Меъмори фоҷиаи Афғонистон чаро вакили Толибон шудааст?
Нависанда: Алиаҳмад Бобак, “Бозгашт”
Матлаби аслӣ: "گرگی پیر در لباس میش"
Дар ҳафтаҳои ахир, Залмай Халилзод, дипломати паштунтбор ва намояндаи пешини Амрико дар умури Афғонистон – бо интишори матне дар бораи қатъномаи Маҷмаъи умумии Созмони Милал, бори дигар талош кард худро дар ҷойгоҳи як дилсӯз зоҳир карда ва буҳрони Афғонистонро ба гардани дигарон биандозад. Аммо оё метавон нақши меҳварӣ ва вайронгари ӯро дар таҳвили Афғонистон ба Толибон, пушти фарёдҳои пур зарқу барқи имрӯзаш пинҳон кард? На. Ҳақиқат ин аст, ки Залмай Халилзод на танҳо яке аз меъморони аслии фоҷиаи Афғонистон аст, балки имрӯз низ бо тамоми қувва дар хидмати машрӯъиятбахшӣ ба Толибон қарор дорад. Ӯ, бар хилофи шиорҳои ҳуқуқибашариаш, дар амал шарик ва намояндаи гурӯҳест, ки низоми омӯзиши духтаронро нобуд карда, расонаҳоро хомӯш сохта ва миллионҳо шаҳрванди Афғонистонро ба фақр, фирор ва сукут водоштааст.
Нақши Халилзод дар нишасти Давҳа (2018–2020)-ро наметавон дасти кам гирифт. Ин музокирот, ки бо меҳварияти хурӯҷи Амрико аз Афғонистон ва тавофуқ бо Толибон анҷом шуд, на танҳо давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистонро ба ҳошия ронд, балки амалан Толибонро ба унвони як тарафи расмӣ ва машрӯъ муаррифӣ кард, бе он ки онҳо даст аз хушунат бардоранд ё ҳатто ба интихобот ё ҳуқуқи башар мутааҳҳид шаванд.
Халилзод бо бастани чашмони худ бар воқеиёти талхи Афғонистон, ҳамон гурӯҳеро тақвият кард, ки бо бомб, террор ва фишори идеологӣ даҳаҳо мардуми Афғонистонро ба гаравгон гирифта буданд. Ӯ аз тариқи тавофуқи Давҳа, чорчӯби суқути Кобулро ба дасти Толибон, бе ҳич ҷанги воқеӣ, рақам зад ва роҳро барои фурӯпошии низоми сиёсӣ ва артиши Афғонистон боз кард.
Имрӯз, Халилзод дар ҳоле аз заъфи ҳуқуқи башар дар кишварҳое монанди Эрон ва Покистон ҳарф мезанад, ки худ мушаввиқ ва пуштибони гурӯҳест, ки омӯзиши духтаронро мамнуъ карда, ҳуқуқи занонро салб намуда ва сиёсати саркӯбу ҳазфи мухолифонро бо шиддат думбол мекунад. Ӯ аз Афғонистон сухан мегӯяд, аммо аз худ намепурсад, ки чаро Афғонистон ба ин нуқта расид? Ӯ намегӯяд, ки проекти худаш, чӣ тавр низомро нобуд кард, ниҳодҳои маданиро беэътибор сохт ва мардумро дар баробари ифротгароён бедифоъ гузошт.
Дарвоқеъ, Халилзод имрӯз низ мекӯшад то бо фишорҳои расонаӣ ва сиёсӣ, заминаи ба расмият шинохтани Толибонро фароҳам овард гӯё ҳеҷ гоҳ на ҳазорон зани қурбонии сиёсатҳои занситезонаи ин гурӯҳ вуҷуд доштаанд, на расонаҳое хомӯш шуда ва на наслҳое бемактабу донишгоҳ.
Ин сиёсатмдори коркуштаи хоин ҳам ба Амрико ва ҳам ба Афғонистон, ҳамвора дар мавқифи лоби ва доӣ бо Толибон рафтор кардааст. Чаро? Зеро ҷойгоҳи кунунии худро ба унвони таҳлилгар, восита, мушовир ва коршиноси марҳун ҳамон муносиботи пуштпардаӣ аст, ки Толибонро дар қудрат нигаҳ доштааст. Ӯ акнун ба як баландгӯи ғайрирасмии Толибон дар Ғарб табдил шудааст; Намояндае бидуни унвони расмӣ, аммо бо нақши фаъол дар расонаҳо, нишастҳои пуштипарда ва шаклдиҳӣ ба афкори умумии байналмилалӣ дар бораи суботи Толибон дасту остин бар задааст.
Дарвоқеъ, Халилзод акнун ба гунае рафтор мекунад, ки гӯӣ худ бахше аз сохтори Толибон аст; Аз онон дифоъ мекунад, хостаҳояшонро тавҷеҳ менамояд ва фоҷиаҳояшонро бо ҳамла ба соири кишварҳо пинҳон месозад.
Шояд ҳеҷ иборате беҳтар аз “гурги пир дар либоси меш” натавонад чеҳраи воқеии Халилзодро тавсиф кунад. Ӯ, ки замоне умеди бахше аз нухбагони Афғонистон барои миёнҷигарӣ ва таомули ҷаҳонӣ буд, имрӯз ба омили аслии тасбити вопасгароӣ дар Афғонистон бадал шудааст.
Халилзод ба хуни ҳазорон низомӣ ва ғайринизомие, ки барои дифоъ аз ҷумҳурият истоданд ва ба миллионҳо зану духтаре, ки акнун аз таҳсил, кор ва зиндагӣ маҳруманд, хиёнат кард. Ва ба даҳаҳо талош ҷомеаи ҷаҳонӣ барои сохтани Афғонистони озод бо садои ҳама ақвом ва шаҳрвандон.
Акнун замони он фаро расидааст, ки нухбагони Афғонистон, ҷомеаи маданӣ, расонаҳо ва муҳоҷирини Афғонистон дар саросари ҷаҳон, ривоятҳои масмум ва фиребкоронае, монанди навиштаи ахир Халилзодро ифшо кунанд. Ӯ сухан аз адолат ва фақр мегӯяд, дар ҳоле, ки худ шарики фаъоли фақр, беадолатӣ ва истибдод дар Афғонистон будааст.
Ҳар гуна ба расмият шинохтани Толибон хиёнате дигар ба миллати Афғонистон хоҳад буд; Ва ҳар минбар ва платформае, ки дар ихтиёри Халилзод қарор гирад, як гоми дигар дар масири таҳрифи таърих аст.