“Ҳар ҷо мулки мост, ки мулки Худои мост”.
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Як дӯсти азизам аз Ҳоланд назари манро дар мавриди авзои Эрон ва имкони таҷзияи Эрон хостор шуда буд. Ҷавони боистеъдоду донишманд аст ва дар умури исломӣ аз Қуми Эрон таҳсилоти олӣ дорад. Ман назари худро барояш навиштам. Назари манро таъйид кард ва аммо он назарро ба яке аз устодон дар Қум фиристода буд ва ӯ ҳам дар ҷавоб назари манро “олӣ” гуфтааст ва изофа карда, ки чунин маълум мешавад, ки ман солҳо ба Эрон зиндагӣ кардаам. Ман дар Эрон зиндагӣ накардаам ва аммо солҳо башаршиносии фарҳангии Ховари Миёнаро тадрис кардам.
Хостам дар ин навиштор бинависам, ки дар дин натсионализм (миллатгароӣ) нест ва агар давлатмардони ҳушёр бошанд, мо ин қудратро дорем, ки хиттаи фарҳангии бузургро эҳё кунем. Истеъмори нав ё neocolonialism моро зери унвони натсионализм ва мазҳабгароӣ аз ҳам ҷудо сохтааст ва ин ба суди бошандагони минтақа нест.
Қуръон мегӯяд, ки ҳама муъминин бо ҳам дар дин хоҳару бародар ҳастанд (“Иннамал муминина ихва”). Аммо ояи “Ихва” тавассути муфассирини шиа ва суннӣ танҳо “бародар” маънӣ шудааст ва хоҳарро аз он кашидаанд. Дар ҳоле ки “ихва” аз ”ах” ва ”ахт” муштақ шудааст, ки музаккар ва муаннасаро ифода мекунад. Вақте шумо дар шурӯи як суханронӣ мегӯед, “хоҳарон ва бародарони азиз”, аз ҳамин оя шумо интибоҳ гирифтаед. Ин оя аз нигоҳи башаршиносии фарҳангӣ ҳоизи аҳамият аст, зеро дину имон ҳамаи муслиминро бо ҳам хоҳару бародар месозад.
Дину имон марз надорад. Як мусулмони фаронсавӣ бо мо бародар аст. Як хоҳари мусулмони амрикоӣ ё эронӣ бо мо хоҳар аст. Ҳамчунон Қуръон мегӯяд, ки магар замини Худо фарох набуд, ки ҳиҷрат кунед, вақте зери фишор қарор мегиред. Дар ин ояи Қуръон вобастагӣ ба як қитъаи заминро ба номи зодгоҳи мутлақ нафй мекунад ва мардумро ташвиқ мекунад, ки замини Худо фарох аст. Ҳар ҷо, ки мехоҳед маскан гузинед. Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ, ки аз ҳамин оя интибоҳ гирифтааст: “Ҳар ҷо мулки мост, ки мулки Худои мост”.
Ватан ҳам, ки мо ҳар рӯз барояш зор-зор гиря мекунем, дар дин саройи охират маънӣ медиҳад, на зодгоҳ. Дар китоби “Мирсод ул-ибод” асари нафиси Шайх Наҷмуддини Розӣ мехонем, ки:
“Яъне инҳоро, ки ба рузгори дунё машғуланд, ёдашон деҳ. Он рӯзҳои Худои таоло, ки дар ҷавори ҳазрат ва мақоми қурбат буданд, бошад, ки боз он меҳру муҳаббат дар эшон биҷунбад, дигарбора қасди ошёнаи аслӣ ва ватани ҳақиқӣ кунанд, лаълуҳум ятазаккарун. Лаълуҳум ярҷаъун, агар муҳаббати он ватан дар дил биҷунбад, айни имон аст (ҳуббулватани мин ал-имон) ва агар он муҳаббат наҷунбаду талаби муроҷиат накунад ва дил дар ин ҷаҳон бибандад, нишони беимонист.”
Ҳазрати Расули карим (с) замоне, ки бо қушуни бузург аз Мадина барои фатҳи Макка ҳаракат кард ва Маккаро, ки зодгоҳаш буд ва Маккаи муаззама дар он шаҳр буд, фатҳ кард, баъд аз фатҳ, ба Макка ва дар зодгоҳаш иқомат накард. Ҷолиб ин ки дар Мадина реҳлат кард ва ҳамон ҷо дафн шуд. Аз ҳамин сабаб аст, ки интиқоли майит ба зодгоҳаш дар шаръи ислом ҷавоз надорад.
Натсионализм, ки сохтаву бофтаи Ғарби исавӣ аст, ба кишварҳои мусулмон роҳ ёфт ва истеъмори мардуми мумину мусулмонро ба номи мазҳаби шиаву суннӣ, ки сохтаву бофтаи нифоқ аст, ба роҳ андохт. Натсионализм, ки аслан дар дин нафй шуда ва қавмиятгароӣ, ки дар дин нест, ба ҷони ҳам андохт ва кишварҳои мусулмонро тикка-тикка кард. Ва мо ҳанӯз ҳам бедор нашудаем ва мусулмони нодон ба қавму нажод ва миллияти худ меанозад ва қурбонии истисмору истеъмори нав шудааст ва аммо бехабар аст, ки онҳо аз нифоқи мо ба номи миллату мазҳаб солҳост, ки моро бечора сохтаанд.