Хабари рӯз

Толибон наметавонанд мухолифатҳои дарунии худро маҳор кунанд.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Рӯзи гузашта аз тариқи расонаҳо шунидам, ки Форуқ Аъзам, мушовири аршади вазорати энержӣ ва оби Толибон, забон ба шикоят гушуд ва ҳатто амалкарди раҳбари Толибонро ғайриисломӣ хонд.

Гарчи оқои Форуқ Аъзам касе аст, ки дар ҳар режиме одами дарборӣ буда ва ба наҳве дар дастархони қудратмандон худро шарик медонад.

Ӯ дар замони ҳукумати муҷоҳидин ҳам вазир буд ва дар замон оқои Карзай ва Ашраф Ғанӣ низ ба ҳайси мушовири аршад ифои вазифа мекард, монанди ин ки ҳоло дар қудрат шарик аст.

Ба ҳар сурат дар ин навишта, қасд дорам дидгоҳи худро дар мавриди буҳронҳои фарогири мухолифатҳо дар дохили Толибон бо шумо дар миён бигузорам.

Ба назари ман, мухолифатҳои дарунӣ дар Толибон ношӣ аз чандин омил аст, ки ба масоили идеологӣ, қавмӣ, сиёсӣ ва мудирияти қудрат марбут мешавад. Ин авомил ба шарҳи зер ҳастанд:

 1 - Ихтилофоти идеологӣ: Толибон як ҷунбиши чандгона аст, ки аъзои он мумкин аст тафсирҳои мутафовите аз идеологияи исломӣ ва роҳбурдҳои сиёсӣ дошта бошанд. Бархе аъзо мумкин аст мавозеъи сахтгиронатаре нисбат ба иҷрои шариат дошта бошанд, дар ҳоле, ки дигарон ба рӯйкардҳои нармтар ё мусолиҳагароёнатар гароиш доранд.

2 - Танаввӯи қавмӣ: Толибон аз ақвоми мухталифе, монанди паштунҳо, тоҷикҳо ва ӯзбекҳо ташкил шудааст. Агарчи паштунҳо аксариятро ташкил медиҳанд, ихтилофоти қавмӣ ва табъизҳо метавонад мунҷар ба норизоиятӣ ва кашмакашҳои дарунӣ шавад. 

3 - Масоили қудрат ва нуфуз: Рақобат бар сари қудрат ва тақсими маносиби муҳим дар ҳукумат ва сохтори Толибон, омили дигаре дар бурузи ихтилофот аст. Ҷиноҳҳои мухталиф барои касби нуфузи бештар дар давлат ва иқтисод бо якдигар рақобат доранд.

4 - Равобити хориҷӣ: Толибон равобити печидае бо кишварҳои ҳамсоя ва қудратҳои минтақаӣ, монанди Покистон, Эрон ва Чин дорад. Бархе ҷиноҳҳо мумкин аст аз нуфуз ё ҳимояти бархе аз ин кишварҳо норозӣ бошанд, дар ҳоле, ки ҷиноҳҳои дигар ба ин ҳимоятҳо такя мекунанд.

5 - Норизоиятиҳои дохилӣ ва шикофҳои раҳбарӣ: Пас аз марги Мулло Умар, бунёдгузори Толибон ва кушта шудани Мулло Мансур, ҷонишин ӯ, шикофҳои раҳбарии бештаре дар ин гурӯҳ шакл гирифт. Ин мавзӯъ боис шудааст, ки ҷиноҳҳои мухталиф барои ба даст овардани раҳбарӣ ва нуфуз бо якдигар даргир шаванд.

Ин авомил маҷмӯан боис мешаванд, ки Толибон ба унвони як гурӯҳи муташаккил аз ҷиноҳҳо ва дидгоҳҳои мухталиф, бо чолишҳои дарунӣ рӯбарӯ бошад. Ман бовар надорам, ки Толибон битавонанд ин мухолифатҳои даруниро маҳор кунанд ва иттиҳод ва ҳамбстагии худро ҳифз намоянд. Ба назар меояд, ки ба мурури замон ин шикофҳо афзоиш ёфта ва буҳрон дохилии Толибонро ба чолишҳои ҷиддитаре хоҳад кашонд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!