Толибон даҳҳо писари наврасу хушсуратро ихтитоф кардаанд.
Гузориши ихтисосии хабаргузории “Бозгашт”
Нопадид шудани писарони зерисин дар Афғонистон, бавижа дар вилоятҳои шимоли кишвар, нигаронии ҷиддии хонаводаҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарро барангехтааст. Рӯйдодҳои талхе, ки ба бовари ниҳодҳои ҳомии кӯдакон, тавассути аъзои маҳаллии Толибон бо истифода аз зӯр ва абзор қарор додани фақр, гуруснагӣ ва нодории хонаводаҳо дар рустоҳои фақири кишвар анҷом мешаванд.
Хабаргузории “Бозгашт”, ки дар ин гузориш нопадид шудани кӯдакон ва наврасони зерисинро дар чаҳор соли гузашта баррасӣ кардааст, ба оморҳои такондиҳанда ва ба шиддат маъюскунанда даст ёфтааст. Рӯйдодҳое, ки ба бовари хонаводаҳо на дар расонаҳо ривоят мешаванд, на ниҳодҳои ҳуқуқи башар ба он таваҷҷуҳ мекунанд ва на барои пайдо кардани онҳо тавассути Толибон иқдоме сурат мегирад.
Ёфтаҳои ин хабаргузорӣ нишон медиҳад, ки дар чаҳор соли гузашта дастикам 172 навраси зерисин ба гунаи ҳадафманд тавассути аъзои Толибон рабуда шудаанд. Бар бунёди ин гузориш, бештари наврасони рабудашуда “хушсурат” буда ва барои истифодаи ҷинсӣ ба вилоятҳои ҷануб интиқол ёфтаанд. Оморҳои мустанадшуда нишон медиҳад, ки бештари ин рӯйдодҳо дар вилоятҳои шимол аз ҷумла Тахор, Бадахшон, Балх, Бағлон, Панҷшер ва Форёб сурат гирифтааст. Вилоятҳои Ғазнӣ, Кундуз ва Парвон низ гувоҳи рӯйдодҳои мушобеҳ будаанд.
Баррасиҳои ин гузориш, ки бар пояи гуфтугӯ бо хонаводаҳои осебдида, огоҳони иҷтимоӣ ва манобеъи маҳаллӣ анҷом шудааст, ривоятҳои талхеро ба ҳамроҳ доштааст. Хонаводаҳо ва фаъолони ҳуқуқи кӯдак гуфтаанд, улгуҳои такроршаванда дар ин маворид — аз ҷумла бепосухии ниҳодҳои масъул ва ҳушдор ба сукути хонаводаҳо ба ҷойи пайдо кардани кӯдакони нопадидшуда — нигарониҳо аз нақзи ҷиддии ҳуқуқи кӯдакон ва идомаи ин равандро ташдид кардааст.
Ривояти хонаводаҳо; тарс, бехабарӣ ва сукути таҳмилӣ
Хонаводаҳои наврасони нопадидшуда мегӯянд, фарзандонашон бидуни собиқаи фирор ё ихтилофи хонаводагӣ, дар масирҳои рӯзмарра нопадид шудаанд. Шуморе аз онон гуфтаанд, пас аз муроҷиаи мукаррар ба ниҳодҳои амниятии Толибон дар маҳал, на парвандаи шаффофе гушуда шудааст ва на иттилооти қобили эътимод дар ихтиёрашон қарор гирифтааст.
Бархе низ гуфтаанд, дар бораи расонаӣ кардани мавзӯъ аз сӯи мақомҳои маҳаллии Толибон бо паёмадҳои таҳдидомез, аз ҷумла қатли навраси рабудашуда, рӯ ба рӯ шудаанд.
Падари яке аз кӯдакони рабудашуда дар Бадахшон мегӯяд, моҳҳост, ки ҳеч нишоне аз фарзанди 12-солааш надорад. Ба гуфтаи ӯ: “Танҳо чизе, ки мешунавем, тавсия ба сабру сукут аст.” Онон мегӯянд тарс аз пайгирии аланӣ ҳамчунон ба омиле барои пинҳон мондани мавориди мушобеҳ табдил шудааст.
Бародари як навраси рабудашуда дар Панҷшер гуфтааст, аъзои Толибон бародари 14-солаашро борҳо дар русто ба баҳонаи бозҷӯӣ аз хона берун карда ва ба посгоҳи маҳал бурда, сипас раҳо мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, чандин бор дар баробари ин иқдом эътироз карда буд, аммо Толибон иҷоза намедоданд ҳамроҳи бародари кӯчакаш ба посгоҳ биравад. Ӯ гуфтааст, аз ду моҳ ба ин сӯ ҳеч иттилооте аз сарнавишт ва маҳалли ҳузури бародараш надоранд ва аъзои Толибон ба ҷойи пайдо кардани ӯ, онҳоро бо алфози ракик масхара карда ва танҳо хандиданд.
Рӯйдодҳои мушобеҳ дар Шимол; иддаои барномаи ҳадафманд
Ёфтаҳои мустанад нишон медиҳад, ки бештари рӯйдодҳои нопадид шудани наврасон дар манотиқи ғайрипаштуннишин, бавижа шимоли кишвар рух додааст. Раванде, ки ба бовари огоҳон нишондиҳандаи барномаи созмонёфта, занҷираӣ ва ҳадафманд барои ихтитофи писарони хурдсол ва интиқоли онҳо аз шимол ба ҷануб барои истифодаи ҷинсӣ аст.
Бархе устодони донишгоҳ мегӯянд, аз он ҷо ки бештари аъзои Толибон дар ҷануби Афғонистон ба фарҳангҳои муайяни маҳаллӣ одат доранд, барои бозтавлиди ҳамон фарҳанг ва рафъи ниёзҳои ҷинсӣ, наврасони хушсуратро ё бо истифода аз зӯр ва ё сӯиистифода аз фақру гуруснагии хонаводаҳо ба манотиқи аслии худ интиқол медиҳанд.
Ба бовари онон, аз он ҷо ки суҳбат кардан дар бораи мафқуд шудани писарони хурдсол мавзӯи ҳассос ва башиддат номусӣ шумурда мешавад, хонаводаҳои қурбониён дар амал маҳкум ба сукут мебошанд ва ин рӯйдодҳо пинҳон мемонад.
Устодони донишгоҳ аз ниҳодҳои ҳуқуқи башар, бавижа ниҳоди ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, хостори иқдомоти ҷиддӣ ва фаврӣ барои ҷилавгирӣ аз ин раванд шудаанд.
Фақр ва ноамнӣ; заминаҳои суиистифодаи ҷинсӣ
Афзоиши фақр, бекорӣ ва ноамнии ғизоӣ, кӯдакони Афғонистонро дар маърази хатар қарор додааст. Хонаводаҳо мегӯянд кӯдакон барои кӯмак ба маъишат маҷбур ба ҳузур дар фазоҳои ноамн монанди кӯча ва бозор мешаванд; фурсате ки ба гуфтаи онон заминаи сӯиистифодаи аъзои Толибонро фароҳам мекунад.
Ба бовари онҳо, сӯиистифода аз фақру нодории хонаводаҳо тавассути ваъдаи кор, ҳимояти молӣ ё амният, яке аз созукорҳое аст, ки тавассути он наврасон ба дом андохта шуда ва мавриди баҳрабардории ҷинсӣ қарор мегиранд.
Як устоди донишкадаи ҷомеашиносии Донишгоҳи Балх мегӯяд: “Вақте шабакаҳои ҳимоятӣ фурӯ мерезад ва назорати мустақил вуҷуд надорад, кӯдакон нахустин қурбониёнанд. Масъулияти пешгирӣ ва посухгӯӣ мустақиман мутаваҷҷеҳи сохтори ҳоким аст.”
Гузоришҳои байналмилалӣ ва масъулияти ҳуқуқӣ
Гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалӣ, ба шумули бахши ҳимояти кӯдакони Созмони Милал, борҳо аз нақзи густардаи ҳуқуқи кӯдакон ва занон дар Афғонистон хабар додааст. Дар ин гузоришҳо, издивоҷҳои иҷборӣ, таҷовузи ҷинсӣ ва ихтитофи кӯдакон ба унвони хушунатҳои роиҷ ва дар ҳоли густариш ёд шудааст.
Дар ин аснод бар таъаҳҳудоти ҳуқуқӣ — аз ҷумла Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак — ва зарурати ҳимояти фаврӣ аз кӯдакон таъкид шудааст. Фаъолони ҳуқуқи кӯдак мегӯянд, барои баррасии рӯйдодҳои занҷираии ихтитофи писарони хурдсол, ба таҳқиқи шаффоф ва байналмилалӣ ниёз аст. Ба гуфтаи онҳо, бидуни шаффофият ва посухгӯ сохтани Толибон, буҳрони нопадид шудани писарони хурдсол ташдид шуда ва беэътимодии иҷтимоӣ амиқтар хоҳад шуд.
Ҳифозат аз кӯдакон, ки масъулияти иҷтимоии ҳар ҷомеа ва бавижа сохторҳои ҳоким шумурда мешавад, на танҳо анҷом намешавад, балки ба гуфтаи мунтақидон худи ин сохтор ба унвони омилони аслии нақзи ҳуқуқи кӯдакон муттаҳам аст; раванде, ки паёмадҳои он ҷуброннопазир ва дорои осори сангини иҷтимоӣ хоҳад буд.