Хабари рӯз

Қатар мизбони Ал-Удайд - бузургтарин пойгоҳи низомӣ, амалан, "ситоди низомӣ"-и Амрико дар Ховари Миёна аст. Фарзанди Мулло Умар, ки тамоми умр аз Амрико мутанаффир буд ва бидуни ин ки бифаҳмад тамоми умр дар хидмати Америка буда, аз дунё рафт, чаро ба Қатар рафт?

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ

Арчанд ангезаҳои аслии сафари Мулло Яъқуб ба Қатар ҳанӯз ба хубӣ равшан ва фош нашудааст, аммо он чӣ аз рӯи ҳаводис ва ҳақоиқ метавон фаҳмид, дар паҳлуи ангезаҳо ва далоили сареъ ва пушти парда, ин далоил ва ангезаро ҳам дар робита ба ин сафар метавон баршумурд:

Аввалин ангеза ва далели ин сафари пур аз ибҳом, метавонад нотавонии иқтисодӣ ва молии Толибон дар таъмини ҳадди ақали эҳтиёҷоти мардум - бахусус эҳтиёҷоти низомиён ва ҷангҷӯёни ин гурӯҳ бошад. Мутолиба ва дархост ба зӯр ё гадоигунаи нону об аз мардумони маҳалл, ки тақрибан ҳамеша ва ба каррот тавассути ҷангҷуёни толиб сурат мигирад, ин ҳақиқатро возеҳ месозад, ки низоми толибонӣ қодир ба таъмини ҳатто ибтидоитарин ниёзҳои сарбозони худ намебошад. Толибон, ки қасду нияти ташкили урдуи муҷаҳҳази сад то дусадҳазорнфарӣ доранд, тоза мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки ташкили як урдуи муназзам ва модерн, ба манобеъи молии ҳангуфт ва давомдор ниёзманд аст - манобеъе ба арзиши кам аз кам чаҳор миллиард доллар дар сол барои як урдуи дусадҳазорнафарӣ...

Дуруст ба далели ҳамин ниёзмандист, ки Мулло Яъқуб, сарпарасти вазири дифоъи Толибон даст ба доман шуюхи Қатар зада, бе он ки бишармад аз онон оҷизона мехоҳад то Толибонро дар пардохти ҳуқуқи моҳона, албаса, хӯрок ва беҳдошти ҷангҷуёнашон кӯмак карда, аз сарҳадот ва марзҳои Афғонистон ҳифозат намоянд ва ҳамчунон дар харид ва таъмини таҷҳизоти фаннӣ барои урдуи Толибон ёрӣ ва мадад бирасонанд (ҳамон гуна, ки урдуи Ғанӣ муттакӣ ва вобаста ба кӯмакҳои мустақими Амрико буд, ҳоло урдуи Толибон ҳам ҳамон гуна ба пули Қатар мӯҳтоҷ хоҳад буд).

Ба гумони ағлаб, Қатар, ки худ барои таъмини амнияташ вобаста ба Амрикост, ба дастур ва машвараи Амрико ба Мулло Яъқуб ваъда додааст то шикамҳои гуруснаи толибони ҷангҷӯро сер нигаҳ дошта, албаса ва таҷҳизот барои онон омода хоҳад кард. Қатар, ки дар рақобат бо Амороти муттаҳиди арабӣ ва Туркия қарордоди контроли фурудгоҳҳои Афғонистонро барои аморотиҳо вогузар кардааст, ҳамон гуна аҳдофи судҷуёна ва фитнагарона дар Афғонистон дорад, ки аморотиҳо, туркҳо, амрикоиён ва покистониён доранд. Қатар ки аз манофеъи Амрико дар Афғонистон намояндагӣ мекунад, ҳам дарвозаҳои таомул бо Толибонро ба рӯи ҷаҳониён боз хоҳад кард ва ҳам Толибонро дар интиқоли ҷанг ба шимоли Афғонистон мадад ва ёрӣ хоҳад расонд.

Дувумин ангеза ва ҳадафи сафари Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар ба Қатар, боз кардани ҷодаи васеъи таомул бо Толибон ва дар натиҷаи шиносондани Толибон ба ҷаҳон минҳайси қудрати мусаллат бар авзоъи амниятии Афғонистон хоҳад буд.

Пас аз сафарҳои озодона ва мукаррари Мулло Муттақӣ ба Қатар, мусофирати озодонаи баландпоятарин мақоми низомии Толибон ба Қатар ва мулоқоту музокироти сареъ ва аланиаш бо Тамим ибни Ҳамд ал-Сонӣ, амири Қатар, метавонад Толибонро аз инзивои комили сиёсӣ берун оварда, заминаҳои таомули бештари Толибон бо ҷаҳонро фароҳам намояд. Коре, ки Амрико аз он ҳимояти қотеъ менамояд.

Аз ҷониби дигар ин сафари Мулло Яъқуб, ки ба машвара ва нақшаи Амрикову Қатар, дар рақобат бо шохаи Ҳаққониҳо ва бидуни машвара бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, ҳарифи хатарноки ҷиноҳи Қандаҳориҳо сурат гирифт, бетардид ҳадаф тазъифи Сироҷуддин Ҳаққониро ҳам думбол менамояд. Мулло Яъқуб, Мулло Муттақӣ ва Мулло Бародар мехоҳанд бо ҷалби ҳимояти молии Қатар, таваҷҷуҳи дӯстони байналмилалӣ ва минтақаиро бештар ба худ ҷалб карда ва аз нуфузи Ҳаққониҳо рӯз то рӯз кам намоянд.

Ба ҳар ҳол, Қатар - ҳамон гуна, ки нахустин дафтар ва пойгоҳи сиёсии Толибонро дар худ ҷо дода ва заминаҳои тавофуқи сареъ миёни Толибону Амрико ва дар натиҷа таслими давлат ба Толибонро мусоид кард, акнун низ заминаҳои таомули ҷаҳонӣ бо Толибон ва интиқоли ҷанг ба шимоли Афғонистонро ҳам мусоид хоҳад кард.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!