Хабари рӯз

Пушти пардаи аҷиби таҳвили аҷулонаи консулгарии Афғонистон дар Машҳад ба Толибон чӣ нуҳуфта аст?

Нависанда: Муртазо Аҳмадии Зовинӣ, “Помир нюс”

Раиси намояндагии вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шимолу шарқи ин кишвар гуфт: “Ҳанӯз масири қонунии муаррифии сарконсули ҷадид тай нашуда ва фарде, ки акнун масъулияти консулгариро ба ӯҳда гирифта, сарпарасти муваққат аст”.

 Назари Аҳмад Маъсумифар дар бораи бархе ахбори мабнӣ бар вогузории консулгарии Афғонистон дар Машҳад ба Толибон: Наметавон гуфт консулгарии Афғонистон ба Толибон вогузар шудааст. Маъмурияти сарконсули собиқ аз муддатҳо пеш тамом шуда буд. Қарор буд фарди ҷадид ба Эрон муаррифӣ шавад. Фарде, ки Афғонистон ба унвони сарконсули ҷадиди ин кишвар дар Машҳад муаррифӣ кард, мутобиқ бо чаҳорчӯби Конвенсияи Вена набуд. Бар ҳамин асос вазорати хориҷаи Эрон ин фардро напазируфт.

Вай афзуд: Акнун яке аз коршинос-дипломатҳои консулгарӣ ба сурати муваққат аз самти ҳайати ҳокимаи ин кишвар барои сарпарастӣ муаррифӣ ва машғул ба кор шудааст. Ҳанӯз масири қонунии муаррифии сарконсули ҷадид тай нашуда ва фарде, ки акнун масъулиятро бар ӯҳда гирифта, сарпарасти муваққат аст. Дар мароҳили баъдӣ бояд фарде дар чаҳорчубаҳои дипломатӣ аз самти Афғонистон муаррифӣ ва чунончи ба таъйиди вазорати хориҷаи Эрон бирасад, ба унвони сарконсули Афғонистон дар Машҳад оғоз ба кор кунад.

Гуфтанӣ аст Аҳмад Маъсумифар, раиси намояндагии вазорати хориҷаи ҶИЭ дар шимолу шарқи ин кишвар, тайи гуфтугӯ бо хабаргузории Донишҷӯёни Эрон [ИСНА] бар ин нукот сиҳа гузоштааст, аммо лозим ба ёдоварӣ аст, Мавлавӣ Файзулраҳмон Атоӣ, фарди муаррифишуда ба унвони сарпарасти консулгарии Афғонистон дар Машҳад, аз мавлавиҳои Толибон аст, ки пештар бо латоифулҳиял ва ба унвони дипломат ба ин намояндагӣ таҳмил шуда буд. Атоӣ ҷонишини як, ба истилоҳ, дипломати дигари таҳмилии Толибон дар консулгарии Машҳад ба номи Доктор Салим аст.

Доктор Салим ҳамон дипломатест, ки як аккоси эрониро пинҳонӣ ва бо найранг ба дохили консулгарии Афғонистон дар Машҳад кашонда ва то ҳадди марг шиканҷа кард. Агар тасодуфан ин моҷаро ифшо намешуд, шояд ин шаҳрванди эронӣ акнун зинда набуд. Ин дипломат-террорист пас аз ин ширинкорӣ, бидуни ҳеҷ пайгарде аз Эрон ба Афғонистон авдат дода шуд.

Сарконсули ҷадиди Афғонистон дар Машҳад, ҳамчунин яке аз ҳамон се одамрабои маъруфе аст,ке чанд моҳ пеш бо мошини пулоки дипломатӣ ва бидуни иттилои сарконсули вақт, қасди рабудани Қорӣ Исо Муҳаммадӣ [як чеҳраи саршиноси опозисиони зидди Толибон] дар фурудгоҳи байналмилалии Машҳад ва интиқоли фавриаш ба Афғонистонро ба қасди куштани вай доштанд.

Акнун як саволи содда пеш меояд: чаро дар охирин рӯзи кории давлати пешин ба фаврият ва бо ин аҷала чунин тасмими ҳассос ва албатта, хатарноке бидуни таваҷҷуҳ ба абъоди печидаву завоёи торики он иҷро ва ногаҳон дар ин бурҳа ин имтиёзи аҷиб тақдими Толибон мешавад? Чаро бо вуҷуди ҳузури анбӯҳи дипломатҳои мутахассис, тавоно ва хушсобиқа, ҳумои саодат бар шонаи олудаи ин толиби террорист, ки дар моҷарои одамрабоӣ расман дахил буда, фуруд меояд? Чаро чунин фарди машкуке ба раёсат расонда мешавад?

Оё ҳаргиз андешидаем агар ин террористҳо дар он амалиёти одамрабоӣ дар хоки Эрон ва дар фурудгоҳи байналмилалии як калоншаҳри Эрон муваффақ мешуданд, фоҷеаҳои бадтар аз террори Ҷамол Хошуқчӣ рух медод ва обрӯи Эрон дар ҷаҳон ба хатар меафтод? Чӣ тавр як маркази муҳими дипломатӣ ба касоне супурда мешавад, ки собиқаи суъистифода аз масунияти сиёсӣ ва эътимоди кишвари мизбонро барои иҷрои аҳдофу амалиётҳои террористӣ дар хоки он кишвар доштаанд?

Ва охирин ҳушдори дилсӯзона: Агар ба ҳар далеле террористҳои толиб, чунин содда тавони боҷгирӣ ва ба курсӣ нишондани хости худро бо кӯмаки лобиҳояшон дар Эрон биёбанд, ки гӯё ёфтаанд, ибтидо сафорати Афғонистон дар Теҳронро бо ҳамин равишу бидуни додани ҳеҷ имтиёзе дар давлати пешин гирифтанд, ҳоло консулгарии Афғонистон дар Машҳадро дар нахустин рӯзи оғоз ба кори давлати Доктор Пизишкиён ба унвони ҳадя дарёфт карданд.

Бо давоми ин боҷгириҳои пинҳону осон, қадами баъдии Толибон дар Эрон тасхири консулгарии Афғонистон дар шаҳри Зоҳидон, маркази вилояти Систону Балучистон хоҳад буд. Вилояте, ки Толибон ҳаводорони бумии бисёре дар он ҷо ёфтаанд, ки онон ва рафторҳои ифротиву сиёсатҳояшонро таҳсин мекунанд.

Масоили ин вилоят дар ин шароит хатти қирмизи умури амниятии Эрон аст ва... лобуд шумо ҳам шунидаед, ки мегӯянд, Амирхон Муттақӣ чеҳраи муқтадиру пурнуфузи Толибон, фориғуттаҳсили мадрасаҳое аз он ҷост. Ту худ ҳадиси муфассал бихон аз ин муҷмал... Шояд вақти он расидааст, ки давлати ҷадид ва дилсӯзи Эрон, пеш аз он ки дер шавад ва кор ба нуқтаи буҳрониву бебозгашт бирасад, дар сиёсати озмудаи се соли ахир нисбат ба Афғонистон ва хосса террористҳои толиб таҷдиди назар кунад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!