Хабари рӯз

Мактабҳо, омӯзгорон ва имкониятҳои бештар барои ҷавонон чӣ гуна фароҳам мешаванд?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташаббусҳо оид ба маъмулигардонии забони русиро фаъолона пеш мебарад. Ба шарофати ин саъю кӯшишҳо мактабҳои нав сохта шуда, ба ҷумҳурии мо муаллимони баландихтисос равон карда шуда, марказҳои таълимӣ таъсис дода мешаванд ва хонандагон бо китобу маводҳои таълимӣ таъмин карда мешаванд. Яке аз иқдомҳои асосӣ - ифтитоҳи нахустин Маркази таҳсилоти иловагии Россотрудничество дар Душанбе мебошад, ки як ҷузъи барномаи васеъмиқёси Русия барои дастгирии забон ва таҳсили русӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 

МАРКАЗҲОИ ТАҲСИЛИ ИЛОВАГӢ

Охири моҳи декабр дар пойтахти Тоҷикистон Маркази таҳсили иловагии Россотрудничество ифтитоҳ ёфт, ин шашумин муассисаи аз тарафи Русия дар Тоҷикистон бунёдкарда ба ҳисоб меравад. Ин як қадами муҳимест дар доираи барномаи маъмулигардонии забон ва фарҳанги рус, ки аз ҷониби Русия дар ҷумҳурии мо амалӣ карда мешавад. Панҷ маркази қаблӣ дар мактабҳои ноҳиявӣ таъсис дода шуда буданд ва аллакай самаранокии худро исбот кардаанд. Маркази нав дар Душанбе дар назди Намояндагии Россотрудничество ҷойгир шудааст.

Роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев дар бораи ҳамкориҳо чунин мегӯяд: “Соли 2024 дар Тоҷикистон илова ба ду маркази дар соли 2023 ифтитоҳёфта, боз чор маркази таҳсилоти иловагии дигар кушода шуд. Ҳамаи марказҳо дар муассисаҳои таълимии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд. Вазифаи онҳо – мусоидат ба мактабҳо дар амалигардонии барномаҳои таҳсилоти иловагӣ, масалан, ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ барои хонандагони синну соли гуногун мебошад.

Марказ ҳамчун як макони таълимию омӯзишӣ хизмат карда, дар он имконият барои бо истифода аз таҷҳизоту мебели муосири табдилёбандаи истеҳсоли Русия ва экрани мултимедиявӣ (чандрасонаӣ) ба таври бароҳат ва самаранок гузаронидани маҳфилҳои гуногун, курсҳо, барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарсҳои маҳорат фароҳам оварда шудааст. Мо ба гуногунсозии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон мусоидат мекунем.

Вале фаъолияти Россотрудничество танҳо бо таҷҳизонидани ин синфхонаҳо маҳдуд намешавад. Мо робитаро бо маъмурият ва ҳайати омӯзгорони мактабҳо ба роҳ монда, нақшаи чорабиниҳои муштаракро тартиб дода истодаем, ки он ҳам чорабиниҳои якдафъаина ва ҳам лоиҳаҳои дарозмуддати таълимиро дар бар мегирад. Одатан ин дарсҳои кушод ва лексияҳо бахшида ба санаҳои хотирмони таърихи Тоҷикистон ва Русия, инчунин, ҷашнҳои умумӣ, аз ҷумла Иди Ғалаба, ҷашни зодрӯзи шоирону нависандагон мебошанд.

Мо чорабиниҳоро ҳам мустақилона дар якҷоягӣ бо омӯзгорони мактабҳо ва ҳам бо ёрии мутахассисоне, ки аз Русия меоянд, мегузаронем. Масалан, ҷамъияти “Дониши”-и Русия теъдоди зиёди лекторонро дар соҳаҳо ва бахшҳои гуногуни дониш муттаҳид менамояд, ки онҳо бо камоли хурсандӣ ба Тоҷикистон омада, мубодилаи таҷриба мегузаранд ва ба фаъолияти таълимӣ машғул мешаванд.”

Хонандагон ва донишҷӯёни филиали MИСИС, фаъолони Маркази забон ва фарҳанги русии донишгоҳ, ки аввали соли ҷорӣ ифтитоҳ ёфта буд, дар Душанбе аввалин меҳмонони маркази мазкур гардиданд. Дарси аввал ба таърих ва анъанаҳои таҷлили Соли нав бахшида шуда буд. Маркази нави таҳсилоти иловагӣ дар Душанбе ҳамчун як майдони таълимӣ ва фарҳангӣ хизмат карда, ба таҳкими равобити халқҳои Русия ва Тоҷикистон мусоидат менамояд.

 

ДИГАР ТАШАББУСҲО

Дар Тоҷикистон таҳсилоти русӣ торафт маъмул мегардад. Дар ҷумҳурии мо мактабҳое ҳастанд, ки таҳсилоташон пурра бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст, инчунин, дар муассисаҳои таълимии тоҷикӣ низ омӯзиши ҳатмии забони русӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, соли 2022 дар ҷумҳурии мо аз ҳисоби Русия 5 мактаб, аз ҷумла мактаби ба номи Гагарин дар Душанбе, бунёд карда шуд. Дар ҳамаи ин муассисаҳо таълим тибқи стандартҳои Русия ба роҳ монда шудааст. То соли 2030 дар Тоҷикистон сохтмони боз 5 мактаби дигари русӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол дар Тоҷикистон аллакай 5 муассисаи таълимии тибқи стандартҳои русӣ амалкунанда фаъолият мебаранд, ки  дар онҳо 5 ҳазору 700 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Интизор меравад, ки  ба шарофати сохтмони мактабҳои нав боз 5 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро  гирифта мешаванд.

Федератсияи Русия омодагии худро барои зиёд кардани теъдоди квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия эълом кард. Айни ҳол теъдоди квотаҳои аз ҷониби Россотрудничество ҷудошуда 1000 ҷойро ташкил медиҳад, ин ба донишҷӯёни тоҷик имкон медиҳад, аз ҳисоби буҷаи Русия таҳсил кунанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ дар рақобат барои дарёфти ин квота мақоми аввалро ишғол мекунад - 8 нафар барои як ҷой.

Инчунин, дар соли 2024 дар мактабҳои русӣ аз синфи якум то синфи ёздаҳум ва дар мактабҳои таҳсилоти умумии тоҷикӣ аз синфи дуюм то синфи ёздаҳум китобҳои дарсӣ аз забони русӣ нав (дастрас) карда шуданд. Худи ҳамон сол Русия ба Тоҷикистон, барои хонандагони мактабҳои русзабон ва мактабҳои тоҷикӣ 371 ҳазор китоби дарсӣ аз забони русӣ тақдим  кард. Барномаи “Муаллими рус дар хориҷа” ба рушди таҳсилоти русӣ дар ҷумҳурии мо мусоидат мекунад. Дар соли таҳсили 2024-2025 дар мактабҳои Тоҷикистон 171 нафар омӯзгорони рус ба кор ҷалб карда шуданд, ки аз фанни забони русӣ ва дигар фанҳо бо забони русӣ таълим медиҳанд,  ин нисбат ба соли гузашта хеле зиёд аст – соли гузашта дар ҷумҳурии мо 73 омӯзгори рус кор мекард. Аз байни онҳо 62 нафар омӯзгорон бори аввал ба Тоҷикистон омаданд. Барнома 27 мактаби дар 13 шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишварамон ҷойгиршударо фаро мегирад.

Илова бар ин, тирамоҳи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бинои нави факултаи забон ва адабиёти рус ба истифода дода шуд. Бинои нав барои таълими беш аз 1100 донишҷӯ пешбинӣ шудааст ва ҳамчун ҷузъи муҳимми татбиқи барномаи давлатии рушди таълими забонҳои русӣ ва англисӣ то соли 2030 маҳсуб меёбад. Дар бино 14 синфхонаҳои барҳаво, синфхонаи забономӯзӣ барои 32 нафар, маркази имтиҳонсупорӣ барои 120 нафар, толори фарҳангӣ бо 700 ҷойи нишаст, инчунин, осорхона ва утоқҳои иловагӣ мавҷуд аст. Чунин инфрасохтори замонавӣ барои омода кардани мутахассисон бо забони русӣ ва таҳкими робитаҳои маърифатӣ байни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Талабот ба омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон сол то сол мефзояд. Барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки мехоҳанд дар Русия таҳсил карда, касбу мансаб пайдо кунанд, донистани забони русӣ бартарии муҳимми рақобатӣ медиҳад. Донистани забони русӣ ба сӯи имкониятҳои ояндадор дар тиҷорат роҳ мекушояд ва дар пайдо кардани кори бонуфуз ва дарёфти даромади муносиб кумак мекунад. Ин на танҳо дар Русия ва Тоҷикистон, балки барои пайдо кардани кор дар бозорҳои байналмилалии меҳнат низ муҳим аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!