мунтақил шуд. Ӯ то соли 2007 дар он ҷо зиндонӣ буд. Барои идомаи зиндон, аз Гуантанамо ба зиндони Пуличархӣ дар Кобул мунтақил шуд, аммо ба сурати машкук, андаке пас аз зиндонӣ шудан дар Пуличархии Кобул, ба дастури Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии вақти Афғонистон раҳо шуд. Пас аз раҳоӣ аз зиндони Пуличархӣ дар соли 2008, дубора ба Кветтаи Покистон рафт ва масъулияти ҷабаҳоти низомӣ ва роҳандозии ҷангҳои хунин дар вилоятҳои Ҳилманд ва Нимрӯзро ба дӯш гирифт. Ҳамалоти хунини ӯ дар баробари давлати пешин ва бераҳмии вай дар куштори низомиёни пешин дар вилоёти ҷануб, бори дигар таваҷҷӯҳи раҳбарони толибро ба худ ҷалб кард. Аз ҳамин рӯ, масъулияти низомии “Шӯрои Кветта” ба ӯ супурда шуд.
Маъмурияти Қаюм Зокир дар қатли оми афроди мулкӣ ба номи саркӯби мухолифон
Дар моҳи сунбула/шаҳривари 1401, Мулло Ҳайбатулло, ба Қаюм Зокир дастур дод, ҷабаҳоти низомии мухолифи ин гуруҳро дар шимоли Афғонистон саркӯб кунад. Гумоштани фарде, ки ба бераҳмтарин фармондеҳи низомии Толибон шӯҳра аст, нишондиҳандаи уқдамандии ин гуруҳ дар баробари мардуми вилоёти шимоли Афғонистон буд. Қаюм Зокир барои эҷоди ваҳшат ва интишори тарс дар вилоёти Панҷшер, Бағлон, Парвон ва Кописо, даст ба қатли оми занон, кӯдакон ва боздошти шумори зиёде аз бошандагони ин вилоёт зад.
Ҳарчанд ҳамалоти ӯ дар баробари ҷабаҳоти низомии мухолифаш дар Панҷшер ва Бағлон муваффақомез набуд, аммо куштори бераҳмонаи афроди мулкӣ, тирборон кардани ҷавонон бо дастони баста ва шиканҷаи мардумони ин вилоёт тавассути нерӯҳои таҳти амраш мунҷар ба эҷоди ваҳшат дар миёни мардум шуд. Даргирии ӯ бо низомёни мухолифи Толибон дар Панҷшер мӯҷиби асорати чиҳил тан аз афроди Толибон ба дасти аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва кушта шудани 25 тани дигар аз афроди ин гуруҳ гардид. Асорат ва талафоти афроди Толибон хашми ин фармондеҳи бераҳмро барангехт ва даст ба иқдомоти интиқомҷуёна аз афроди мулкӣ зад, мавриде, ки Созмони Милали Муттаҳид, онро қатли ом тавсиф кард.
Иртиботи наздики Мулло Қаюм Зокир бо шабакаи “Алқоида”
Маҷаллаи “Лонг вор журнал” , ки фаъолияти созмонҳои террористиро думбол мекунад, Абдулқаюм Зокирро ба унвони “муттаҳиди наздики шабакаи Алқоида” муаррифӣ кардааст. Қаюм Зокир ва Садр Иброҳим, чеҳраҳои пурнуфузи низомии Толибон дар ҷануби Афғонистон ҳастанд. Онон бо даромади ҳангуфти ҳосил аз контроли бозори қочоқи маводи мухаддир ва маодин дар ҷануби Афғонистон, дар бисёре аз тасмимгириҳояшон мустақил амал мекарданд.
Зокир бо мулло Ахтармуҳаммад Мансур дар мавриди таъйини масъулони ҷабаҳоти низомӣ, музокироти сулҳ ва контроли хатти қочоқи маводи мухаддир дар ҷануби Афғонистон рақобати шадиди дарунсохторӣ дошт. Ахтармуҳаммад Мансур дар он замон симати муовинияти Мулло Умар, раҳбари пешини ин гуруҳро бар дӯш дошт, ҳамзамон бо гарм шудани рақобат миёни ин ду фармондеҳи низомӣ, Қаюм Зокир дар Покистон боздошт ва зиндонӣ шуд. Ӯ ба таври машкук пас аз муддате аз зиндон раҳо шуд ва ба ҳайси муовин низомӣ/масъули комиссияи низомии Шӯрои Кветта таъйин гардид. Боздошти мулло Бародар фарди шумораи дувум ва муовини Мулло Умар дар Покистон, бори дигар сабаб шуд то Ахтар Мансур бештар қудратро дар чанг гирад.
Афзоиши қудрати ӯ мӯҷиби ихтилофоти шадид дар раҳбарии гурӯҳи Толибон шуд. Пас аз марги Мулло Умар, Ахтармуҳаммад Мансур, Зокирро барканор кард. Қаюм бо шумори дигаре аз сарони ин гуруҳ ба Ҳилманд баргаштанд.
Қаюм Зокир дар ҷараёни ҳафт соли зиндон дар Гуантанамо равобити наздик бо сарони шабакаи Алқоида, ки дар ин зиндон маҳбус буданд, барқарор карда буд (ҳамсилулиҳои ҳамдард). Бар бунёди иттилооти мунташиршуда, нишаст ва бархостҳои Зокир бо салафимазҳабҳои араб мӯҷиб шуда буд то ӯ низ, гиравидаи мазҳаби салафият гардад. Гароиш ба салафият аз як сӯ мӯҷиби афзоиши ихтилофот ва беэътимодӣ бо Ахтар Мансур шуда буд, аммо дар сӯи дигар фурсатеро барои пайвастанаш ба шабакаи Алқоида мусоид кард. Мавриде, ки барои муддате мӯҷиб шуд расмо ба унвони фармондеҳи низомии шабакаи Алқоида дар Ҳилманд фаъолияти зиддидавлатӣ анҷом диҳад.
Иртиботи наздики Қаюм Зокир бо гурӯҳи ДОИШ
Дар соли 2015 замоне, ки нигарониҳои зуҳури гурӯҳи ДОИШ ва фаъолияти ин гуруҳ дар Афғонистон оғоз шуд, чеҳрае аз хонаводаи Қаюм Зокир (аз қавми ализайҳои Ҳилманд) ба номи мулло Абдурауф Ходим, ки дар байни Толибон аз шӯҳрати хоссе бархурдор буд, зуҳур кард. Мулло Ходим, монанди Қаюм Зокир, дар Гуантанамо зиндонро сипарӣ карда буд. Ӯ дар Гуантанамо ба слафигарӣ, гароиш пайдо карда ва равобити бисёр наздик бо шуморе аз аъроб, ки бо ӯ зиндонӣ буданд, таъмин кард. Баъзе аз арабҳои ҳамсилули мулло Ходим, пас аз раҳоӣ аз зиндон дар ҳалқаи раҳбарии ДОИШ-и Сурия ва Ироқ қарор гирифта буданд. Онҳо мулло Ходимро расман ба ҳайси муовини “Вилояти Хуросон”-и ДОИШ таъйин карданд.
Қаюм Зокир бино бар тамоюлоти хонаводагӣ, қавмӣ ва ҳамчунин кинае, ки бо Ахтар Мансур дошт, ба гунаи муштарак бо Мансур Додулло дар остонаи пайвастан ба гурӯҳи навзуҳури ДОИШ буданд, ки мулло Абдурауф Ходим тавассути ҳамлаи паҳподии нерӯҳои амрикоӣ кушта шуд. Дере нагузашта буд, ки муттаҳиди дигари вай, Мансур Додулло низ кушта шуд. Баъд аз ин ҳама фарозу нишеб, Абдулқаюм Зокир, дар тангно қарор гирифт ва маҷбур шуд бори дигар ба гурӯҳи Толибон бипайвандад ва ба Ахтар Мансур байъат намояд.
Аммо кина ва мухолифаташ бо Ахтар Мансур ба ҳоли худ боқӣ монд. Зокир барои тадовуми фаъолиятҳои низомӣ ва таъмини манобеъи молиаш равобити наздик бо истихбороти минтақа эҷод карда буд. Ӯ шарики яке аз қарордодиҳои воридоти бензин аз яке аз кишварҳои ҳамсоя ба Афғонистон буд. Қарордоде, ки аз замони низоми ҷумҳурият то кунун идома доштааст. Қаюм Зокир дар ҳоли ҳозир низ яке аз тарафҳои ин широкати тиҷоратӣ аст. Широкат дар ин қарордод ва ҳамчунин контроли масири муҳимми қочоқи маводи мухаддир, бунмояи иқтисодии Қаюм Зокирро ташкил медиҳад.