Хабари рӯз

Пас аз ҳазор сол “Шоҳнома” дар сатҳи давлатӣ ва миллӣ қадрдонӣ шуд.

Нависанда: профессор, доктор Яъқуб Ясно

Фарҳанг ва адабиёте, ки имрӯз ба номи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ ва эронӣ ёд мешавад, дар ҳақиқат аз ҷониби Сомониён асосгузорӣ ва ривоҷ дода шуд. Сомониён тоҷикони асили Хуросони Бузург буданд ва ба забону адабиёт ва фарҳанги ниёкони худ бисёр меҳр доштанд. Ривояти миллӣ ва ҳамосии адабиёти форсӣ пас аз ислом, бинобар алоқаи Сомониён ба фарҳанг ва ривояти миллӣ ва ҳамосии ниёконашон, шакл гирифт.

Чаро Сомониён чунин алоқаро ба фарҳанг, забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ ва эронӣ доштанд? Барои он ки Сомониён аз мардуми бумӣ ва асили Хуросон ва минтақа ва соҳибзабони форсии тоҷикӣ буданд ва дилашон барои забон ва фарҳанги худ месӯхт. Бар ҳамин асос аз забон, адабиёт, шеър, фарҳанг ва ривоятҳои миллӣ ва ҳамосии тоҷикон, форсизабонон ва ориёиён ҳимоят карданд.

Воқеият ин аст, агар давлати Сомониён пас аз ислом рӯи кор намеомад, имрӯз адабиёти форсӣ, ривояти миллӣ ва ҳамосӣ ва он чиро ба номи фарҳанги эронӣ ёд мекунанд, ба ин густардагӣ вуҷуд намедошт, зеро пас аз ислом арабҳо дар пайи он буданд, ки забон ва фарҳанги мардуми минтақаро ба забони арабӣ дигар кунанд. Устод Зарринкӯб ин мавзӯро дар китоби “Ду қарни сукут” бо ҷузъиёташ баррасӣ кардааст, ки арабҳо дар пайи дигар кардани забон ва фарҳанги мардуми минтақа буданд.

Хушбахтона, аз вақте ки Сомониён ба қудрат расиданд ва давлату имперотории Сомониён шакл гирифт, ҷилави арабӣ шудани забони форсии тоҷикӣ гирифта шуд ва ба забони форсӣ, шеъри форсӣ, фарҳанги форсӣ ва ориёӣ таваҷҷуҳ шуд ва дар дарбори Сомониён китобдорӣ ривоҷ ёфт ва ҷаласаҳои шеърӣ ва адабӣ ба забони форсии тоҷикӣ баргузор шуданд. Ғайр аз шеъри нимоӣ ва шомлуӣ, дигар ҳамаи қолабҳои шеъри форсии тоҷикӣ дар замони Сомониён шакл гирифтанд ва ривоҷ ёфтанд. Масалан, қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, маснавӣ ва… дар давраи Сомониён ривоҷ ёфтаанд.

Ривояти миллӣ, ҳамосӣ ва шоҳномасароӣ низ бинобар ҳимоятҳои Сомониён аз таърих ва фарҳанги ниёкон ривоҷ ёфт ва шакл гирифт. Шоҳони Сомонӣ ба сурати расмӣ, шуморе аз шоирон, аз ҷумла Дақиқии Балхиро ба кор гирифтанд ва вазифа доданд, ки ҳамосаи миллӣ ва Шоҳномаро бисароянд. Бинобар ин, шоҳномасароӣ як суннати расмӣ ва давлатӣ дар дарбори Сомониён буд ва аз замони Сомониён ривоҷ ёфт.

Аммо Дақиқӣ пас аз саранҷоми ҳазор байт кушта шуд ва саранҷоми Шоҳнома нотамом монд. Фирдавсӣ пас аз марги Дақиқӣ, дирафши парвардигории ривояти миллӣ ва ҳамосасароиро баланд кард ва дар давраи Сомониён оғоз ба саранҷоми “Шоҳнома” намуд ва кори саранҷоми “Шоҳном”-аро дар давраи Сомониён ба поён расонд.

Ин ки шуморе “Шоҳнома”-и Фирдавсиро мутааллиқ ба давраи Ғазнавиён медонанд, иштибоҳ аст. Султон Маҳмуд ва шоҳони Ғазнавӣ алоқае ба шоҳномасароӣ ва ҳамосаи миллии тоҷикон ва эрониён надоштанд. Шоҳномасароӣ ва ҳамосасароӣ ба унвони ривояти миллӣ аз ҷумлаи суннатҳои фарҳангии Сомониён аст, ки пас аз суқути давлати Сомониён, ҳамосасароӣ ва шоҳномасароӣ фурӯкаш кард.

“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бинобар ривоҷи ҳамосасароӣ дар давраи Сомониён суруда шуд, аммо нашр ва пахши он ҳамзамон шуд бо ба қудрат расидани Султон Маҳмуди Ғазнавӣ. Мутаассифона, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва дарбариёнаш аз нашр, паҳн ва нусхабардории “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳимоят накарданд ва “Шоҳнома” пас аз сурудан рӯи дасти Фирдавсӣ монд.

Кори нашр ва пахши як асар дар он вақт маъмулан аз ҷониби дарборҳо сурат мегирифт, зеро як фард наметавонист худ аз рӯи асараш даҳҳо нусхаи дигарро рӯйнависӣ ва нашр кунад. Муншиёни дарбор бояд аз як асар дастнавишт ва нусхабардорӣ мекарданд, то он асар нашр ва паҳш шавад. Фирдавсӣ сӣ сол заҳмат кашида буд ва “Шоҳнома”-ро суруда буд ва ба пирӣ расида буд, агар мехост худ аз “Шоҳнома” рӯйнавис ва нусхабардорӣ кунад, моҳҳо тул мекашид, то як нусха тавонад таҳия кунад.

Бинобар ин лозим буд, ки дарбори Султон Маҳмуд рӯйнавис ва нусхабардории “Шоҳнома”ро анҷом диҳад, мутаассифона анҷом надод. Фирдавсӣ бидуни он ки аз нашр ва паҳши Шоҳномаи худ мутмаин шавад, дар ноумедӣ аз ҷаҳон рафт, зеро Султон Маҳмуд ва дарбораш на аз Фирдавсӣ ҳимоят карданд ва на Шоҳномаи ӯро рӯйнавис ва нашр ва паҳш карданд.

Аммо Шоҳнома, асаре буд азим ва бузург, бидуни ҳимоят аз Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, роҳи худро дар таърих боз кард.

Ин муқаддимаро барои ин навиштам, ки манбаъ ва хостгоҳи ҳувияти забонӣ ва фарҳангии тоҷикӣ ва эронӣ бояд дақиқ дарк ва шинохта шавад; ин ки давлатдории Сомониён манбаъ ва хостгоҳи забонӣ ва фарҳангии тоҷикиву эронӣ аст.

Тавре ки Сомониён, тоҷикони Хуросони Бузург, ҳазор сол пеш, забон ва фарҳанги тоҷикӣ ва ориёиро эҳё карданд ва ривоятҳои миллӣ ва ҳамосиро эҷод карданд, ҳазор сол баъд, ки замонаи мост, низ ин давлати миллии тоҷикон аст, ки аз фарҳанги ориёӣ, забон ва ривоятҳои миллӣ ва ҳамосӣ посдорӣ мекунад.

Ҳақиқат ин аст, аз вақте ки давлати Сомониён суқут кард то истиқлоли давлати муосир ва миллии тоҷикон дар соли 1991 милодӣ, давлати миллии тоҷикон шакл нагирифт ва байни давлати Сомониён ва шаклгирии давлати миллии муосири тоҷикон беш аз ҳазор сол фосила иттифоқ афтод ва ин фосила сабаб шуд, ки ба ривояти миллӣ, ҳамосӣ ва фарҳангии тоҷикӣ чандон таваҷҷуҳ нашавад. Пас аз рӯйкор омадани истиқлоли Тоҷикистон ва шаклгирии давлати миллии тоҷикон, дар ҳақиқат арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ва забонии давлати Сомонӣ аз нав эҳё шуд.

Хушбахтона, дар раҳбарии давлати миллии тоҷикон шахсиятест, ки дар раҳбарӣ ва идоракунии миллӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ тадбири фавқулода олӣ дорад ва ривояти миллӣ, фарҳангӣ ва ҳамосии тоҷикон ва ориёиро мисли шоҳони Сомонӣ дӯст медорад ва посдорӣ мекунад. Ин шахсияти миллӣ ва фарҳангӣ, ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат ва Президенти Тоҷикистон аст. Тавре ки Сомониён ҳувияти фарҳангӣ, забонӣ, миллӣ ва ҳамосии тоҷикӣ ва ориёиро асос гузоштанд, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ҳазор сол онҳоро эҳё кард ва аз нав давлати миллӣ ва ҳувияти миллии тоҷиконро дар ҷаҳони муосир эҷод ва ба вуҷуд овард ва он чиро аз давраи Сомониён аз назари фарҳангӣ нотамом монда буд, онҳоро тамом карда ва дар ҳолати такмил карданашон аст.

Масалан, ҳамосасароӣ ва шоҳномасароиро Сомониён барои эҷод ва тақвияти ривояти миллӣ рӯйи даст гирифта буданд, аммо он тавре ки Сомониён мехостанд, таҳаққуқ наёфт ва орзуи Фирдавсӣ, ки ҳимоят аз ҷониби як давлат аз нашру паҳни “Шоҳнома” буд, сурат нагирифт. Боиси ифтихор аст, ки Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ҳазор сол, барномаи ҳимоят аз ҳамосароиро ба унвони тақвияти ҳувият ва ривояти миллӣ, ки аз ҷониби Сомониён рӯйи даст гирифта шуда буд, ба камол расонд ва орзуи Фирдавсиро бароварда кард, зеро пас аз сурудани “Шоҳнома”, ин нахустин ҳимоятҳои расмӣ ва давлатӣ аз чопу нашри “Шоҳнома” аст, ки дар сатҳи миллӣ чоп ва нашр шуда, ба сурати ройгон ба ҳар як хонадони тоҷик дар саросари Тоҷикистон тақсим мешавад. Ин иқдом дар ҳақиқат ҳимоятҳои давлативу миллӣ аз “Шоҳнома” аст.

Фирдавсӣ бинобар заҳмате, ки барои фарҳанг ва ҳувияти миллӣ кашида буд, орзуяш ин буд, ки аз китобаш ҳимоятҳои расмӣ, давлатӣ ва миллӣ сурат бигирад. Хушбахтона, ин ҳимоят аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Табъан, ин иқдом ва сиёсатгузории фарҳангиро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам барои таҳаққуқи орзуи Фирдавсӣ ва ҳам барои тақвияти ҳувият ва ривояти миллии тоҷикон анҷом додааст, зеро дар сурате, ки мардуми як кишвар дорои ҳувият ва ривояти миллӣ набошанд, наметавонанд аз истиқлоли комил бархӯрдор бошанд.

Истиқлол фақат як воҳида нест, балки як мафҳуми чандбӯъдӣ ва дорои ҷанбаҳои мухталиф аст, ки шомили сулҳ, амният ва фарҳанг мешавад. Агар дақиқ кунем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи истиқлоли Тоҷикистон, ҳамзамон ба сулҳ, амният ва фарҳанг таваҷҷуҳ кардааст. Пас аз истиқлол, нахуст сулҳ ва ваҳдати миллиро байни тоҷикон барқарор кард ва кишварро аз буҳрон ва ҷанги дохилӣ наҷот дод. Сипас, ба хотири густариши амният дар саросари кишвар таваҷҷуҳ намуд ва дар канори сулҳ ва амният, ба тақвияти ривоят ва ҳувияти миллии тоҷикон бар асоси арзишҳои фарҳангии ниёкони тоҷикон пардохт. Ба ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва дигар ҷашнҳои ниёконӣ ва ориёӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътибор ва ривоҷ бахшид. Ба ривоҷи намунаҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар меъмории шаҳрҳо ва кишвар таваҷҷуҳ фармуд, ки сохтмони Боғи “Куруш” яке аз намунаҳои он аст.

Тозатарин иқдоми фарҳангӣ барои ҳувият ва ривояти миллии тоҷикон, чопу нашр ва тақсими “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар сатҳи миллӣ аст, ки ба ҳимояти муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад ва барои ҳар тоҷик, форсизабон ва эронӣ ин иқдоми фарҳангии Ҷаноби Олӣ боиси ифтихор аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!