Пайомадҳои сиёсати мамошот бо аморати Толибон бар амнияти миллии Ӯзбекистон ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон
Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, раиси Андешкадаи миллати Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Тағйироти Афғонистон пас аз бозгашти аморати Толибон ба қудрат, на танҳо амнияти дохилии ин кишвар, балки суботи амниятии Осиёи Марказӣ ва ҳамсоягони Афғонистонро ба таври ҷиддӣ таҳти таъсир қарор додааст. Иқрори расмии мақомоти амниятии Ӯзбекистон дар бораи афзоиши ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва фасоди идорӣ, нишонаи равшани шикасти сиёсатҳои бар пояи мамошат, имтиёздиҳии яктарафа ва таомулоти кӯркӯрона бо аморати Толибон мебошад. Ин мақола бо равиши таҳлилӣ–академик, вазъияти феълӣ ва ояндаи амниятии Ӯзбекистонро дар пайванд бо таҳаввулоти Афғонистон баррасӣ намуда, паёмадҳои минтақавии ин равандро барои соири кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба таври мухтасар таҳлил мекунад.
1 - Муқаддима
Афғонистон пас аз соли 2021 бори дигар ба маркази тавлид ва содироти ноамнӣ дар сатҳи минтақавӣ ва фароминтақавӣ табдил шудааст. Бар хилофи тасаввури ибтидоии бархе кишварҳои ҳамсоя, ба вижа Ӯзбекистон, бар ин бовар ки таомулоти иқтисодӣ ва сиёсӣ бо аморати Толибон метавонад суботи нисбӣ эҷод кунад, шавоҳиди майдонӣ ва изҳороти расмии мақомоти амниятии ин кишвар нишон медиҳад, ки ин равиш на танҳо ба субот наанҷомида, балки таҳдидҳои амниятиро ташдид кардааст.
2 - Иқрори расмии Ӯзбекистон: нишонае аз шикасти сиёсати таомул
Изҳороти Баҳодур Қурбонов, раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон, метавонад як нуқтаи атфи амниятӣ дар гуфтумони расмии ин кишвар дониста шавад. Таъкиди ӯ бар:
- афзоиши ифротгароии динӣ;
- рушди терроризми фаромарзӣ;
- ду баробар шудани кашфиёти маводи мухаддир;
- густариши фасод дар ниҳодҳои давлатӣ.
Ҳамагӣ баёнгари он аст, ки таҳдидҳо на фарзӣ, балки воқеӣ, ҷорӣ ва сохторӣ шудаанд.
Ин иқрорҳо дарвоқеъ бозтоби мустақими паёмадҳои сиёсати чаҳорнимсолаи таомул бидуни пешшарт бо аморати Толибон аст.
3 - Афғонистон таҳти ҳокимияти Толибон; муҳаррики тавлиди таҳдид
3.1 - Ифротгароии идеологӣ
Аморати Толибон бо моҳияти идеологии худ, ба таври мустақим ё ғайримустақим, илҳомбахши гурӯҳҳои ифротии минтақавӣ мебошад. Тазъифи мухолифони сиёсӣ ва низомии Толибон дар дохили Афғонистон, фазои берақибе эҷод кардааст, ки натиҷаи он ҷасуртар шудани лоиҳаи содироти идеологияи аморатӣ ба кишварҳои ҳамсоя аст.
3.2 - ДОИШ Хуросон ва ҷанги шинохтӣ
Афзоиши таблиғоти чандзабонаи ДОИШ Хуросон барои мухотабони Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, нишон медиҳад, ки Афғонистон ба пойгоҳи ҷанги шинохтӣ ва идеологӣ алайҳи давлатҳои минтақа табдил шудааст. Фазои маҷозӣ, ҳамон гуна ки мақомоти Ӯзбекистон ҳушдор додаанд, абзори аслии ин нуфуз аст.
3.3 - Иқтисоди маводи мухаддир ва шабакаҳои фасод
Афзоиши чашмгири қочоқи маводи мухаддир, бавижа маводи мухаддири синтетикӣ, на танҳо саломатии иҷтимоии Ӯзбекистонро таҳдид мекунад, балки бо фасоди сохторӣ дар ниҳодҳои давлатӣ пайванд хӯрда, амнияти миллиро аз дарун фарсоиш медиҳад.
4 - Ӯзбекистон; миёни амнияти сахт ва буҳрони нарм
4.1 - Иқдомоти амниятии сахт
Ӯзбекистон бо сохтани ҳисорҳои марзӣ, роҳҳои амниятӣ ва системаҳои ҳушдори электроникӣ талош кардааст марзҳои худро эмин созад. Ин иқдомот, агарчи боиси коҳиши нисбии нақзи марзҳо шудааст, аммо таҳдидҳои нарм ва фаромарзиро маҳор накардааст.
4.2 - Таҳдидҳои нарм ва дарозмуддат
- нуфузи идеологӣ дар миёни ҷавонон;
- густариши маводи мухаддири синтетикӣ;
- одисозии ифротгароии динӣ;
- фарсоиши машрӯъияти давлат ба василаи фасод.
Ин омилҳо дар сурати идома, метавонанд сенарияе мушобеҳи даҳаи 2000 мелодиро бозтавлид кунанд; бо ин тафовут, ки ин бор шабакаҳо печидатар ва фаромарзитар шудаанд.
5 - Сенарияҳои ояндаи Ӯзбекистон
Сенарияи аввал: идомаи мамошот
Дар ин сенария, таомул бидуни фишор бо аморати Толибон идома меёбад. Паёмади он:
- тақвияти гурӯҳҳои ифротии ҳамсӯ бо Толибон;
- афзоиши ноамнии дохилӣ;
- фишори тадриҷӣ барои тағйири сохтори сиёсӣ–динӣ;
Сенарияи дувум: бознигарии маҳдуд
Ӯзбекистон равиши эҳтиёткортаре ихтиёр мекунад, аммо бидуни ҳимояти минтақавӣ. Ин сенария танҳо замони буҳронро ба таъхир меандозад.
Сенарияи сеюм: бознигарии роҳбурдӣ ва минтақавӣ
Ҳамкории амниятӣ бо соири ҳамсоягони Афғонистон, ҳимоя аз маҳори ифротгароӣ ва фосилагузории равшан бо аморати Толибон. Ин танҳо сенарияи пойдор аст.
6 - Таъсироти минтақавӣ бар соири ҳамсоягони Афғонистон (ба таври мухтасар)
Тоҷикистон: ҳадафи мустақими таблиғоти ДОИШ Хуросон ва таҳдидҳои идеологӣ
Туркманистон: осебпазир дар баробари қочоқ ва нуфузи хомӯш
Покистон: намунаи айнии бозгашти ифротгароӣ аз Афғонистон
Эрон: фишорҳои амниятӣ, маводи мухаддир ва бесуботии марзӣ
Вежагии муштараки ҳамаи ин кишварҳо, натоиҷи манфии сиёсати мимошат бо Толибон аст.
7 - Хулоса
Таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки сиёсатҳои бар пояи тарс, имтиёздиҳӣ ва таомулоти кӯркӯрона бо аморати Толибон, на танҳо амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро тазмин накардааст, балки заминасози тақвияти ифротгароӣ, тазъифи давлатҳо ва таҳдиди миллатҳо шудааст.
Паёми равшан ин аст:
Аморати Толибон ҳар қадар қавитар шавад, тавсеаталабтар ва ҷасуртар хоҳад шуд.
Кишварҳои ҳамсоя агар дар сиёсатҳои худ таҷдиди назарии фаврӣ ва роҳбурдӣ накунанд, дер ё зуд бо паёмадҳои сангинтар рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Дар ниҳоят, он чӣ имрӯз дар Ӯзбекистон дида мешавад, на як ҳодисаи муваққатӣ, балки натиҷаи мустақими сиёсатҳои худкардаест, ки на дард дорад ва на дармон.