Хабари рӯз

Муаллими рус дар рӯйхати 50 шахсияти беҳтарини Тоҷикистон

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ

Дар Тоҷикистон тӯли 13 соли охир ҳамасола маросими эътои ҷоизаҳои «Toп-50» баргузор мегардад ва дар он ходимону шахсоне, ки дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, қадрдонӣ карда мешаванд. Имсол дар ин маросим бори аввал барандаи ҷоиза зодаи ғайри Тоҷикистон омӯзгори рус аз фанни химия ва биология Лилия Яруллина гардид. Чӣ тавр ӯ баранда шуд ва чаро толибилмони тоҷик омӯзгорони русро дӯст медоранд, дар ин бора ҳадс мезанем.

Лилия Яруллина, иштирокчии барномаи “Муаллими рус дар хориҷа”, ки дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, панҷ сол пеш барои кумак расонидан дар ҳалли мушкилоти норасоии омӯзгорон ба Душанбе омад ва дарҳол маҳбуби хонандагон гардид. Ин муҳаббати тарафайн аст, ки имрӯз Лилия Равилевна низ аз меҳру муҳаббати худ нисбат ба касб ва шогирдонаш бо ифтихор сухан меронад.

Дар соли 2019 Тоҷикистон аввалин кишвари иштирокчии барномаи “Муаллими рус дар хориҷа” гардид. Дар соли хониши ҷорӣ дар ҷумҳурии мо 117 нафар омӯзгорони рус дар доираи ин барнома ба кор ҷалб карда шудаанд, зимнан, шумораи онҳо сол то сол ба таври назаррас меафзояд.

 “Сараввал ман дар ихтисоси экологи саноатӣ ва муҳандиси ҳифзи меҳнат таҳсил кардам. Аввалин ҷои кори ман заводи ҳарбии истеҳсоли платаҳои полиграфӣ буд, сипас, дар корхонаи коркади нафт ва заводи истеҳсоли мебели нарм кор кардам. Дар он ҷо курсҳои касбомӯзӣ гузаронида мешуд ва ман ба кормандон техникаи бехатарӣ ва тарбияи экологиро таълим медодам. Он замон дарк кардам, ки ба ман таълимдиҳӣ маъқул аст, аммо таълим додан ба шахсони ботаҷриба ва синну солашон ду баробар калонтар аз худ кори осон нест. Бо амри тақдир ба зодгоҳам баргаштам ва маро ба мактабе, ки дар он ҷо таҳсил карда будам, ба кор даъват намуданд. Ва ман фикр кардам: чаро не, то пайдо кардани кори доимӣ дар мактаб кор мекунам ва ҳамин тавр ба ин соҳа ворид шудам”- мегӯяд Лилия.

Соли 2019, вақте Лилия  ба ҳайси омӯзгор дар яке аз мактабҳои шаҳри Уфа кор мекард, дар бораи лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” хабар ёфт, аз он лаҳза хоҳиши пайдо кардани таҷрибаи касбӣ ва ҳаётии нав дар дили ӯ маъво гирифт ва ӯ бо майли том ба ин барнома ҳамроҳ шуд. Илова бар ин, Лилия кайҳо боз орзуи дидани кӯҳҳои Тоҷикистон ва шинос шудан бо фарҳангу мардуми маҳалиро дошт. Лилия мегӯяд, ки дар кишвари мо барои худаш бисёр чизҳои нав гирифт, вале ҳамзамон қайд мекунад, ки ӯ низ барои рушди Тоҷикистон бисёр заҳмат кашид. Мо аз ӯ хоҳиш кардем, ки дар бораи дастовардҳои касбиаш дар тӯли 5 соли фаъолияташ дар Тоҷикистон гап занад:

“Муҳимтарин нишондиҳанда бароям пеш аз ҳама ин аст, ки ҳамасола 20-30% шогирдонам ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд. Илова бар ин, ҳар сол 1 ё 2 нафар шогирдонам дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ҷойҳои  намунавӣ ишғол мекунанд. Инчунин, ҳамасола ҳудуди 5-6 нафар шогирдонам дар дифои лоиҳаҳои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, дар он ҷо низ ҷойҳои намоён ишғол менамоянд. Соли гузашта яке аз шогирдонам дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ҷои 3-юмро ишғол намуда, мукофотпулӣ ба даст овард. Ман одатан ҳеч гоҳ аз паси нишондод намегардам, бароям дар паси ҳар як рақам як кӯдак ва ё як шахсият ниҳон аст. Аз ин рӯ, ҳатто вақте ки 1 ё 2 нафар шогирдонам дар вақти таътил ба Тоҷикистон омада, ба аёдатам меоянд, ин аллакай мукофоти олӣ аст.

Президентҳои Русия ва Тоҷикистон эътибори лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа”-ро эътироф карданд ва ман ифтихор аз он дорам, ки худ ва ҳамкасбонам ин вазифаи пурмасъулро бошарафона иҷро карда истодаем. Магар ин баҳои баландтарин ба кори мо нест?” – мегӯяд Лилия Яруллина.

Чӣ тавр омӯзгори рус аз шаҳри Уфа то ба саҳнаи Маросими эътои XIII-и ҷоизаҳои “Toп-50” дар Тоҷикистон расид? Тавре ташкилотчӣ, муассис ва илҳомбахши ғоявии ҷоизаи “Топ-50” Вера Кулакова қайд мекунад, интихоби номзадҳо аз рӯи саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, касб ва фаъолияташон сурат мегирад. Вера таъкид мекунад, ки на худи ӯ ва на принсипҳои ҷоиза одамонро ба шаҳрвандӣ ва миллат ҷудо намекунанд ва яке аз ҳадафҳои ин ҷоиза - ҳавасманд кардани теъдоди ҳарчӣ бештари занони боистеъдод ва муваффақ мебошад.

“Шогирдони Лилия дар тӯли чанд ҳафта дар саҳифаи ҷоиза дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ӯ овоз доданд. Зимнан, онҳо на танҳо ба ҷонибдории Лилия овоз доданд, балки бо навиштани шарҳҳои зебо,  ботафсилот ва далелҳои тақвиятдодашуда номзадии ӯро дастгирӣ карданд. Ва албатта, мо ҳамаи инро нодида гирифта натавонистем – яъне тамоми маълумотҳоро оид ба ҳар як номзад тафтиш кардем ва он номзадҳоеро, ки танҳо дар маъракаи иттилоотӣ фаъолона иштирок карданду аммо аз ҷиҳати касбӣ ягон дастоварди махсусе надоранд, ба рӯйхати ғолибон дохил накардем. Яъне мо дар бораи Лилия маълумоти пурра пайдо карда, бо ифтихор ва миннатдорӣ ӯро ба ҷоиза пешбарӣ кардем, ҳадди ақал барои он ки ӯ ба кишвари мо омада, барои таълиму тарбияи фарзандони мо ин қадар заҳмат мекашад. Лилия 5 сол инҷониб дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва ба ғайритоҷик гуфтани ӯ забон намегардад. Новобаста аз он, ки Лилия дар Тоҷикистон чанд сол зиндагӣ кардааст, ҳатто агар як сол  бошад ҳам, аз ду сар ӯро ба рӯйхати ҷоизадорон дохил мекардем, зеро ҷоизаи мо ҷоизаи мардумист, ва мардум ӯро хеле фаъолона дастгирӣ карданд.”

“Президентҳои Русия ва Тоҷикистон эътибори лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа”-ро эътироф карданд ва ифтихор аз он дорам, ки ман ва ҳамкасбонам ин вазифаи пурмасъулро сарбаландона иҷро мекунем. Магар ин баҳои баландтарин ба кори мо нест?” - Лилия Яруллина.

Худи Лилия Равилевна мегӯяд, ки ба рӯйхати номзадҳои ҷоиза шомил гардидани номи ӯ хеле ғайричашмдошт буд ва аз ҳама хурсандиовараш барои ӯ на худи ҷоиза, балки эътирофи ҷомеа буд, ки тасдиқи қадрдонии фаъолияти ӯ мебошад: “Ҳамкорам маро дар шарҳҳо ба паёми дахлдор дар шабакаҳои иҷтимоӣ қайд кардааст ва сипас, дигар ҳамкорон, дӯстон, шогирдон ва ҳатто волидонам фаъолона ҳамроҳ шуданд - онҳо шарҳҳои дароз навиштанд, аз таҳти дил маро дастгирӣ карданд. Бароям ба таври оммавӣ ҳамроҳ шудани одамон бисёр ғайричашмдошт буд. Ман намедонам, ки чаро ин тавр шуд - ман фақат вазифаи худро иҷро мекунам ва ин воқеа собит кард, ки ман бо роҳи дуруст рафта истодаам ва кори зарурӣ анҷом дода истодаам. Ва хусусан, дар кишвари бегона сазовори чунин эътирофи мардум гаштанам, бароям бисёр пурарзиш аст”.

Қобили зикр аст, ки шомилшавӣ ба рӯйхати “Топ-50” ягона ҷоизаи Лилия Яруллина дар Тоҷикистон нест: ӯ чандин маротиба барои саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе бо грамотаҳои фахрӣ мукофотонида шудааст. Дастоварди бузурги дигар - ба финали озмуни “Беҳтарин мактаби русӣ дар хориҷа” баромадан ва ғолибият дар номинатсияи “Муаллими байналмилалӣ” буд. Ин озмуни васеъмиқёси байналмилалӣ аз соли 2021 инҷониб гузаронида мешавад ва дар он тақрибан 1000 нафар қариб аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

“Ба шарофати  арзишҳои шабеҳ, таърихи муштарак ва озодагии мардум ман дар ин ҷо худро бароҳат ҳис мекунам. Дар Тоҷикистон маро махсусан кӯҳҳои бошукӯҳ, меҳмоннавозии мардум ва эҳтироми шогирдону волидони онҳо ба муаллим ба ҳайрат меоранд. Ва ман шодам, ки шогирдонам ҳамеша барои таҷрибаҳои нав омодаанд” – мегӯяд Лилия Яруллина.

Лилия серталабӣ ва меҳрубонӣ, кордонӣ ва муносибати замонавиро ба ҳам пайваста, сазовори меҳру муҳаббат ва эҳтироми шогирдонаш гардидааст. Хонандаи синфи 10 Маҳваш Ашӯрова  мегӯяд: “Лилия Равилевна аз синфи 8 ба мо аз фанни химия дарс медиҳанд. Муаллима дарсро хеле шавқовар мефаҳмонанд, моро хуб дарк мекунанд, тамоюлҳоро мефаҳманд ва ҳатто баъзан мавзуъҳои дарсиро бо истифода аз мисолҳои интернетӣ шарҳ медиҳанд, ки барои ҳам фаҳмо фаҳмо ва шавқовар аст. Танҳо ба шарофати  муаллима тасмим гирифтам, ки ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавам.

“Ба шарофати арзишҳои шабеҳ, таърихи умумӣ ва кушодагии одамон ман худро дар ин ҷо бароҳат ҳис мекунам. Дар Тоҷикистон кӯҳҳои бошукӯҳ, меҳмоннавозии мардум ва эҳтироми шогирдону волидони онҳо нисбат ба муаллим маро ба ҳайрат меорад. Ва ман шодам, ки шогирдонам ҳамеша барои таҷрибаҳои нав омода ҳастанд” - Лилия Яруллина.

Мо ҳамроҳи бачаҳо дар курсҳо, машғулиятҳо, озмунҳои Россотрудничество иштирок мекунем, дар диктантҳои экологӣ, диктанти Ҷашни Ғалаба ва диктанти умумӣ оид ба донистани забони русӣ фаъолона иштирок мекунем. Машғулиятҳои  Россотрудничество барои мутобиқшавии хонандагон ба муҳити русзабон, инчунин, дар омодагӣ барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия, пайдо кардани маълумоти бештар дар ин бора ва пеш рафтан дар ин самт кумак мерасонанд”.

Лилия, ҳамчунин, дар курсҳои намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ба довталабон ҷиҳати омодагӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия кумак мерасонад: “Имтиҳони ягонаи давлатӣ аз вазифаҳои махсус иборат аст ва дар рафти курсҳо мо тарзи дуруст ва бехато иҷро кардани ин вазифаҳоро меомӯзонем. Дар ин ҷо кор кардан нисбатан осонтар аст, зеро дар мактаб бисёре аз хонандагон ҳанӯз ҳадафҳои худро муайян накардаанд, онҳо аз фанни химия ва биология дида, бештар ба дигар фанҳо шавқ доранд. Ба курсҳо бачаҳо аллакай ҳавасманд шуда меоянд ва бо онҳо кор кардан бисёр шақовар аст - онҳоро маҷбур кардан лозим нест, зеро онҳо аллакай ташнаи дониш шуда меоянд.”

Ин омӯзгори русро ҳамкорони тоҷикаш аз мактаби №20-и шаҳри Душанбе низ дастгирӣ мекунанд: “Онҳо хурсанданд ва хеле ифтихор мекунанд, ки  ба шарофати ин мактаби мо шуҳрат пайдо мекунад. Гузашта аз ин, ман дар як мактаби таҳсилоти умумии одии кӯҳна дарс медиҳам, на дар ягон литсейи хусусӣ ё маркази таълимии замонавӣ. Аммо ман ҳамеша мегӯям: шарафи макон аз инсон аст, яъне, агар мутахассиси кордон бошӣ, пас дар ҳама ҷо кор  карда метавонӣ”.

Тоҷикистон аз рӯи лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” барои соли 2025 27 омӯзгори забони русӣ, 33 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва 56 омӯзгори фанҳои дигар дархост кардааст.

Лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” на танҳо нисбат ба мактабу хонандагон, балки дар худи ҷомеа низ як ташаббуси зарурӣ ва хайрхоҳона мебошад. Лилия Яруллина ба ҳамкорони худ аз Русия барои дастгирӣ миннатдорӣ баён мекунад: “Дар лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” ман ва ҳамкасбонам ҳамчун оилаи бузурге ҳастем, ки дар он ҳама якдигарро дастгирӣ мекунем, ба нокомиҳо ва муваффақиятҳои ҳамдигар шарик ҳастем. Мо ба ҳамдигар неру мебахшем, аз хатогиҳои ҳамдигар меомӯзем, ҳамаи мо барои табодули таҷриба комилан омода ҳастем ва эҳтимол, агар чунин дастгирӣ намебуд, кор кардан душвортар мешуд”.

Тоҷикистон аз рӯи лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” барои соли 2025 27 омӯзгори забони русӣ, 33 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва 56 омӯзгори фанҳои дигар дархост кардааст.

Лилия Яруллина бо вуҷуди муҳаббат ба касб ва шавқу ҳавасаш қайд мекунад, ки душвориҳо ва руҳафтодагиҳо низ ҷой доранд: “Баъзан хонандагон бо вуҷуди дарк кардани душвории касби ман, савол медиҳанд, ки чаро ман то ҳол ҳамчун омӯзгор кор мекунам, зеро ин кори хеле душвор аст? Ва ман ҷавоб медиҳам: масалан, дар кӯча шогирдат ё хатмкардаи мактабатро вомехӯрӣ, ки номи ӯро то ҳол дар ёд дорӣ ва ӯ аз ин хеле шод мешавад. Ва ӯ баъзе хотираҳоро нақл мекунад, масалан, “бо шарофати шумо бори аввал аз химия баҳои 5 гирифтам”. Ё, масалан, дар донишгоҳ дар бораи омӯзгор, яъне шумо иншо менависанд: яъне омӯзгор барои ин шахс як намуна аст, ки дар бораи ӯ иншо менависанд ва дар озмуни иншои адабӣ сазовори ҷои 1-ум мегардад. Ё занг зада, ба идҳо табрик мекунанд, барои дониши аз мо гирифтаашон миннатдорӣ менамоянд. Ҳамаи ин ба кас илҳом мебахшад – барои омӯзгор на эътирофи ҷамъиятӣ, балки дарки он, ки ба шарофати ӯ ҳаёти хонандагон беҳтар шуд ва қарори қабулкардааш дуруст буд, муҳим аст. Ва ин ба мо неру мебахшад, то ки новобаста аз душвориҳо, корамонро идома диҳем”.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!