Хабари рӯз

Дар ҳоле, ки кишварҳои минтақа бо Толибон бозии тактикӣ ва муваққатӣ доранд, қудратҳои фаромитақаӣ аз он дар стратегияи бесуботсозии баландмуддат истифода мекунанд.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Матлаби аслӣ: طالبان در بازی بزرگ: مهره یا بازیگر؟

Пас аз хуруҷи Амрикову НАТО ва қатъи ҳимоят аз давлати ҷумҳурӣ, Толибон бе муқовимати ҷиддӣ ва тақрибан бидуни ҷанг қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Акнун кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Чин, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, равобити фаъол ва чандқабата бо Толибон барқарор кардаанд. Русия ҳамчун аввалин кишвар Толибонро ба расмият шинохт, Чин дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳатто низомӣ дар Афғонистон фаъол аст, Эрон нуфузи иттилоотӣ ва мазҳабии бесобиқае дар даруни Толибон эҷод кардааст ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба далелҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо аморати Толибон вориди таомул шудаанд.

Ин вазъият як парадокси геополитикиро рақам задааст: чӣ гуна Толибон, ки маҳсули тавофуқоти пуштипарда ва муҳандисии қудратҳои бузург аст, метавонад ҳамзамон бо Амрико ва мухолифони минтақавии он дар тафоҳум бошад ва ҳамчун як унсури мустақили қудрат зоҳир шавад ва вориди муомилаҳои сангин бо ин қудратҳо гардад?

Дарвоқеъ, Толибон аз ибтидо то имрӯз, ҳамеша дар чорчӯби манофеи қудратҳои бузург ва ширкатҳои нафтӣ ва минтақавӣ шакл гирифта ва рушд кардааст. Шаҳодатҳои ғайриқобили инкор нишон медиҳад, ки Толибон бар асоси тасмимоти қудратҳои бузург ба қудрат расиданд ва хуруҷи Амрико аз Афғонистон, беш аз онки шикаст бошад, як ҷобаҷоии тактикӣ барои тамаркуз бар муҳосираи Чин, Русия ва Эрон буд. Ин роҳбурд, бахше аз доктринаи «бозмавозина»-и Амрико барои тамаркуз бар нуқтаҳои калидии ҷаҳон аст. Толибон бо зарфияти тахрибӣ ва амалиётии террористӣ, интихобзамон шуданд ва дар меҳвари бозиҳои кишварҳои минтақа ва фароминтақа қарор гирифтанд.

Толибон, ба далели моҳияти тахрибӣ ва бистари парваришёфтаи шӯришҳои террористӣ, беҳтарин абзор барои бесуботсозии марзҳои Чин, Русия ва Эрон дар назар гирифта шуданд. Бо таҳвили қудрат ба Толибон тавассути тавофуқи Давҳа, Амрико тавонист тавозуни амниятии минтақаро ҳатто дар ғайби худ ҳифз кунад. Толибон бо мизбонии беш аз бист гурӯҳи террористии фаромиллӣ, иҷрои қавонини сахтгирона ва эҷоди амнияти сунъӣ тавассути саркӯб, амалан ба нафъи манофеи ҳаётии Ғарб ва муттаҳидонаш амал мекунад.

Дар ин миён, қудратҳои минтақавӣ Толибонро на ҳамчун шарики воқеӣ, балки ҳамчун таҳдиди мудириятшуда мебинанд ва гузинаи беҳтаре барои пур кардани холигии амниятӣ пас аз хуруҷи Амрико надоранд. Равобити иқтисодӣ ва сиёсии ин кишварҳо бо Толибон, бештар аз сари иҷбор ва нигаронӣ аст, то эътимод ва алоқа. Ҳатто ба расмият шинохтани Толибон тавассути Русия, бештар як бозии тактикӣ барои харидории замон ва мудирияти бӯҳрон аст, то як иқдоми стратегии дарозмуддат.

Толибон фоқиди машрӯъияти дохилӣ ва байналмилалии пойдор аст ва эътибори ҳуқуқӣ ва қонуние надорад. Ин гурӯҳ, ба далели нуфузи иттилоотӣ ва амниятии чандҷониба, ба муҳрае чандрӯя ва осебпазир табдил шудааст; тарҳи истихборотие, ки бештар бар асоси тактикҳо ҳаракат мекунад то стратегия. Бинобар ин, Толибон на комилан мустақил аст ва на комилан вобаста; балки дар як бозии чандқабата ва печидаи геополитикӣ гирифтор шудааст ва қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ, ҳар як дар пайи баҳрабардорӣ аз ин муҳра ҳастанд.

Ояндаи Толибон ва Афғонистон, беш аз ҳар чиз ба рақобатҳои хориҷӣ гиреҳ хӯрдааст, то ирода ва тавони дохилӣ. Фоқиди машрӯъият, истибдоду фишори дохилӣ ва низоми сиёсии таҳмилӣ, ҳамагӣ нишонаҳое аз шиканандагӣ ва эҳтимоли фурӯпошии ногаҳонии ин сохтор аст. Ҳар гуна субот дар Афғонистон, муваққатӣ ва вобаста ба манофеи қудратҳои бузург аст.

Аммо чаро Ғарб, бо вуҷуди ҳимоят ва парвариши Толибон, акнун ин гурӯҳро ба домони Русия, Чин ва Эрон тела медиҳад? Мантиқи наздикии Толибон бо минтақа, чанд буъд дорад:

  • Наздикии Толибон бо қудратҳои осиёӣ, хатари мудохилаи мустақим ва ҳимоят аз гурӯҳҳои рақибро коҳиш медиҳад;
  • Ин наздикӣ, итминони козибе аз контрол бар вазъияти терроризм дар Афғонистон ба минтақа медиҳад;
  • Кишварҳои минтақа, ба далели ниёзҳои иқтисодӣ ва амниятӣ, ночор ба боҷдиҳӣ ба Толибон шудаанд ва ин амр ба бақои Толибон кӯмак мекунад;
  • Наздикии Толибон бо минтақа, ихтилофоти дохилии ин гурӯҳ бар сари манофеи иқтисодӣ ва идориро шадидтар мекунад ва ин ихтилофот, абзори “тафриқа андозу ҳукумат кун” барои Ғарб аст, то бесуботиро дар ҷуғрофиёи қудратҳои осиёӣ густариш диҳад.

Дар ин миён Русия ҳамчун шарики ҷаҳонии Амрико, дар меҳвари ин бозӣ қарор дорад, аммо аз назари осебпазирӣ дар ҳошия аст. Ҳадафи аслӣ муҳосираву маҳдудсозии Чин ва ҷилавгирӣ аз густаришталабии иқтисодӣ ва геополитикии Пекин аст. Эрон низ пас аз даргириҳои Ховари Миёна ва таниш бо Исроил, бо чолишҳои амниятии ҷадиде аз ду ҷиҳат мувоҷеҳ аст: тазъифи меҳвари муқовимат ва муҳосира тавассути Қафқоз. Туркия ва НАТО низ бо ҳимоят аз Озарбойҷон, ба дунболи таҳаққуқи аҳдофи пантуркистӣ ва фишор бар Русия ва Эрон ҳастанд. Фишор бар Осиёи Марказӣ ва эҷоди бесуботӣ дар ин минтақа, бахше аз роҳбурди муҳосираи Чин аст ва Афғонистон масири калидии ин роҳбурд барои Амрико боқӣ мондааст.

Дар натиҷа, Толибон бо баҳрабардорӣ аз нигарониҳо ва дастури кори амниятии минтақа ва фароминтақа, фурсат ёфтаанд, то бақои худро тазмин кунанд. Бозии минтақа бо Толибон тактикӣ ва муваққатист, дар ҳоле ки бозии фароминтақаӣ бо ин гурӯҳ, бахше аз роҳбурди бесуботсозӣ ва доктринаи бозмувозина барои маҳдудсозии қудратҳои осиёӣ мебошад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!