Соли нави хуршедӣ аз ғинои фарҳангиву илмии мусулмонон бархостааст.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Дар асри Салҷуқиён, ки яке аз бузургтарин императориҳои мусулмони минтақаи Хуросонзамини шарқӣ ва ғарбӣ буд, Ҷалолуддин Маликшоҳ Салҷуқӣ, султони муқтадири ин императорӣ даст ба ташаббуси таърихӣ ва илмӣ зад ва фарҳанги минтақаро тағйир дод. Салҷуқиён турктабор буданд, на афғонӣ буданд ва на эронӣ...
Инро ба хотири ин навиштм, ки як идда эрониҳо ҳама чизро ба хотири ғафлати мо мардум аз худ медонанд, дар ҳоле ки дар ҳама масоил бо ҳам ваҷҳи муштарак дорем, яъне на афғонӣ аст ва на эронӣ.
Ман минҳайси як муҳаққиқи афғон–амрикоӣ ҳаргиз иддао намекунам, ки таври мисол Мавлоно Балхӣ, ки дар Балх таваллуд шуда буд, аз Афғонистон буд. Ин рӯҳия на ахлоқӣ аст ва на илмӣ ва на ба мафоди мутолиоти Ховари Миёна. Зеро дар он замон Афғонистоне вуҷуд надошт. Махсусан, ки дар дин натсионализм нест ва аммо ин ҷафо ба таърих аст, ки мо ҳар матлабро ба номи худ кунем.
Гуфтем, ки дар он замон на Эрони имрӯзӣ буд ва на Афғонистони имрӯзӣ. Минтақаи Хуросонзамин буд. Соли 467 ҳиҷрии қамарӣ буд ва шахси масъули умури зироатӣ ба султон хабар дод, ки оидот қисме ки бояд бошад, нест ва як далели он тақвими қамарӣ аст, зеро дар ҳар сол тағйир мекунад ва ин боиси рукуди зироатӣ мегардад ба ҷойи ин ки мо чаҳор фасл дошта бошем. Роҳи ҳал чӣ бояд мебуд?
Бо Ҳаким Умари Хайёми риёзидону ситорашинос ва шоири маъруф машвара карданд ва ӯ гуфт, ки роҳи ҳал ин аст, ки тақвими ҳиҷрии қамарӣ ба тақвими ҳиҷрии хуршедӣ табдил шавад. Ин ташаббуси илмӣ ҷомаи амал пӯшид ва тақвими ҳиҷрии хуршедӣ, ки имсол 1404-ро ҷашн мегирем, зуҳур кард.
Ин тақвим машҳур аст ба номи “Тақвими Ҷалолӣ”, ки аз номи султон гирифта шудааст. Дар ҳисобу китоб аввал понздаҳуми марти 1079 мелодиро рӯзи аввали сол тахмин карданд ва аммо баъд аз ҳисобу китоб дақиқи дувумӣ 21 мартро мутобиқи аввали ҳамал сабт карданд. Яъне аввали ҳамал/фарвардин мутобиқ аст ба рӯзи аввали соли ҳиҷрии хуршедӣ. Ин тақвим ҳам ба асоси ҳиҷрати Расули Карим (с) санҷида шудааст, аммо ба асоси чархиши замин ба даври офтоб.
Баъд аз Салҷуқиён муллоҳое, ки мухолифи илм буданд нагузоштанд, ки тақвим расман корбурд дошта бошад ва аммо дар оғози қарни бистум подшоҳони Эрон ва Афғонистон тасмим гирифтанд, ки тақвим барои осонии корҳои зироатӣ ва идорӣ аз қамарӣ ба хуршедӣ табдил шавад. Эрониҳо ҳамон номҳои моҳҳоро, ки дар давраи Соcониён ривоҷ дошт, ҳифз карданд, монанди фарвардин, яъне ҳамал, урдибиҳишт, яъне савр ва ғайра ва аммо донишмандони Афғонистон тасмим гирифтанд, ки номҳои моҳҳо аз рӯи астрология бигиранд, монанди ҳамлу савру ҷавзо ва ғайра.
Наврӯзи бостонӣ қабл аз ислом ҳам буд ва аммо мусулмонони Хуросонзамин бо тадвини тақвими хуршедӣ ба он рангу атри исломӣ доданд ва аммо моҳҳои динӣ, монанди Рамазонро ҳифз карданд, ки умури динӣ ба моҳи қамарӣ бошад ва умури дунёӣ ба моҳи хуршедӣ бошад. Чунончи тавофи Каъба қабл аз ислом буд ва бо омадани ислом рангу атри тавҳидӣ ба он дода шуд.
Зебоии аввали ҳамал/фарвардин аввал дар ин аст, ки аввал баҳор аст, дувум аввали соли нав аст ва севум equinox аст яъне дар ин рӯз, шабу рӯз баробар аст. Чӣ қадар мусулмонон замоне пешрафта буданд ва аммо имрӯзро бибинед, ки толиби нодон духтарро зинда ба гӯр мекунад.
Соли нав муборак!