Дар Афғонистон дар натиҷаи издивоҷи номашруъи қавму мазҳаб, ҳам ба дин хиёнат шуд ва ҳам ба миллат.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои мушовараи "Сангар"
Яке аз бахшҳои илми таърих таърихи муқоисавӣ аст, ки давраҳои мухталифро муҳаққиқи таърих ба муқоиса мигирад. Имрӯз як идда тааҷҷуб мекунанд, ки чаро занон дар хона ҳастанд ва дар кишвар озодии матбуот суқут кард ва мардум ҳақи сухан гуфтанро надоранд.
Асосан ин мавзуъ нав нест. Дар таърихи муосири Афғонистон Нодирхон падари Зоҳиршоҳ тарроҳи ғасби ҳуқуқи мардуму хонанишин кардани духтарони макотиб буд ва аммо имрӯз насли ҷавон намедонанд ва тасаввур мекунанд, ки барои аввалин бор ин иттифоқ афтидааст. Аммо бояд бидонанд, ки ба ҷуз аз Даҳаи демократия (1963-1973) ва ду даҳаи демократияи содиротии амрикоӣ дар Афғонистон мушкилоти амиқи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва махсусан озодии баёну қалам вуҷуд доштааст.
Мардум аз замони Нодирхон аз ҳуқуқи сиёсӣ маҳрум шуданд. Ғубор, муаррихи шаҳири кишвар менависад: "Шоҳ дар маҷлиси оме дар бораи сиёсати дохилии давлат чунин ихтор дод: ҳукумати мавҷуд нахоҳад гузошт, ки мисли давраи Амонуллоҳхон ҳар кас битавонад дар сиёсат ҳарф бизанад."
Даҳани мардум аз он ба баъд қуфл шуд. Донишҷӯён шадид муҷозот мешуданд, агар дар мавриди сиёсат сухан мегуфтанд. Муаррихини Афғонистон давраи салтанати Нодиршоҳро давраи иртиҷоъу ихтиноқ номидаанд. Ҷосусӣ ва контроли мардум, ки наметавонистанд нафас бикашанд бимнок ва ҳавлнок буд.
Баъд аз баргашти падари ин нависанда аз Фаронса, Нодирхон дар як гуфтушунуди кӯтоҳ ба падарам гуфта буд, ки "агар ба як ҳамсинфат ҳам чизе бигӯӣ, ба ман мерасад." Падарам аз тарафдорони Аълоҳазрат Амонуллоҳ буд (хотироти чопношудаи марҳум устод Муҳаммад Юнус, машҳур ба мутахассиси кимиё, падари нависанда).
Аз он ба баъд мардум одат карда буданд, ки хомӯш бошанд, мисли имрӯз дар дохили Афғонистон.
Ҷолиб ин аст, ки қаблан ҳам навиштам, ки як издивоҷи номашрӯъ байни қавму мазҳаб баъд аз ба қудрат расидани Нодирхон ақд гардид, ки муаррихин ғайримустақим ёд карданд ва аммо танҳо Нодирхонро маҳкум карданд, дар ҳоле ки мазҳабӣ ҳам масъул буд. Мазҳабӣ, ки бояд аз дин дифоъ мекард, дасти худро бо Нодирхон яке кард ва дар муқобили ин зулм, ки даҳани мардум баста бошад, худро хомӯш гирифт. Фаромӯшашон шуд, ки Қуръон мегӯяд, илмулбаён ва илмулбилқалам!!! Яъне ба шумо илми баён ва илми қаламро омӯхт.
Ҷолибтар ин буд, ки Нодирхон ва бародарон ҳар як дар кишварҳои аврупоӣ зиндагӣ карда буданд; Аз дин, ки наёмӯхта буданд ва аммо аз Аврупо ҳам наёмӯхтанд ва барои ҳифзи қудрат, мардумро хомӯш карданд мисли имрӯз. Ва моддаи қонунро, ки дар мавриди матбуот ба тасвиб расонда буданд, ҳаргиз ҷомаи амал напӯшонданд, зеро аз матбуоти озод шадид хавф доштанд, монанди имрӯз бояд роҳу расми диктаториро ба пеш мебурданд. Тарафдорони Нодирхон ва мазҳабиён тавҷеҳоти худро доранд, ки на аз нигоҳи ҳуқуқи маданӣ ва на шаръӣ тавҷеҳ шуда метавонад. Мо ҳамеша замонро маҳкум мекунем, ки Афғонистон омода набуд. Барои зулму ситам омода буд ва аммо барои таҳаввул омода набуд???
Дар мавриди хонанишинии занон ҳам Нодирхон нақши умда бозӣ кард ва як мавзӯъи нав нест ва мазҳабиён ба аъмоли иртиҷоии Нодирхон лаббайк гуфтанд, монанди имрӯз.
Таърихи муқоисавии Афғонистон бисёр ҷолиб аст. Ҳама масоил, ки дар давраи Нодирхон ба вуқӯъ пайвастааст, имрӯз такрор мешавад. Дар китоби "Афғонистон дар масири таърих", ҷилди дувум, ки идомаи ҷилди аввал буд ва дар Афғонистон дар аҳди Зоҳиршоҳ тавқиф шуд ва иҷозаи чоп дода нашуд, дар соли 1999 тавассути Ҳашмат Ғубор, писари марҳум Ғубор дар Амрико ба чоп расид. Баъд аз ба қудрат расидан, Нодирхон дар аввалин маромнонаи даҳфиқраӣ, монанди имрӯз, занонро маҳкум ба хонанишинӣ кард. Ғубор менависад, "нахустин коре, ки салтанат намуд, инсидоди мадориси занона, анҷумани нисвон(занон)-и Кобул ва ҷаридаи "Иршод"-и нисвон буд."
Масоиле, ки шумо имрӯз дар Афғонистон мебинед, натиҷа издивоҷи номашрӯъи қавму мазҳаб аст, ки аз тарафи салтанати Нодирхон поягузорӣ шуд. Ва ин поягузорӣ, ба гуфтаи худашон, бар асоси мазҳаби ҳанафӣ сурат гирифт ва моддаи аввал ҳамин буд, ки ҳукумат бар асоси мазҳаби ҳанафӣ бунёд меёбад. Ва аввалин кори мазҳабиён манъи рафтани духтарон ба макотиб буд ва наҳзати зан мутлақ кӯбида шуд. Ва шумо имрӯз айни масъаларо такрор мебинед.
Дар бахши нисвони мазҳабиён, ки асосан монанди имрӯз қавмиву қабоилӣ буданд, боиси муаррифии ғалати мазҳаби ҳанафӣ шуданд ва мазҳаби ҳанафиро, ки зиёдтарин пайравро дар ҷаҳони ислом дорад, бадном карданд. Мазҳаби ҳанафӣ аз либералитарин мазоҳиби чаҳоргона дар мазҳаби аҳли суннат аст ва шадид монанди имрӯз ба бероҳа кашонда шуд. Дину мазҳаб, ҳар ду шадид мухолифи зулм аст ва аммо, имрӯз зери унвони дину мазҳаб ва суннат Толибон зулм мекунанд, чунончи дар даврони Нодирхон зулм карданд. Натиҷа ин ки дар Афғонистон дар натиҷаи издивоҷи номашруъи қавму мазҳаб, ҳам ба дин хиёнат шуд ва ҳам ба миллат.