Диктатураи сояи Толибон бо раҳбарон сояаш чӣ гуна вуҷуд дорад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Вазири дифои Толибон аз аъзои ин гурӯҳ хост аз Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ ва дигар мақомот, монанди “мурдаҳое дар тахтаи ғусл дар баробари мурдашӯй” итоат кунанд. Ин дар ҳолест, ки ин гурӯҳ аз як раҳбарии номаръӣ итоат карда ва кӯркӯрона ба иҷрову татбиқи фармонҳои он мепардозанд. Шояд ин гурӯҳ аз ҷумлаи нахустин созмони террористие бошад, ки бидуни шинохти лозим аз шахсият ва мавҷудияти раҳбарашон ба итоати он водор мешаванд.
Дар гузашта низ аз мавҷудият ва ё адами раҳбаре чун Ҳайбатуллоҳ, суханҳои тавъам бо шакку тардид зада шуда буд. Ҳоло худи мақомҳои Толибон аз адами мавҷудияти он сухан мезананд ва тамоми ин шакку гумонҳоро ба яқин мубаддал месозад.
Толибон дар ибтидои зуҳури ин гурӯҳ, раҳбаре доштанд ба номи Мулло Умар, ки ҷуз андаке назар ба ривоёт, вайро надида буд. Касе тавфиқ наёфт, то чеҳраи он марди якчашма ва бесаводро, ки дар авҷи ҷанг бо Шӯравии собиқ, саргардон ба сангарҳои кӯр ва бидуни дарк, ин тарафу он тараф давида буд, бубинад. Ин мард кӣ буд, ки як ҷунбиши бузург аз ифротгароёни қабиласолор, мардони мутаассиб ва бидуни шинохт аз таърих, фарҳанг, қидосат ва роҳнамоии динро пайравии кӯркӯрона мекарданд?
Мулло Умар, зоҳиран раҳбари ин гурӯҳ, тавонист аз ибтидои зуҳури он дар соли 1994 ило 2011 ин гурӯҳро раҳбарӣ кунад, аммо чеҳраи худро барои аҳаде намоён насозад. Ин кор дар ҷунбишҳое, ки хушунат ва ҷангро роҳкори амалии тасхиру қабзаи қудрат барои иддаи хосе бармегузинанд, нодиру аҷиб ба назар мерасад. Чун дар дунёи имрӯз, раҳбарон бо харизма, қудрати басиҷ ва тавони сухану ифодаи матолиб қодир мешаванд тӯдаҳои бехабарро ба думболи худ бикашонанд ва ба самте савқ диҳанд.
Аммо қазияи раҳбари Толибон чунин набуд. Ӯ бо вуҷуди зиндагии махфиёнв мӯъҷиза кард ва ҳазорон ҷавони паштуни бехабарро дар як проекти истихборотӣ ба думболи ормоне равона сохт, ки имрӯз пас аз сӣ сол аз таъсиси он ҳанӯз ҳам ин тафаккури ифротгароёна ва қироати аҷиб аз дин нафас мекашад ва хун мерезад.
Ба ҳар тақдир ин марди якчашма панҷ соли тамом бар 25 миллион инсони бечораву хаста аз ҷангу хушунат ҳукми амирулмуъмининӣ дод, фармон содир кард, Афғонистонро бо бепешинатарин равиши ҳукуматдорӣ “иморати исломӣ” хитоб кард ва ҳазорон марди бехабару рустоиро ба итоат аз худ водошт. Вай баъд аз соқит шудани иморати толибӣ барои як даҳаи дигар дар Покистон хуфия зиндагӣ кард ва он дам низ касе муваффақ ба дидори симои пинҳону хушунатзои вай нашуд.
Пас аз пахши шоеа дар мавриди марги вай пайравони дигари вай монанди Мулло Мансур низ бо айни равиш бар маснади амирулмуъмининӣ такя заданд ва хуни ҳазорон инсонро бар гардан гирифтанд. Мулло Мансур низ дар сол 2016 дар натиҷаи бозӣ аз саҳнаи ин диктатории соя ҳазф шуд ва ҳоло марде ба номи Ҳайбатуллоҳ, ин мақоми сояро зоҳиран бар дӯш мекашад.
Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид низоми Толибонро “муқаддас” хонда ва гуфтааст, ки бадиле барои он дар саросари ҷаҳон вуҷуд надорад. Вай рост мегӯяд. Ҳеҷ низоме дар ҷаҳон ҳаммонанди Толибон бо як раҳбари номаръӣ вуҷуд надорад, ки аъзои он низом бидуни яқини комил, ки раҳбари он зинда аст ё хайр, ба итоат аз он бипардозад.