Хабари рӯз

Аз оташсӯзии Лос Анҷелес то толеъбиниҳои бобилӣ, теорияи тавтиа ва бурҳони шарр

Нависанда: Яъқуб Ясно, нависанда ва пажӯҳишгар, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Ман чанд вақт пеш бахше аз толеъбиниҳои бобилиро хондам, ки панҷ ҳазор сол пешина доранд ва аз давраи Шумериён ривоҷ ёфтаанд ва дар давраҳои ошуриҳо ва... такомул кардаанд. Ин толеъбиниҳо устувор бар шугун(саъду наҳс)анд ва маъмулан аз тақотуъ ва рӯбарӯии ду рӯйдод натиҷагирӣ мешаванд. Масалан, агар моҳи навро ба рӯи хар дидӣ, шугуни бад дорад, агар ба рӯи об дидӣ, шугуни хуб дорад. Манзур аз моҳи нав дидан ин аст, вақте моҳ нав мешавад, чашматон чизеро мебинад ва баъд дафъатан моҳи навро мебинад, ин амр мӯҷиби толеъбинӣ мешавад. Агар мусофират мерафтӣ ва аз хона баромадӣ, гурбаи сиёҳро дидӣ, чӣ мешавад, агар офтобгирифтагӣ сурат гирифт, чӣ мешавад.

Рафтори мардум дар гузашта маъмулан бар асоси ҳамин толеъбиниҳо арзишгузорӣ мешуд ва сурат мегирифт. Масалан, зане, ки чаҳор бародар дошт, набояд рӯзи чаҳоршанбе сари худро мешуст. Агар дар замистон зилзила шавад, чӣ паёмад дорад ва агар дар тобистон ва баҳор шавад чӣ? Фарҳанги динӣ ва мазҳабӣ низ маъмулан мутаассир аз толеъбиниҳои бобилӣ аст.

Мо гӯспанддор будем. Такка (бузи нар) ва қучқор (гӯспанди нар)-ро маъмулан 15 ақраб (5 ноябр) бо рама якҷо мекардем. Ин кор тибқи ташрифот ва толеъбинӣ сурат мегирифт. Бузи нар ва гӯспанди нарро чанд мард ҳаракат медоданд ва аз пушти онҳо обу ҷав мерехтонданд. Падарам ба афроде, ки қучқорро мебурданд, мегуфт, диққат кунед ва бубинед, ки қучқор нахустин бор бо чӣ ранг гӯспанде ҷуфтгирӣ мекунад. Падарам бар ин асос толеъбинӣ мекард, ки замистон сард меояд ё гарм, хуб мегузарад ё бад. Агар қучқор аввалин бор бо гӯспанди сафед, сиёҳ, сурх ва... ҷуфтгирӣ мекард, натиҷаи толеъбинӣ тафовут мекард.

Мебинам хеле дӯстони мусулмон ва ҳамватани завқздаи мо дучори толеъбинии бобилӣ шудаанд ва байн ҷанги Ғазза ва оташсӯзии Лос Анҷелес робита барқарор мекунанд ва бод дар ғабғаб меандозанд, мегӯянд, дидед дар Лос Анҷелес чӣ шуд, ки ҳукумати Амрико натавонист контрол кунад ва ҳатто шуморе аз ҳомиёни ҷумҳурии исломӣ натиҷагири карданд, ин оташсӯзӣ дасти Амрикоро бар Ховари Миёна кӯтоҳ мекунад ва дасти бозигарони минтақаӣ дароз мешавад.

Ғайр аз толеъбиниҳои бобилӣ дар бораи оташсӯзии Лос Анҷелес, теорияҳои тавтиа низ фаъол шуда ва даст ба даст мешаванд, ин ки ҳукумати Амрика созмондеҳишуда ин шаҳрро сӯхтонд то шаҳри ҷадиди ҳушманд бо истифода аз дастовардҳои илмӣ, бисозад. Агар шаҳр намесухтонд ба содагӣ наметавонист мардумро аз Лос Анҷелес хориҷ кунад ва ҳазинаи хонаҳои онҳоро бипардозад.

Аммо фаротар аз толеъбиниҳои бобилӣ ва теорияҳои тавтиа, ишорае ба бурҳони шарр кунем, ки Худованд дар ин оташсӯзӣ ё дар дигар рӯйдодҳои табиӣ чӣ нақше дорад?

Дар эътиқодот ва боварҳои динӣ гуфта мешавад, ҳеҷ иттифоқе ва ҳатто барги дарахте бе иродаи Худованд намеафтад ва рух намедиҳад. Зеро Худованд қодири мутлақ, донои мутлақ ва хайрхоҳи мутлақ аст. Ин ки Худованд қодири мутлақ аст, ин эътиқодро таъйид мекунад, ки ҳеҷ иттифоқе бе иродаи Худованд сурат намегирад, аммо вақте шарре сурат мегирад, ки дар он хушку тар месӯзад ва Худованд дахолат намекунад, дар ин сурат назарияи Худованди хайрхоҳ мутлақ аст, рад мешавад.

Агар Худованд хайрхоҳи мутлақ мебуд, намегузошт шарре, ки дар Ховари Миёна ҷараён дорад, рух диҳад ва намегузошт оташсӯзии Лос Анҷелес рух диҳад ва ҳазор ҷонвари бегуноҳ ва шуморе аз афрод зинда-зинда дар оташ бисӯзанд. Агар бигӯем, Худованд аз ҷанги Ғазза ва оташсӯзии Лос Анҷелес хабар надорад, дар ин сурат назарияи Худованди донои мутлақ аст, рад мешавад.

Ба ҳар сурат, беҳтар ин аст Худовандро дар кори инсон ва табиат дахолат надиҳем, зеро вожаи Худованд аз ин корҳо поку муназзаҳ аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!