Радди пои истихбороти гурӯҳи Толибон барои ҳамкорӣ бо созмони ҷосусии Исроил алайҳи Эрон
Манбаъ: Телеграм – канали “Бозгашт”
Матлаби аслӣ: یهودی سازی پشتون ها یا طالبان - اسرائیل دوم
Исроил нуфуз бар Афғонистони таҳти ҳокимияти гурӯҳи Толибон ва истифода аз ин кишвар алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба унвони мудирияти як раванди мустамар ва ҳадафманд бо равишҳои мутааддид ба пеш бурдааст.
Коршиносон мегӯянд, имзои муоҳидаи соли 1400 – и Иёлоти Муттаҳида, ки гурӯҳи Толибонро дар Афғонистон ба қудрат расонид, фурсати ҷадидеро барои Исроил дар Афғонистон фароҳам сохт. Муоҳидаи Давҳа, гурӯҳи Толибонро ба анҷоми ҳамкорӣ бо шарикони стратегии Амрико, аз ҷумла режими Исроил дар минтақа мукаллаф сохтааст. Гурӯҳи Толибон барои дарёфти ҳимоятҳои иқтисодӣ ва сиёсии Амрико, тадовуми қудрат дар Афғонистон ва нодида гирифтани мавориди мутааддиди нақзи ҳуқуқи башар тавассути ин гуруҳ, тан ба муомилаҳои пинҳоне додаанд. Бахше аз ин муомила ҳамкорӣ бо созмони ҷосусии Исроил барои нуфузи Моссад ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тариқи хоки Афғонистон будааст. Он чи, ки борҳо коршиносони эронӣ ва расонаҳои он кишвар аз он ба шиддат ибрози нигаронӣ кардаанд.
Гурӯҳи Толибон дар наздик ба чаҳор соли ҳокимият бар Афғонистон бо васфи ҳамалоти низомии хунбори режими Исроил бар навори Ғазза, Лубнон, Урдун ва ахиран Ҷумҳурии Исломии Эрон, кӯчактарин мавзеъгирӣ дар қиболи ҳамалоти он кишвар надошта ва танҳо бо нашри баёнияҳои намодин онро маҳкум кардаанд. Пеш аз ин, гурӯҳи Толибон дар соли 1402 барои одисозии равобит бо Эрон, барои нахустин бор эълом карданд, ки се тан аз ҷосусони созмони истихборотии Исроилро дар марзи миёни Афғонистон ва Эрон, ки қасди партоб ва интиқоли паҳпод ба он кишварро доштанд, боздошт карда ва ононро таслими Эрон карданд.
Равобити наздик ва рӯ ба тавсеаи Исроил бо гурӯҳи Толибон
Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳури исломӣ” (Эрон), режими Исроил дар тобистони соли 1402 эълом карда буд, ки ин режим бо гурӯҳи Толибон дар Афғонистон равобити наздик дорад ва дар садади тавсеаи он мебошад. Ин рӯзнома бо ибрози нигаронӣ аз нуфузи Моссад дар Афғонистон ва убури онон ба хоки Эрон ҳушдор дода буд.
Дар сӯи дигар, хабаргузории Спутники Русия ба нақл аз шабакаи хабари 24-и Исроил ба таърихи 26 мизон/меҳри соли 1402 дар мавриди равобити гурӯҳи Толибон бо Исроил, матлаберо таҳти унвони “Толибон барои расмият доштани байналмилалӣ дар талоши барқарории иртибот бо Исроил ҳастанд”, навиштааст:
“Як ҷиноҳ аз гурӯҳи Толибон омодаи барқарории иртибот бо Исроил аст. Ин ҷиноҳ дар ибтидо мехоҳад ба гунаи маҳрам бо ин кишвар вориди гуфтугӯ шавад то дар ниҳоят ба тавофуқи дуҷониба даст ёбанд”.
Шабакаи хабарии 24-и Исроил ҳамчунин гуфта буд, вазорати хориҷаи ин кишвар дар робита бо барқарории равобит бо гурӯҳи Толибон тамосҳои мутааддиде барқарор кардааст.
Пеш аз ин Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар, дар мусоҳибае бо “Алҷазира” гуфта буд, ки гурӯҳи Толибон бо ҳеҷ кишвар мушкили хосе надорад. Ў дар посух ба ин савол, ки оё ин шомили Исроил низ мешавад, гуфта буд:
“Мо чӣ мушкиле бо Исроил дорем?” Ӯ дар идома гуфта буд: “Агар як кишвар ё фарде бо мо мушкил надорад, чаро аз мо мепурсед, ки мо мушкилоти худро бо мардуме ҳал кунем, ки коре ба кори мо надоранд? Аз назари ман, тарҳи ин савол номаъқул аст".
Рӯзномаи “Ҷумҳурии исломӣ”: “Толибон Исроили дувум ҳастанд”
Рӯзномаи “Ҷумҳурии Исломӣ”-и Эрон, пас аз афзоиши нигарониҳо аз ҳамкорӣ миёни гурӯҳи Толибон бо созмони ҷосусии Исроил мавсум ба Моссад, матлаберо таҳти унвони “Ҳушдор муҳим: Толибон Исроили дувум аст” мунташир кардааст. Дар ин матлаб гуфта шуда, ки гурӯҳи Толибон бар асоси тааҳҳуде, ки дар муоҳидаи Давҳа ба Амрико додаанд, заминаи нуфузи режими Исроил аз тариқи Афғонистон ба Эронро фароҳам месозанд ва Эрон бояд ба гунаи ҷиддӣ мутаваҷҷеҳи ҳамкории истихборотии ин ду гурӯҳ бошад.
Исроил ва талошҳо барои яҳудисозии қабоили паштун дар Афғонистон
Дар сӯи дигар хабаргузории “Тасним” ҳамчунон матлаби ҷудогонаеро дар мавриди талошҳои Моссад барои нуфуз дар Афғонистон ба нақл аз рӯзномаи “Гардиан”, таҳти унвони “Яҳудисозии қабоили паштун дар Афғонистон” навиштааст. Ба навиштаи ин рӯзнома:
“Режими саҳюнистӣ будҷаеро барои оғози таҳқиқот дар бораи иртиботи нажодии паштунҳо бо исроилиҳо ихтисос додааст. “Гардиан” аз қавли шуморе аз мардумшиносони исроилӣ навиштааст, дар миёни ақвоме, ки иддао мешавад бо 10 қабилаи гумшудаи исроилӣ иртибот доранд, паштунҳои Афғонистон мавриди қаноатбахштаре дар ин маврид ҳастанд”.