Қатъномаи 1988-и Шӯрои амнияти Созмони Милал ибҳом дар моҳияти амниятии Толибонро бозтавлид кард.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитик, махсус барои “Сангар”
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, феҳристи афроди таҳти таҳрими худро, ки умдатан аъзои гуруҳи Толибонро дар бар мегирад, бори дигар мунташир ва барӯзрасонӣ кардааст. Ин таҳримҳо бар мабнои қатъномаи 1988 Шӯрои амният эъмол мешавад; қатъномае, ки ба гунаи рамзӣ маҳдудиятҳоеро бар таҳаррукот, сафар ва фаъолиятҳои афроди шомил дар феҳрист вазъ мекунад.
Бо ин ҳол, дар амал мушоҳида шудааст, ки шуморе аз ин афрод, алорағми қарор доштан дар листи таҳрим, ба кишварҳои минтақа сафар доштаанд ва ин масъала нишон медиҳад, ки шиддати иҷрошавии ин режими таҳримӣ, бо навъе инъитоф ё таноқуз ҳамроҳ аст ва таъсири боздорандаи он маҳалли тардиди ҷиддӣ аст.
Дар нусхаи барӯзшудаи ин феҳрист, иттилооти марбут ба чеҳраҳои калидии Толибон аз ҷумла Муҳаммад Ҳасан Охунд, Абдулғанӣ Бародар, Амирхон Муттақӣ ва Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ ислоҳ шудааст ва ҳамзамон тайфи густурдае аз мақомоти мулкӣ ва низомии ин гуруҳ ҳамчунон дар чаҳорчӯби таҳрим боқӣ мондаанд. Тадовуми ҳузури ин афрод дар лист, нишондиҳандаи он аст, ки тафкики рӯшане миёни чеҳраҳои, ба истилоҳ, сиёсӣ ва амниятии Толибон дар нигоҳи ниҳодҳои байналмилалӣ вуҷуд надорад ва куллияти сохтори ин гуруҳ, дар як чаҳорчӯби таҳдидомез таҳлил мешавад.
Ин иқдом, беш аз он ки як раванди идорӣ талаққӣ шавад, печидагии таомули кишварҳо бо Толибонро барҷастатар сохта ва бар ибҳом дар хусуси моҳияти ҳуқуқии ин режим меафзояд. Аз як сӯ, баъзе кишварҳо ба таомул эҳтиёткорона ва маҳдуд бо Толибон рӯй овардаанд, аммо аз сӯи дигар, истимрор ва ҳатто тақвияти ин листи таҳримӣ нишон медиҳад, ки иҷмоъи амниятӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчунон бар «рискзо будан»-и ин гуруҳ устувор аст. Ба баёни дигар, Шӯрои амният бо ин барӯзрасонӣ, натанҳо вазъиятро шаффофтар накарда, балки лояҳои ҷадиде аз ибҳом ва сардаргумиро ба таҳлили вазъият афзудааст.
Гунҷонидани чеҳраҳои дипломатии Толибон дар ин феҳрист, ҳомили паёми муҳимме аст; ин ки ҳатто аносири ба зоҳир ғайринизомии ин гуруҳ низ дар чаҳорчӯби таҳдидоти амниятӣ арзёбӣ мешаванд ва таҳти назорат қарор доранд. Ин амр нишон медиҳад, ки аз диди ниҳодҳои байналмилалӣ, сохтори Толибон як кулли баҳампайваста аст, ки дар он марзи рӯшане миёни сиёсат, амният ва идеология вуҷуд надорад.
Аз манзари амниятӣ, ин барӯзрасонӣ баёнгари тадовуми нигоҳи бадбинона ва абзоргунаи Ғарб, бавежа Иёлоти Муттаҳида, нисбат ба Толибон аст. Тамдид ва тақвияти ин феҳрист нишон медиҳад, ки таҳдиди ношӣ аз Толибон ҳамчунон ҷиддӣ талаққӣ мешавад, ин гуруҳ қобили эътимод нест ва ҳамчун як абзори амниятии “ҷодасофкун” нигариста мешавад ва вазъияти кунунии Афғонистон, алорағми суботи зоҳирӣ, шикананда ва ноустувор арзёбӣ мегардад. Дарвоқеъ, паёми зимнии ин иқдом он аст, ки эътимод ба Толибон, алорағми сармоягузорӣ рӯи ин гуруҳ, ҳамчунон душвор аст ва фазои хокистарии фуқдони тазминҳои қобили иттико, бар таомулоти байналмилалӣ соя афкандааст.
Ҳамчунин, истимрори ин режими таҳримӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Афғонистони таҳти контроли Толибонро билқувва ба унвони бастаре барои фаъолияти шабакаҳо ва созмонҳои террористӣ дар назар мегирад ва дар ин таҳлил, истисное қоил нест. Ин бардошт, ҳатто дар шароите, ки Толибон талош дорад тасвире аз субот ва контрол ироа диҳад, баёнгари як нигаронии амиқи амниятӣ аст, ки реша дар шохисҳои таҳдиди билфеъл ва билқувва дорад.
Дар маҷмӯъ, ин иқдом таъкид мекунад, ки Толибон ҳамчунон дар зумраи бозигарони пурриски амниятӣ қарор дорад, ҳатто дар сатҳи як сохтори ҳоким. Бинобар ин, ин барӯзрасонӣ беш аз он ки як иқдоми фаннӣ бошад, бозтоби як рӯйкарди тардидомез ва ҳушдордиҳанда нисбат ба ояндаи ин гуруҳ аст. Ин вазъият бар хилофи тасаввурест, ки эҳтимоли идғоми Толибон дар ҷомеаи ҷаҳониро матраҳ мекунад ва нишон медиҳад, ки пешинаи тӯлонии ҳузури ин гуруҳ дар чаҳорчӯби таҳримҳои Шӯрои амният, ки аз соли 2011 то кунун тадовум ёфта, ҳамчунон асаргузор ва таъйинкунанда аст.
Ин пешинаи ҳуқуқӣ, вазъияти Толибонро дар ҳолати таълиқ ва шикананда нигоҳ дошта ва имкони ҳаргуна иҷмоъ ё иқдоми ҳамоҳанг дар Шӯрои амниятро алайҳи он ҳифз мекунад. Аз ин манзар, ҳатто ҷойгоҳи де-фактои Толибон низ таҳти таъсири ин чаҳорчӯби ҳуқуқӣ қарор дорад ва ҳар гуна ҳаракат ба самти машрӯъияти байналмилалӣ, вобаста ба таҳаввулоти амниятӣ ва навъи таомул ин гуруҳ бо таҳдидоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Дар ниҳоят, паёми рӯшани ин иқдом он аст, ки ҳар бозигаре, ки ба самти шиносоии Толибон ҳаракат кунад, ногузир бояд паёмадҳои амниятӣ ва эътибории онро дар назар бигирад. Ҳатто таомулоти маҳдуд низ метавонад дар сурати бурузи ҳассосиятҳои амниятӣ, ба тазъифи престижи байналмилалии кишварҳо мунҷар шавад ва онҳоро дар маърази интиқод ё фишор қарор диҳад.