Ин гуруҳ террор ва қавмеҳвариро дар қолаби расмӣ пеш мебарад.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: عملگرایی بهعنوان نقاب: طالبان چه چیزی را پنهان میکند؟
Дар зеҳнияти умумӣ, Толибон ба ду дастаи усулгарову тундрав (Қандаҳор ба раҳбари Ҳайбатуллоҳ) ва амалгарову воқеънигар (Кобул ба раҳбарии Шабакаи Ҳаққонӣ) тақсим шудаанд. Ин тақсимбандӣ хӯроки аслии қазоватҳои роиҷ ва интизороти тарроҳишудаи истихборотиро шакл додааст; Интизороте, ки гумон меравад бо зуҳури амалгароӣ дар бахше аз Толибон шоҳиди тағйироти бунёдин дар рафтор ва сиёсатҳои ин гурӯҳ хоҳем буд. Аммо оё воқеан чунин аст?
Дар сатҳи минтақаӣ тамоюли бархе кишварҳо барои таомул бо ҳалқаи Қандаҳор, ба расмият шинохтани Толибон тавассути Маскав, вогузарии сафорат тавассути Чин ва ҳамкориҳои машваратии Эрон бо ин гурӯҳ, ҳамагӣ бар пояи ҳамин тасаввур шакл гирифтааст. Аммо пурсиши асосӣ ин ҷост: оё Толибон воқеан омодаанд то бо дарки воқеиятҳои имрӯзи ҷаҳон амалгароиро ҷойгузини тундравии идологии худ кунанд?
Ба бовари нигоранда, он чи ба унвони амалгароӣ дар рафтори Толибон мушоҳида мешавад, сирфан як тактикаи муваққат барои бақо ва фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, на як тағйири стратегӣ ва бунёдин дар моҳияти ин гурӯҳ. Толибон аз ин амалгароии намоишӣ ба унвони абзоре барои хариди замон, касби имтиёз ва ҳифзи қудрат баҳра мебаранд, на ба унвони нишонае аз таҳаввули идеологӣ.
Намоиши гуфтугӯҳои Шабакаи Ҳаққонӣ бо Ғарб ва ҳамсоягон, ҳаргиз ба маънои зери савол бурдани усули бунёдини Толибон набудааст. Ҳазфи занон аз ҷомеа, ҳукумати мубтанӣ бар иморат ва саркӯби озодиҳои маданӣ, ҳамчунон хутути қирмизи ин гурӯҳ боқӣ мондаанд. Амалгароии Толибон, гузинишӣ ва сатҳӣ аст ва сирфан барои тасвирсозии мусбат ва фиреби афкори умумӣ ба кор меравад, бе он ки тағйире воқеӣ дар сиёсатҳо ва рафторҳои бунёдини ин гурӯҳ рух дода бошад.
Дар арсаи сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва равобити хориҷӣ, Толибон бо ҳушмандӣ ва истифода аз абзорҳои фиреб, талош мекунанд чеҳрае мутафовит аз худ ба намоиш бигузоранд. Ин манёврҳо, агарчи бархе кишварҳоро дар тафсири рафтори Толибон дучор тардид карда, аммо воқеият ин аст, ки ҳеҷ тафовути моҳиявӣ миёни Шабакаи Ҳаққонӣ ва гурӯҳи Қандаҳор вуҷуд надорад. Ҳар ду дар зоти худ қавммеҳвар, террористпарвар, зидди тамаддун ва мухолифи танаввӯъи фарҳангӣ ва забонианд.
Шабакаи Ҳаққонӣ, бидуни ҳеҷ тағйире дар моҳияти худ, ба ҳаюлое бадал шуда, ки террор, ироб ва боҷгириро дар қолаби як давлати пинҳон ва терроризми давлатӣ пеш мебарад. Ин гурӯҳ, дар ҳоле, ки ба раҳбарони Алқоида паноҳ медиҳад ва гурӯҳҳои террористиро ҳимоят мекунад, мубориза бо ДОИШро ба як намоиши расонаӣ табдил кардааст. Вафодории идеологии Толибон ба терроризми фаромиллӣ, абзоре барои чоназанӣ ва касби имтиёз аз кишварҳои минтақа ва фароминтақа аст.
Вожаи “амалгароӣ” дар қомуси Толибон, на як воқеият, балки тарфанди истихборотӣ ва пӯшише барои машрӯъиятсозии козиб аст. Толибон, дар ҳоле, ки ба думболи шиносоии байналмилалӣ ҳастанд, ҳаргиз иртиботи худро бо гурӯҳҳои террористӣ қатъ накардаанд; Чаро, ки ин иртибот, манбаъи қудрат ва абзори фишори онҳост.
Таомули тактикии Толибон бо ҷаҳон талоше барои мудирияти буҳрон ва ҳифзи бақои сиёсӣ аст. Агар рӯзе шароит ба гунае рақам бихӯрад, ки бақои Толибон дар қудрат таҳдид шавад, Шабакаи Ҳаққонӣ бо чеҳрае “сафедшуда” ва ба зоҳир мӯътадил, вориди майдон хоҳад шуд то аз фурӯпошии комил ҷилавгирӣ кунад. Аммо ин нармиш ҳаргиз ба маънои ақибнишинӣ аз ҳастаи сахти идеологии Толибон нест.
Дар ниҳоят, ҳеҷ тафовуте миёни Шабакаи Ҳаққонӣ ва гурӯҳ Қандаҳор дар дидгоҳҳои қавммеҳварона, террористӣ, зиддитамаддунӣ ва форсиситезона вуҷуд надорад. Ҳар ду аз вожаи амалгароӣ сирфан барои фиреби афкори умумӣ ва хариди замон истифода мекунанд. Ин бозии дугона то замоне идома хоҳад ёфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ чашм бар воқеиятҳои пушти пардаи терроризм ва апартеиди ҷинсиятии Толибон бибандад; Ғафлате, ки ҳазинаҳои сангине барои минтақа ва ҷаҳон дар пай хоҳад дошт.
Гурӯҳи Ҳаққонӣ на ислоҳталаб аст ва на либерал; Онҳо танҳо барои бақои худ, ҳимоят аз терроризм ва лопӯшонии корномаи сиёҳашон, ниқоби амалгароӣ бар чеҳра задаанд. Зеро ба хубӣ медонанд, ки танҳо тундравӣ ва вафодорӣ ба моҳияти толибонӣ зомини бақои онҳост.