Таҳоҷуми толибон ба Хуросон, таҳоҷуми ривояти панарабӣ аст. Барои толибон туркҳо, тоҷикҳо ва ҳазораҳо дигар таъриф мешавад ва ҳатто паштунҳои равшанфикр низ дар таърифи онон аз ифротияти динӣ намегунҷад.
Нависанда: Наҷиб Борвар
Зиндагии Паёмбар ба унвони як масъалаи оинӣ мабҳаси дигаре аст, аммо иттифоқҳои ислом пас аз даргузашти Паёмбар то имрӯз сиёсӣ аст. Ҳатто мусташриқини исломӣ ҳаёти Паёмбарро ҷудо аз исломи сиёсӣ баррасӣ кардаанд.
Масъала аз он ҷо шурӯъ мешавад, ки ҷанги ҷонишинӣ оғоз мешавад. Мутобиқи баъзе аз ривоятҳои шифоҳӣ Алӣ - имоми шиъаён муддаӣ мешавад, ки Паёмбар ӯро ҷонишин таъйин кардааст. Ин масъала боис мешавад, ки Умар дахолат кунад. Умар бо шамшер Абубакрро дар ҷойгоҳи хилофат менишонад, то силсилаи хилофати исломи сиёсӣ мутобиқи силсиламаротиби суннатӣ паймуда шавад. Хонаводаи Паёмбар аз ҳамон ибтидо эътироз мекунад ва ихтилофҳо шурӯъ мешавад.
Дар миёни хулафои чаҳоргона ривояте дар меҳвари Умар шакл мегирад, ки дар талоши сиёсӣ кардани ислом аст. Ин ривоят рӯз ба рӯз тақвият мешавад ва дар замони хилофати Умар намуди ошкори лашкаркашӣ пайдо мекунад. Вақте чеҳраи оинии ислом бо шамшер ва зӯр ҳамроҳ мешавад, хонаводаи Паёмбар эътироз ва амалкарди халифаи дувумро хилофи арзишҳои ҷаддашон муаррифӣ мекунад.
Ин ҷангҳо ва мухолифатҳо то замони хилофати Усмон ва Алӣ низ идома меёбад, ки дар яке аз ҷангҳо Оиша низ алайҳи Усмон ба набард бармехезад. Имом Ҳусайн дар Карбало низ дар меҳвари ҳамин арзишталабӣ кушта мешавад, зеро наҳваи хилофати Язидро дар муғойират бо асосоти дини Муҳаммад меёбад.
Эрониҳо, ки дар минтақа дорои ривояти мустақил ва тамаддунӣ ҳастанд, дар ҳуҷуми арабҳо ба сарзаминашон пас аз ҷангҳои бисёр шикаст мехӯранд. Истодагӣ дар баробари ҳуҷуми миллатҳои гуногун зери номи ислом душвор ва номумкин мешавад. Эрониҳо бо чораандешии нарм аз ихтилофи арабҳо ба нафъи хеш ривоятсозӣ мекунанд ва аз мухолифати хонаводаи Паёмбар ҳимоят мекунанд. Ин ҳимоятҳои пинҳон баъдҳо чунон намуд пайдо мекунанд, ки боис мешавад мазҳаби ташайюъ ба унвони як гуфтумони баробар алайҳи арабҳо шакл бигирад. Ба таърих таваҷҷуҳ кунед, ки азодории эрониён барои Ҳусайн шабеҳ аст ба азодории онон барои Сиёвашу қаҳрамонон ва устураҳои дигари таърих.
Мазҳаби ташайюъ кам-кам чунон поя мегирад, ки ҳамтирози ривояти арабии сиёсӣ ҷо боз мекунад ва сабаб мешавад, ки фарҳангу забони эронӣ дар зери сояи ин камарбанди амниятӣ зинда бимонад. Ба андозаи мазоҳиби арабӣ, мазҳаби эронӣ аз ислом низ густариш меёбад, чунон ки аз чаҳор маркази тавлиди фикрии ислом, дутои он дар Қум ва Наҷаф қарор мегиранд.
Албатта дар канори мабҳаси шиъӣ муборизоти фарҳангӣ ва миллӣ низ реша мегиранд. Истодагии Абумуслим ва Яъқуби Лайс низ дар эътироз ба ҳуҷуми араб сиёсӣ буд, ки зери номи исломи Муҳаммадӣ барои таҷовуз ва таарруз омада буд.
Арабҳо вақте вуруди мазҳаби эрониён ба исломро дарк мекунанд, аз ҳамон гузашта фатвоҳои сиёсӣ содир мекунанд. Мазҳаби шиъиро рофизӣ ва фарҳанги эрониро маҷусӣ мехонанд. Ҷанги Эрон ва Араб дар тӯли таърих идома дошта, ки дар таърихи муосир, илова бар душмании давлатҳои панарабӣ, гурӯҳҳои террористӣ низ дар меҳвари зиддият ва душманӣ бо шиа ва фарҳанги порсӣ асосгузорӣ мешаванд.
Толибон низ бо пайравӣ аз араби сиёсӣ ба Хуросон ҳуҷум меоваранд ва нахустин ҳукумати тоҷикони Хуросониро, ки сесад сол баъд ба иқтидор расида буд, сарнагун мекунанд. Аммо ДОИШ, ки дастпарвардаи панарабӣ дар ҳимояти мустақими Ғарб ба вуҷуд омадааст, ҷуғрофияи сиёсии шиаро ҳадаф қарор медиҳад.
Баъзеҳо мепурсанд вақте толиб ҳам суннӣ аст ва тоҷикони Афғонистон низ суннӣ ҳастанд, пас мушкили инҳо чист? Мушкили аслӣ ин аст, ки тоҷикони Хуросон пайрави имом Абуҳанифа ҳастанд. Абуҳанифа бунёнгузори исломи хуросонӣ аст, ки дар исломи хуросонӣ низ муборизаи нарме алайҳи араби сиёсӣ вуҷуд дорад. Абуҳанифа аз ҳамин ҳайс ба намоз хондан бо забони порсӣ таъкид мекард, чаро ки миёни шиа ва исломи хуросонӣ пайванди бисёр маънидорест, ки донишмандони динӣ дарк мекунанд. Дар исломи хуросонӣ Бӯалӣ, Мавлавӣ ва Форобӣ чунон меандешанд, ки як эронии шиа меандешад. Аммо толибон пайрави ваҳобияти ифротӣ ҳастанд, ки бунмояҳояш дар кишварҳои панарабӣ асосгузорӣ шудааст.
Толибон шиа ва исломи хуросониро қабул надоранд. Барои онон Амонуллохон ғозӣ аст, аммо муборизаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар баробари русҳо, чун мубтанӣ бар исломи хуросонӣ аст, арзише надорад. Таҳоҷуми толибон ба Хуросон, таҳоҷуми ривояти панарабӣ аст. Барои толибон туркҳо, тоҷикҳо ва ҳазораҳо дигар таъриф мешавад ва ҳатто паштунҳои равшанфикр низ дар таърифи онон аз ифротияти динӣ намегунҷад. Душманӣ бо шиа, душманӣ бо тоҷик, душманӣ бо турк ва ҳазора, душманӣ бо порсӣ ва фарҳанги эронӣ. Ҳамон душмании панарабӣ аст, ки ҷиҳати равшан ва бисёр возеҳ дорад.
Аз ин манзар толиб ва ДОИШ фарзандони як модар ҳастанд ва обишхӯри ривояташон муштарак аст. Бо таваҷҷуҳ ба он чӣ гуфтам, толибонро рафторшиносӣ кунед, он гоҳ дармеёбед, ки чӣ қадар миёни ҳуҷуми толиб ва хилофатҳои мутаҷовизи арабӣ, риштаи борике вуҷуд дорад. Хуросониҳо таҳти ҳеҷ унвон, зери бори ин гурӯҳи ниёбатӣ нахоҳад рафт.
Хуросон дар тӯли таърих таҳоҷум ва таҷовузро напазируфта ва силоҳи мо то замони ҳузури Толибон дар ин минтақа бар замин гузошта нахоҳад шуд. Замони он аст, ки насли имрӯзи Афғонистон устувор бар гуфтумони миллӣ ин нанги таърихро аз сарзамини модариашон барчинанд. Дар хаёли саркаши мо вожаи таслим нест!
Назароти баёншуда дар ин мақола мутааллиқ ба худи нависанда аст ва лузуман мунъакискунандаи хатти машйи виростории Сангар нест.