Хабари рӯз

Оё гуфтаҳои ин гурӯҳ “кишварҳои ҳамсоя маҷбур хоҳанд шуд то моро ба расмият бишносанд” амалӣ мешавад ё аз даст меравад?

Нависанда: Сайид Аҳмад Аҳмадӣ, таҳлилгар

Сангар: Қарор аст аз 25 то 26 июли соли ҷорӣ як конфронси байнулмилали дар робита ба Афғонистон дар Тошканд бо ширкати намояндагони беш аз 20 кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ баргузор шавад.

Толибон бо истифода аз гурӯҳҳои террористӣ, аз хоки Афғонистон ба манбаъи таҳдид алайҳи кишварҳои ҳамсоя мубаддал шудаанд. Кишварҳое, ки то ҳол аз хоки Афғонистон мавриди таҳдид қарор гирифтанд Эрон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аст. Ин кишварҳо бо васфи нигаронииҳои амиқашон аз амалкарди кунунӣ ва барномаҳои ояндаи Толибон равобити хубу дӯстонаро бо Толибон эҷод кардаанд. Садҳо тон маводи кӯмакиро ирсол мекунанд ва бандарҳои тиҷоратиро боз гузоштаанд то таомул бо Толибон идома ёбад.

Ин чаҳор кишвари ҳамсоя (Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон) нисбат ба дигар кишварҳои дунё, бо Толибон равобити дӯстонаро бино ниҳодаанд. Ба таври мисол, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон завқзада буд, кӯшиш намуд равобити дӯстонаро бо Толибон эҷод намуда, аз ташкили ҷабҳаи низомӣ ва сиёсӣ алайҳи Толибон ҳимоят накард, аммо дида шуд, ки Толибон побанди равобит набуда ва ҳадди ақал 3 бор даргирии марзӣ бо сарбозони эронӣ доштанд.

Тоҷикистон ҳарчанд робитаи дипломатӣ бо Толибон надорад, аммо дар чанд моҳи ахир Тоҷикистон аз танишҳои лафзӣ бо Толибон худдорӣ намудааст, аммо атбоъи норози тоҷикистоние, ки дар сафи Толибон меҷанганд, ба таърихи 7 май аз хоки Афғонистон ба сӯи Тоҷикистон чандин мушак андохт намуданд.

Ӯзбекистон - аз маҳдуд кишварҳое ҳаст, ки рӯйкарди бисёр дӯстона бо Толибон доштааст. Нишастҳои давомдор бо сарони Толибон анҷом додааст ва ҳатто яке аз лобигарони ҳукумати Толибон барои озодсозии миллиардҳо доллар пули Афғонистон, аз Амрико шинохта шудааст. Мақомоти Ӯзбекистон борҳо таъкид карданд, ки бо давлати ҳокими феълии Афғонистон (Толибон) робитаи дӯстонаи ҳамсоягиро давом медиҳем ва алоқаманди идомаи ҷанг дар Афғонистон нестем.

Аммо дида мешавад бо вуҷуди алоқамандии кишварҳои ҳамсоя барои равобити неки сиёсӣ ва кӯмакҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон, Толибон дар пайи эҷоди таниш ва оғози даргириҳои мусаллаҳона ва террористианд.

Ҳақиқат ҳамин аст, ки Толибон фурсатҳои неки мавҷудро, ки ҳамсояҳо бо эшон эҷод кардаанд, аз даст медиҳанд, зеро аз назари равобити байнулмилал, тааҳҳудоти дуҷонибаи кишварҳо ва амалӣ сохтани тааҳҳудот, далели идомаи равобит ва ҳамкорӣ аст.

1 - Толибон борҳо гуфтаанд, ки мо бо ҳамсоягони худ хоҳони равобити дӯстона ҳастем ва ҳеҷ кишвари ҳамсоя аз хоки Афғонистон мавриди ҳамла қарор намегирад, аммо дида мешавад, ки гуфтаҳои Толибон асос надорад ва дар зарфи се моҳи ахир, чандин бор кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз дохили хоки Афғонистон мавриди ҳамлаи ракетӣ (мушакӣ) қарор гирифтанд.

Толибон ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояро ҷиддӣ намегиранд ва фикр мекунанд, ки кадом воқеаи муҳим рух надодааст, чунонки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид баъд аз мушакпароганиҳо аз Ҳайратони вилояти Балх ба шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон, ба сафҳаи Твиттери худ навиштааст: “Ин ҳамла аз ҷониби афроди шарир сурат гирифтааст.”

Толибон аз калимаи “шарир” истифода карданд, ки мафҳум куллӣ дорад ва метавонад афроди шарир, атбоъи хориҷӣ бошад, афроди ДОЪИШ бошад ё афроди шарир дар дохили гурӯҳи Толибон буда бошад.

2 - Толибон ба масъулиятҳояшон амал намекунанд ва посухгӯи ин гуна ҳамалот нестанд, масъулиятгурезии Толибон сабаб шудааст, ки ҷаҳон ва хусусан кишварҳои минтақа аз баҳси машрӯъияти Толибон бештар аз пеш дӯрӣ кунанд.

Давоми ин вазъият қатъан баҳси ба расмият шинохтани Толибонро ба ҳошия мебарад.

3- Толибон борҳо гуфтаанд, ки душмани ДОЪИШанд ва алайҳи ДОЪИШ меҷанганд, дар ҳоле ки ДОЪИШи шохаи Хуросон амалан дар Афғонистон фаъол гардидааст ва садҳо атбоъи хориҷии доъишӣ дар дохили Афғонистон ҳузур доранд ва бинобар шавоҳид, аз ҷониби Толибон ҳимоят мешаванд.

Бидуни шак, Толибон мизбони бузургтарин гурӯҳҳои террористианд, ки барои ҷаҳон ва кишварҳои ҳамсоя хатарост. Ҳузур ва фаъолияти ДОЪИШ дар Афғонистон натанҳо амнияти мардумро ба хатар меандозд, балки таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ҳамсоя низ ҳаст.

4 - Вазъияти сиёсии ҷаҳон ва сафари ахири Ҷо Байден ба минтақа, нишон медиҳад, ки Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар пайи ташаннуҷи бештар дар минтақа ҳастанд ва ҳеҷ алоқае барои амният дар Афғонистон надоранд. Зеро дида мешавад, ки манофеъи Амрико ва ҳампаймононашон идомаи ҷанг дар Афғонистон ва ҳараҷу мараҷ дар марзҳои Афғонистон ва азияти кишварҳои ҳамсоя аст, ки ба нафъи Толибон ва мардум Афғонистон нест. Ва танҳо кишварҳои ғарбӣ ҳастанд, ки суд мебаранд.

5 - Толибон ба ҷои ин ки монанд як давлат ба мушкилоти иқтисодӣ, фақр, бекорӣ ва ироаи хадамот ба мардум талош намоянд, баракс, онон мушкилоти мардумро аз ёд бурда ва ба ҷанҷолҳои дарунгурӯҳии худ масруфанд.

6 - Толибон дарвоқеъ бо гузашти ҳар рӯз аз чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вежа кишварҳои ҳамсоя, меафтанд. Зеро ин гурӯҳ бо рафтори хашин ва бераҳмашон дар қиболи овораҳои ҷанги чанд вилоят намоён сохтанд, ки побанди қонуни ҳеҷ кишвар ва байналмилал нестанд.

Бо таваҷҷуҳ ба нукоти зикршуда ба ин натиҷа мерасем, ки Толибон як гурӯҳи дурӯғгӯ ҳастанд ва ҳеҷ эътиборе ба тааҳҳудоташон дар қиболи мардум ва кишварҳои ҳамсоя надоранд. Толибон зарфияти созиш ва таъмини равобити дипломатии давомдорро бо кишварҳо надошта ва ба тааҳҳудоти дуҷониба пойбанд нестанд.

Эъломи ҳузури Ҷунбиши Толибони Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба фазои мавҷуд, як занги хатар ва таҳдиди ҷиддӣ барои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб меравад. Бидуни шак, пушти сари ин ҳама бозиҳо, дастҳои истихбороти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон қарор дорад.

Иморати Толибон бо чунин рӯйкард мехоҳад вориди давраи ҷадиди бозӣ ва ҷанги ниёбатии истихборотӣ шавад. Дар назар аст то аз зарфияти мавҷуди низомии ин гурӯҳ ба унвони аҳроми фишор алайҳ кишварҳои ҳамсоя, ки бо Русия равобити дерина доранд, истифода намоянд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!