Хабари рӯз

Каъба як намоди илмӣ байни Худо ва инсон аст.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Бародари мӯҳтарам Ҳумоюнҷон Азизӣ аз гурӯҳи “Ҷумъа муборак”, ки мутасаддии он худам ҳастам, савол кардааст, ки чаро мегӯянд “Хонаи Худо”? Худо ҷисм нест, монанди инсон нест, ки маскан дошта бошад.

Аввал бояд бидонем, ки Худованд аз тариқи Қуръон бо мардум бо забони одӣ ва оммафаҳм сухан мегӯяд. Каъба, ки ба он Хонаи Худо гуфта мешавад чун сохтмони ин байт (хона) аз тарафи Худованд ба ҳазрати Иброҳим (ъ) супориш шуд, то ҳамроҳи писараш ҳазрати Исмоил (ъ) бино кунад, чун шакли хонаро дорад, хона гуфта шуд.

Барои мардум осон аст, ки то ҳамеша як нуқтае тамаркуз бошад ва Худованд Каъбаро маркази ҳамин иттиҳоди муслимин ва марказияти худопарастӣ қарор дод, то мардум барои ба Худо расидан ҷиҳату ҳадафе дошта бошанд, яъне аз нигоҳи равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ҳарду, мардум бояд ҳам ҳадаф дошта бошанд ва ҳам ҷиҳат барои расидан ба ҳадаф.

Аз тарафи дигар, Каъба як намод аст барои олами башарият, зеро оқибати ҳама раҷъат ба Худост. Дар Ислом танҳо байти Аллоҳ нест. Мо китоби Аллоҳ дорем, паёмбари Аллоҳ. Ва масоҷиди Ислом ҳам байти Аллоҳ номида мешаванд.

Хонаи Худо бад-ин маънӣ нест, ки Худованд макон дорад ва аммо қисме, ки гуфтем, Худованд мардумонро мехоҳад, то дар мавриди он зоти илоҳӣ ба як нуқта маътуф шаванд, то аз титу парокандагӣ ҷилавгирӣ шавад. Бад-ин асос Хонаи Худо самбул ё намоди ҳидояти башар ва намоде аз худопарастӣ аст, то мардум тамаркуз кунанд. Мисле, ки муҷассамаи “Озодӣ” дар Ню-Йорк намоде аз озодии инсон аст ва ё тандиси адолати Фемида намоде аз адолати иҷтимоӣ ва сиёсӣ барои башарият аст ва мор, ки дар зери пойи муҷассама аст, намоди ин ҳақиқат аст, ки фазилат бар бадхоҳӣ, фасод ва тақаллуб ғалаба дорад ва зери пойи адолат нест ва нобуд мешавад. Яъне нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки инсон мавҷудест, ки ба намоду ҳадаф ва ҷиҳатёбӣ ниёзманд аст ва барои ҳамин Каъба ҳамин нақшро бозӣ мекунад.

Дар зиндагонии башар мо байрақ дорем, муҳри давлатӣ ё подшоҳӣ дорем ва дигар намодҳо, ки намояндагӣ аз як ҳадафи мушаххас мекунад. Хонаи Худо мукааб аст ва аз ҳамин сабаб Каъба ёд мешавад, яъне ба шакли чаҳорзилъӣ бино шудааст. Барои ин ки аз нигоҳи риёзӣ ягона шакли ҳандасӣ, ки азлоъи мусовӣ дорад, мукааб аст, яъне Худованди одил, доно ва тавоно ба ҳама мусовиёна одил аст ва ба ҳама мерасад.

Пас, Каъба як намоди илмӣ байни Худо ва инсон аст. Вақте намозгузор ба саҳни Каъба дохил мешавад, ҳама ҷо қибла аст. Дар ҳар зилъи ин бино, ки шумо истода шавед, бо Худо ҳастед. Бо расидан ба ҳадаф, қиблаҳои дигар вуҷуд надорад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!