Чаро Ҳомид Карзай ба дидори Сироҷуддин Ҳаққонӣ меравад?
Муаллиф: Самир Бадруд, таҳлилгар (Афғонистон)
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, ба баҳонаи Иди Фитр ба дидори Сироҷуддин Ҳаққонӣ рафт. Ин дидор нахустин дидори Карзай бо Ҳаққонӣ нест; пеш аз ин низ эшон барои фотиҳахонии Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, бародари Мавлавӣ Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, ба хонаи Ҳаққониҳо рафта буд.
Дидор ва талошҳои раисиҷумҳури пешин барои наздикӣ бо Ҳаққониҳо, пурсишҳоеро матраҳ мекунад, ки ироаи посухҳои эҳтимолӣ ба ҳар яке аз онҳо метавонад чашмандози сиёсати Афғонистонро рӯшантар созад. Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки Карзай дар гузашта дар як мусоҳибаи телевизионӣ, ба гунаи мушаххас “шабакаи Ҳаққонӣ”-ро ҷосус ва уммоли ISI хонда буд.
Бо ин ҳол, чаро Карзай талош дорад то равобити худро бо шабакаи Ҳаққонӣ наздик созад? Оё ин талошҳо нишонгари тамоюли вай ба давр задани шабакаи Толибони Қандаҳор нест?
Карзай сиёсатмадоре бархоста аз ҳавзаи Қандаҳор аст. Марҳум Абдулаҳадхон Карзай, падари эшон, аз бузургони қавми Пупалзойӣ буд, ки дар давраи аввали Толибон дар Кветтаи Покистон ба қатл расид. Гуфта мешавад, ки ин рӯйдод боис шуд то Ҳомид Карзай роҳи худро аз Толибон ҷудо карда ва ба ҷабҳаи зидди муқовимати Толибон наздик шавад, ки дар ҳамин росто вай ба қаламрави таҳти ҳокимияти Давлати Исломии Афғонистон сафар карда ва бо зиндаёд Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, дидор кард.
Дар соли 2001, бо суқути Толибон тавассути нерӯҳои байналмилалӣ ва Ҷабҳаи муттаҳиди миллӣ, раҳбарии идораи муваққат ба Карзай супурда шуд ва эшон то соли 2014 дар раъси низоми ҷумҳурият боқӣ монд. Аммо тайи он солҳо, ҷанги шадиде дар ҷануб, бавижа дар ҳавзаи Қандаҳор, ҷараён дошт. Ҳавзаи Қандаҳор, ки маркази қудрати Толибон буд, ҳеҷ гоҳ Карзайро ба унвони “мишр (бузург)”-и худ напазируфт. Дар нахустин солҳои ба қудрат расидани Карзай, эшон дар Қандаҳор ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт. Ин рӯйдод дарвоқеъ нахустин ва муҳкамтарин посухи ҳавзаи Қандаҳор ба вай буд.
Пас аз он, Карзай ба нудрат ва таҳти тадобири шадиди амниятӣ тавонист ба Қандаҳор сафар кунад. Ҳавзаи Қандаҳор, ки бори дигар ба маркази шӯришгарии Толибон мубаддал шуда буд, ба Карзай ба унвони фарде менигарист, ки дар раъси низоме қарор дорад, ки аз дили душманӣ бо онон бархоста буд. Ҳарчанд Карзай пас аз интихоботи 2009 ба гунаи рӯзафзун ба мухолифат бо амрикоиҳо пардохт ва то ҳадде ки барояш мумкин буд, муттаҳидони сиёсии худро аз ҳавзаи муқовимати зидди Толибон ба ҳошия бурд, аммо ҳеч гоҳ натавонист ба ҷойгоҳи “мишр”-и ҳавзаи Луи Қандаҳор қад алам кунад.
Дар соли 2021, ҳамзамон бо суқути ҷумҳурият, Карзай ҳамроҳ бо хонаводааш ба хонаи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ рафт. Гуфта мешавад, ки эшон қасд дошт ба сафорати Эрон дар Кобул паноҳ бибарад, аммо пас аз тамос бо доктор Абдуллоҳ, қонеъ шуд, ки ба хонаи вай биравад. Нафси ҳузури Карзай дар хонаи доктор Абдуллоҳ дар он замон, нишондиҳандаи адами итминони вай нисбат ба амнияти худ аз ҷониби Толибон буд. Дар ҳамон замон, Халилурраҳмон Ҳаққонӣ нақши восит миёни Толибон ва бозмондагони ҷумҳуриятро ифо кард ва навъе тазмини амнияти ҷонӣ барои Карзай ва шуморе дигар аз вобастагони низоми ҷумҳуриятро, ки дар Кобул боқӣ монда буданд, фароҳам сохт.
Дар ҳоли ҳозир, Толибони ҳавзаи Қандаҳор ба раҳбарии Ҳайбатуллоҳ Охундзода, бахши аслии қудрати режими Толибон ҳастанд. Режими Толибон ба раҳбарии ҳавзаи Қандаҳор, на танҳо машрӯъияти дохилӣ ҳосил натавонист, балки ба гунаи рӯзафзун ба инзивои байналмилалӣ кашонда шуд.
Ахиран, иқдомоти танбеҳии шадиди кишвари Покистон алайҳи Толибони афғон ва покистонӣ, ки бо чашмпӯшии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нерӯҳои сиёсии мухолифи Толибон ҳамроҳ буд, бақои режими Толибонро зери суол бурдааст. Равобити органикӣ ва баргаштнопазири режими Толибон бо TTP мавзӯъе аст, ки бозсозии равобити кишвари Покистон бо режими Толибонро тақрибан номумкин сохтааст ва таърихи муосири Афғонистон ба каррот собит сохтааст, ки душмании режимҳои ҳоким дар Кобул бо Покистон дар ниҳоят ба нафъи Покистон тамом шудааст. Афзун бар ин, рукуди иқтисодӣ, ғорати манобеъи табиӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир ва саркашии режими Толибон аз низоми байналмилал — ки ахирн унвони режими “гаровгонгир”-ро аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида дарёфт кард — мавориди муҳимме ҳастанд, ки гӯёи суқути режими Толибон аст.
Дар ин миён, ҳалқаи Ҳаққонӣ, ки нақши умдае дар ҷанг алайҳи ҷумҳурият дошт ва пас аз бозгашти Толибон ба ҳошия ронда шуд, дар чаҳор соли гузашта нишонаҳое аз худ буруз дода, ки ҳокӣ аз гароиши Сироҷуддин Ҳаққонӣ ба самти ислоҳ дар даруни режими Толибон, ҳатто ба қимати убур аз раҳбарии Ҳайбатуллоҳ ва таомул бо нерӯҳои мухолифи Толибон аст.
Ин вазъият дар мақтае то ҳадди тарҳи баҳси кудато алайҳи Ҳайбатуллоҳ пеш рафт. Посухи Ҳайбатуллоҳ низ маҳдуд сохтани салоҳиятҳои Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар вазорати дохила ва эҷоди нерӯи низомии қавӣ ва вафодор ба худ дар ҳавзаи Қандаҳор буд, то дар сурати вуқуъи чунин сенарияе, аз вай дифоъ кунад.
Дар ин чорчӯб, талоши Карзай барои наздик шудан ба ҷараёни Ҳаққонӣ қобили дарк аст. Эшон аз як сӯ натавонист ҷойгоҳи бартар дар ҳавзаи Қандаҳорро дар ҳузури толибони Қандаҳорӣ ба даст оварад ва аз сӯи дигар, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи сиёсии худ, раванди заволи режими Толибон ба раҳбарии Ҳайбатуллоҳро баргаштнопазир мебинад. Аз ҳамин рӯ, Карзай талош дорад бо ҳифз ва тақвияти равобити худ бо Ҳаққониҳо, Толибони ҳавзаи Қандаҳорро давр зада ва пас аз беш аз ду даҳа, шатранҷи сиёсии бузурги Қандаҳорро ба нафъи худ рақам бизанад.
Бо ин ҳол, чолишҳои пешорӯи эшон чандбуъдӣ аст. Дар гоми нахуст, давр задани Ҳайбатуллоҳ, Мулло Бародар, Юсуф Вафо, Мулло Яъқуб ва соири чеҳраҳои калидӣ барои Карзай кори содае нахоҳад буд. Дар айни ҳол, адами эътимоди бахше аз нерӯҳои сиёсии дохилӣ нисбат ба эшон ва низ мероси сиёсии манфӣ дар равобит бо Ғарб, бахти вайро барои эҳрози ҷойгоҳи бартар дар ҳавзаи Қандаҳор ва бозгашти муҷаддад ба қудрат, бо ибҳом ва душворӣ ҳамроҳ месозад.