Пекин аз тариқи нишасти Урумчӣ (музокироти Толибону Покистон) сиёсати муҳандисии бесуботиро рӯи даст гирифтааст.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”
Дар баҳбуҳаи таҳаввулоти печида ва чандлояи Ховари Миёна, Чин ба гунае ҳадафманд таҳаррукоти тозаеро дар парвандаи Афғонистон оғоз кардааст; таҳаррукоте, ки бештар аз он ки бозтоби иродае воқеӣ барои ҳалли бӯҳрон бошад, нишондиҳандаи вуруди ҳисобшудаи Пекин ба марҳалае аз “мудирияти бӯҳрон” аст.
Дар ин миён, танишҳо миёни Толибон ва Покистон дигар сарфан дар чорчӯби ихтилофоти сиёсӣ қобили тавзеҳ нест, балки ба возеҳ рангу бӯи истихборотӣ ва амниятӣ ба худ гирифтааст. Ҳар ду тараф, бо иттико ба аҳдофи таърифшуда, маъмуриятҳои мушаххас ва манобеи беруни, ин раванд фарсойиширо идома медиҳанд ва Чин низ бо дарки амиқ аз ин вазъият, ҷойгоҳи худро дар ин бозии печида бар мабнои манофеи роҳбурдиаш танзим кардааст.
Пурсиши калидӣ дар ин мақтаъ, на дар бораи моҳияти ихтилофи Толибон ва Покистон, балки дар бораи аҳдофи воқеии Чин дар ин саҳнаи мубҳам аст. Шавоҳид нишон медиҳад, ки Чин асосан ба дунболи ҳалли решаии бӯҳрони Афғонистон нест, балки талош дорад онро дар сатҳе қобили контрол нигоҳ дорад. Ин рӯйкард ба Пекин имкон медиҳад, то ҳам аз афзоиши таҳдидҳои амниятӣ ба марзҳояш ҷилавгирӣ кунад ва ҳам аз фазои бесуботӣ ба унвони аҳруме барои густариши нуфузи геополитикии худ истифода намояд. Дар ин чорчӯб, Покистон ба дунболи таҳаққуқи аҳдофи амниятии худ, бавижа маҳори таҳдидоти фаромарзӣ аст ва Толибон низ, таҳти фишори бӯҳрони машруият ва тарс аз фурӯпошии ногаҳонӣ, ногузир ба вуруд дар ин бозӣ шудаанд. Дар чунин муодалае, набуди эътимоди воқеӣ миёни тарафайн, на як иттифоқ, балки бахше аз моҳияти ин таъомул аст.
Таҳаррукоти ахири Покистон, аз ҷумла даъват аз мухолифони Толибон ба Исломобод, судури ҳушдорҳои мукаррари дипломатӣ дар бораи зарурати эҷоди як “режими машруъ” дар Афғонистон ва фаъолсозии дипломатия дар сатҳи байналмилалӣ, нишондиҳандаи тағйир дар тактикҳои ин кишвар аст. Ин иқдомот, амалан Толибонро дар мавқеияте тадофеъӣ қарор дода ва онҳоро водор карда то барои коҳиши фишорҳо ба Чин мутавассил шаванд.
Дар сӯи дигар, Чин, ки аз амалкарди мубҳам ва мутараддиди Толибон дар бархӯрд бо таҳдидҳои амниятӣ, бавижа таҳдидоте, ки манофеъи ин кишварро ҳадаф қарор медиҳанд, ризоят надорад, ин вазъиятро фурсате муносиб барои дар даст гирифтани ибтикори амал арзёбӣ мекунад. Бо вуҷуди он ки аз ҳамон ибтидо нишонае аз хушбинӣ нисбат ба натиҷаҳои ин музокирот вуҷуд надошт, аммо ин раванд барои ҳама тарафҳо фурсатҳое тоза эҷод кардааст.
Барои Чин, ин нишастҳо бистаре барои таъмиқи нуфуз ва эъмоли контроли ғайримустақим бар динамикҳои амниятии Афғонистон фароҳам мекунад. Барои Покистон, абзоре барои афзоиши фишор, озмоиши рафтори Толибон ва маҳдудсозии нуфузи соири бозигарон аст. Ва барои Толибон, фурсате аст барои касби машруият, коҳиши инзивo ва хариди замон. Ба ҳамин далел, ин нишастҳо моҳияте озмоишӣ ва тактикӣ доранд, на таъйинкунанда.
Дар ин миён, вазъияти шикандаи Толибон ба гунаест, ки ҳам Чин ва ҳам Покистон аз он баҳрабардорӣ мекунанд. Толибон, ки дар лабаи суқути ношӣ аз фуқдони машруияти дохилӣ ва байналмилалӣ қарор доранд, башиддат ниёзманди таъомулоти хориҷӣ ҳастанд. Аммо ҳамин ниёз, онҳоро дар мавқеияти заъф қарор дода ва заминаро барои эъмоли фишори бештар аз сӯи бозигарони минтақаӣ фароҳам кардааст. Бар хилофи иддаоҳои ибтидоӣ, Толибон ҳанӯз натавонистаанд дар сохтори тафоҳумҳои минтақавӣ идғом шаванд ё ба унвони як шарики қобили эътимод дар ҳамкориҳои минтақаӣ пазируфта шаванд.
Дар зимн, адабиёти мавриди истифодаи Толибон дар ин нишастҳо низ худ гӯёи воқеиятҳои пинҳон аст. Истифодаи мукаррар аз мафоҳиме чун “эҳтироми мутақобил”, “адами мудохила” ва “таъомули созанда”, нишондиҳандаи талош барои пӯшондани шикофҳои амиқ ва мудирияти зоҳирии ихтилофот аст. Ин навъи гуфтумон, на нишонаи пешрафт, балки баёнгари сатҳе аз инъитофпазирии иҷборӣ ва ҳатто навъе карниш дар баробари фишорҳои минтақаӣ аст. Толибон бо ин адабиёт, талош доранд худро ба унвони як бозигари масъул ва қобили таъомул нишон диҳанд, дар ҳоле ки дар амал, бо маҳдудиятҳои ҷиддӣ мувоҷеҳанд.
Дар сатҳе калонтар, ҳамгароии нисбии Чин ва Покистон дар мавзӯи “ҳиндзудоӣ” аз сохтори таъомул бо Толибон, яке аз аҳдофи муҳим аммо камтар ошкори ин раванд аст. Ин ду кишвар ба диққат ҳар гуна нишона аз наздикии Толибон ба бозигарони дигар, бавижа Ҳиндро зери назар доранд. Дар ин миён, ба назар мерасад, ки Ҳинд низ бо навъе тардид ва эҳтиёт дар таъомул бо Толибон ҳаракат мекунад; амре, ки мумкин аст таҳти таъсири таҳаввулоти густардатари минтақаӣ, аз ҷумла бӯҳронҳои ҷорӣ дар Ховари Миёна, қарор гирифта бошад. Бо ин ҳол, Чин ва Покистон ҳамчунон тамаркузи худро бар Афғонистон ҳифз кардаанд ва ҳар гуна тағйир дар рафтори Толибонро бо ҳассосияти боло расад мекунанд.
Нуктаи муҳимми дигар ин аст, ки Чин ҳаргиз дар ин муодала нақши як миёнҷии бетараф ва хайрхоҳро ифо намекунад. Пекин ба хубӣ медонад, ки буҳрони Афғонистон, дар канори таҳдидҳое, ки эҷод мекунад, фурсатҳое низ барои густариши нуфуз фароҳам меоварад. Аз ин манзар, Чин ба дунболи мудирияти бӯҳрон ба гунае аст, ки ҳазинаҳои онро дигарон бипардозанд, вале суди он насиби ин кишвар шавад. Ин рӯйкард на танҳо барои Чин мантиқӣ аст, балки Покистон низ ба хубӣ аз он огоҳ аст ва дар чорчӯби манофеи худ бо он ҳамроҳӣ мекунад.
Дар нигоҳи муштараки Чину Покистон, ин музокирот абзоре барои хариди замон, афзоиши қудрати манёвр ва мудирияти таҳдидҳост. Дар муқобил, Толибон ин равандро фурсате барои касби машруият ва коҳиши ҳассосиятҳои минтақавӣ медонанд. Аммо мушкили аслӣ инҷост, ки ҳеҷ як аз тарафайн омодагии ироаи имтиёзҳои воқеӣ барои расидан ба як тавофуқи пойдорро надоранд. Ҳамин масъала боис шуда, то бунбаст ҳамчунон побарҷо бимонад ва ҳеҷ масири рӯшане барои хуруҷ аз бӯҳрон дида нашавад.
Чин ба дунболи эҷоди навъе нуфузи чандлоя аст, ки ҳам битавонад Толибонро дар сатҳе контролпазир нигоҳ дорад, ҳам динамикҳои амниятии минтақаро мудирият кунад ва ҳам манофеи ҳаётии худро таъмин намояд. Дар айни ҳол, ин кишвар талош дорад нақши соири бозигарон, бавижа Ҳиндро маҳдуд созад. Покистон низ бо истифода аз ин фазо, ба дунболи ҳифзи фишори мустамар бар Толибон аст, то монеъ аз хуруҷи ин гурӯҳ аз доираи нуфузи худ шавад. Дар айни ҳол, Исломобод ба хубӣ медонад, ки ҳазфи комили Толибон аз қудрат, на мумкин аст ва на матлуб, бинобар ин, истратегияи он мубтанӣ бар контрол, на ҳазф аст.
Дар ниҳоят, Толибон, ки дар тангнои чандҷонибае гирифтор шудаанд, талош мекунанд аз ҳар фурсати мумкин барои машруъ ҷилва додани худ истифода кунанд. Ҳузур дар чунин нишастҳое барои онҳо абзоре аст барои фосила гирифтан аз тасвири як ҳукумати мунзавӣ ва тасбити ҷойгоҳи худ ба унвони як бозигари сиёсӣ. Аммо воқеият ин аст, ки ин талошҳо, дар ғиёби тағйироти воқеӣ дар рафтор ва сиёсатҳо, наметавонад ба танҳоӣ машруияти пойдор эҷод кунад.
Ин раванд бештар аз он ки нишонае аз ҳал бӯҳрон бошад, бозтоби рақобатҳои пинҳон ва мудириятшуда миёни бозигарони минтақаӣ аст. Чин ба дунболи нуфуз ва контрол, Покистон дар пайи маҳор ва фишор ва Толибон дар талош барои бақо ва машруиятанд. Фақдони эътимод ва набуди ирода барои мусолеҳаи воқеӣ, ин гуфтугӯҳоро ба сатҳе тактикӣ тақлил додааст. Дар ниҳоят, “бӯҳрони мудириятшуда” ҳамчунон бар “роҳҳалли воқеӣ” ғалаба дорад.