Ман чӣ гуна аз тактикаҳое, ки ҳарифи ман дар он гум шуд, истифода кардам?
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Соли 1993 буд, ки ба пешниҳоди Фазлғанӣ Муҷаддадӣ ва даъвати Халил Роғиб дар телевизиони “Садову симои Афғонистон“ роҳ ёфтам. Номи барномаи ман ”Мо ва дини мо” буд. Риштаи таҳсили ман журнализм набуд ва иттифоқан барномаи ман баъд аз чанд моҳ бисёр гул кард ва ғавғо барпо кард. Ба ҳадде сарусадо барпо кард, ки ба Халил Роғиб гуфтанд, онҳо чандсад имзо ҷамъоварӣ мекунанд, ки Фарид Юнусро аз телевизион ихроҷ кунад.
Халил ба идораи телевизион, ки канали умумӣ буд ва барои ақалиятҳо ҳафтавор маҷҷонӣ вақт медоданд, то барнома дошта бошанд, арзи ҳол карда буд ва мудири телевизион барояш гуфта буд, ки ин ҷо озодии баён озод аст ва касе Фарид Юнусро кашида наметавонад.
Ман дар яке аз барномаҳо гуфта будам, ки ҳар касе, ки бо ҳамсараш ба зӯр ҳамбистар шавад, таҷовузи ҷинсӣ аст. Чӣ тавр шуд, ки касе, ки риштаи таҳсилиаш журнализм набошад ва барнома ин ҳама муваффақ ба пеш биравад???
Ман баъд аз як ё ду ҳафта саре ба китобхонаи донишгоҳ задам. Дар он замон донишҷӯи давраи докторӣ будам. Се чаҳор ҷилд китоб дар бораи телевизион ва ин ки чӣ тавр як барномасоз муваффақ бояд бошад, гирифтам ва мутолиа кардам.
Аз ин китобҳо чанд матлаби муҳимро омӯхтам:
Аввал, журнализм аз улуми инсонӣ аст ва ҳар кас метавонад, ки агар истеъдоди сухан гуфтан ва ҷуръатро дошта бошад, як наттоқ ё барномасози муваффақ шавад. Зарур нест, ки дар риштаи журнализм таҳсил карда бошад.
Дувум, дар риштаи телевизион бояд худат бошӣ ва истилоҳоти худро дошта бошӣ ва муқаллиди дигарон набошӣ. Масалан, Волтер Кронкит (Walter Cronkite), наттоқи машҳури амрикоӣ дар ахири ахбори шабона мегуфт: “And that’s the way it is“ (Ва ин тавре ҳаст, ки ҳаст”).
Ман дар вақти сӯҳбат таври мисол, ба ҷойи модарам ва ё волидаам , “бубуям” мегуфтам.
Севум, набояд аз мардум тарс дошта бошӣ. Агар тарсидӣ як anchorman ё наттоқи муваффақ намебошӣ. Ва ман ёд гирифтам, ки танҳо аз Худо тарс дошта бошам, на мардум.
Як рӯз дар як ҷаноза ширкат карда будам. Баъд аз ҷаноза ҳанӯз дар саҳни қабристони Мишан дар шимоли Калифорния будам, ки як ҷавон наздик шуд ва пурсид: “Фарид Юнус ту ҳастӣ?” Гуфтам, бале, худам ҳастам. Гуфт, чаро дар телевизион ину он мегӯӣ ва мехост маро бизанад, ки оқои Мир Малик Носирӣ ба сарвақтам расид ва наҷотам дод.
Аҷаб аст, ки маро намешинохт ва касе ӯро пеш карда буд, зеро номи маро савол кард. Як рӯзи дигар дар масҷиди ҳазрати Абубакри Сиддиқ (рз) баъд аз намоз яке аз дӯстони Қорӣ Сафиаллоҳ ба муҷарраде, ки маро дид ба даву дашноми бисёр ғализ шурӯъ кард. Ман чизе нагуфтам ва Қорӣ монеъ шуд, ки зиёдравӣ кунад. Мардуми мо ҳанӯз ҳам ба озодии баёну ақида эътиқод надоранд.
Чаҳорум, кӯшиш кун, ки матолиби ҷадид бигӯӣ, то ҷалби таваҷҷуҳ кунӣ. Ман дар дин матолиберо гуфтам, ки қаблан касе ҷуръат накарда буд, бигӯяд. Масалан, зери савол бурдани баъзе аз аҳодис, ки медонистам, назар ба илми таҳқиқот, ҷаълӣ аст.
Панҷум, ба забони мардум сӯҳбат кунӣ, озодона ҳарф бизанӣ ва истилоҳоти омиёнаро истеъмол кунӣ, то мардум хаста нашаванд, зеро телевизион як расонаи гуфторӣ аст. Ҳар қадр relax, яъне сусту ором бошӣ, беҳтар. Мардум ба ман занг мезаданд, ки мо фикр мекунем, дар хонаи мо ҳастӣ ва бо мо гап мезанӣ.
Ҳамин омӯзишу парвариши хусусӣ ва шахсии худам буд, ки ман барои сӣ сол барнома сохтам. Дар соли 2006 буд, ки телевизионҳои моҳвораӣ арзи андом кард ва аввалини он аз Набил Мискинёр буд. Соли 2007 телевизиони “Нур” дар шимоли Калифорния шурӯъ ба кор кард ва аз ман Ямо Юсуфзай даъват кард, то дар он телевизион барнома дошта бошам.
Дар телевизиони “Нур” ғавғо ба ҳадде зиёд шуд, ки чанд тан аз паштунҳо ба Ямо пешниҳод карда буданд, ки чанд ҳазор доллар ба телевизион медиҳанд, то маро ихроҷ кунад ва ё телевизионро ба хотири ман ба маҳкама мекашонанд. Ямо, ки ҷавони равшанфикр буд, барояшон гуфта буд, ки ӯ худаш ному адреси вакилро медиҳад, ки ба маҳкама бираванд ва маро ихроҷ накард.
Темуршоҳ Ҳасан дар телевизиони “Ориёно”-и Афғонистон як барнома дошт зери унвони “Хона ва хонавода“. Ҳафт бор маро дар барнома даъват кард ва ҳафт бор ман аз тарафи афғонстониҳо дар Аврупову Амрико ва Канада барои суханронӣ дар бораи ислом даъват шудам. Ҳама масорифи маро мардум тамвил мекарданд. То он замон ҳеҷ касро пеш аз ман даъват накарда буданд.
Даъвати аввал дар Гамбург бисёр муваффақона буд ва бисёр истиқбол шудам. Дӯстон хуб аз ман пазироӣ карданд. Аммо бори дувум, ки ба Гамбург даъват шудам, тахрибот шурӯъ шуд ва аз Амрико бар алайҳи ман як шабнома ба Аврупо фиристода буданд ва чизе баду рад дар мавриди ман гуфта буданд. Дар масҷиди Гамбург иҷоза надоданд, то суханронӣ кунам. Инжинер Зиё Тоҳир, ки аслан аз мардони паштун аст ва ҳоло ӯ худашро аз шогирдони ман медонад, як тарабхонаро ба номи “Гули сурх”, агар иштибоҳ накарда бошам, кироя кард ва ман дар он ҷо суханронӣ кардам.
Дар Мюнхен меҳмондори ман доктор Масъуд Ҷонбоз буд. Дар масҷид мардум ба ду даста тақсим шуданд. Як даста мегуфт, ман суханронӣ кунам ва як даста бар алайҳи ман буд. Пулиси Олмон мудохила кард ва гуфт, дар ин ҷо озодии баён аст ва меҳмони шумо ҳақ дорад, ки суханронӣ кунад.
Баъд аз ду сол телевизиони “Нур” ба Бунёди Баёт фурӯхта шуд. Эҳсонуллоҳ Баёт дар аввалин дидор аз телевизион хост бо ман хусусӣ сӯҳбат кунад. Ман ҳис карда будам, ки мавзӯъ аз чӣ қарор аст. Паштунҳо шикоят карда буданд, зеро ман дар барнома гуфта будам, ки “падаратон Дюрандро пас гирифта наметавонад “. Ин масъала санг задан дар хонаи занбур буд.
Баёт ҳам нахост маро касе азият кунад ва аз ман ҳимоят кард. Чун ӯ аз ман ҳимоят кард, акси ман ва Баётро дар рӯи байрақи Эрон насб карданд ва дар расонаҳо пахш карданд, ки мо намояндаҳои Эрон ҳастем. Паштунистҳо вақте аз адолати иҷтимоӣ сӯҳбат кунӣ, аз ду ҳарба истифода мекунанд. Яке “ситамӣ” хитоб мекунанд ва яке “намояндаи Эрон” барои ин ки мо дигар забони форсиро мусолиҳа намекунем. Масалан, мо донишгоҳ мегӯем, на пуҳантун.
Як бор Ҳорис Раҳимӣ, сарпарасти телевизион, мехост суханони маро контрол кунад ва қарордоди ман бо телевизион ҳамин буд, ки касе ҳақ надорад маро контрол кунад. Ман як нақша кашидам ва он ин буд, ки дар ними барнома аз барнома хориҷ шудам ва гуфтам, ки дар корҳои ман мудохила мекунанд ва ман дигар барнома нахоҳам дошт. Фардои он рӯз Ҳавас Фароҳӣ дастёри бисёр наздик ва мӯътамиди Баёт занг зад ва гуфт, доктар соҳиб, шуморо ба Худо, ба телевизион баргардед, ки мардум моро занг зада, девона кард. Шарти ман ҳамон буд, ки касе дар кори ман мудохила накунад ва қабул шуд.
Дар соли 2008 ба ҳайси муваффақтарин барномасози динӣ аз тарафи телевизиони “Нур” ҷоиза дарёфт кардам. Худам дар маҳфил ҳузур надоштам ва дар сафар будам. Ҷоизаи манро доктор Сайид Абдуллоҳ Козим дар ғиёби ман тафвиз карда буд.
Телевизиони “Нур”, ки дар соли 2009 ба бунёди “Баёт” фурӯхта шуда буд, то соли 2014 фаъол буд. Ҳамон сол Бунёди Баёт онро баст ва аммо манро гуфтанд, ки шуморо кӯмак мекунем, ки аз хона барнома дошта бошед. Ҳамаро ҷавоб доданд, аммо барномаи ман аз хона ва аз тариқи канали “Ориёно Нюс” дар Кобул пахш мешуд. Барои ин манзур Бунёди Баёт Ҳабиб Дуррониро вазифа дод, то дастгоҳи сабти барномаи телевизионро дар утоқи кори ман насб кунад ва ин кор сурат гирифт.
Ҳабиб марди бисёр матин ва меҳрубон буд. Ӯ, ки бахши хориҷиро ба ӯҳда дошт, Анварҷон Расулиро вазифа дод, ки ҳар шанбе ба хонаи ман биёяд ва барномаро сабт кунад. Анвар, ки фавқулодда ҷавони муаддаб, меҳрубон ва нозанин буд, ҳар ҳафта то соли 2016 ба хона меомад ва барномаро кӯмак мекард, ки сабт ва ба «Ориёно Нюс” дар Кобул фиристода шавад. Баъд аз он як камераи худкорро насб карданд ва эҳтиёҷ ба Анвар набуд. Худам ҳам сабт мекардам ва ҳам мефиристодам то нашр шавад ва ду соли дигар бад-ин тартиб барнома доштам.
Баъд аз ин ки аз Садову симои Афғонистон дар соли 2007 ба “Нур” рафтам, номи барномаи ман “Доктар Юнус шоу” шуд. То охир, ки аз барномасозӣ истеъфо кардам, ба ҳамин ном мусаммо буд. Камера хароб шуд ва Бунёди Баёт монанди камераи аввалиро харидорӣ накард. Як камераи кӯчакро Ҳабиб овард, ки хуш набудам. Ман ҳам гуфтам, ки ё камераи ҷадидмудели собиқ ё ман дигар кор намекунам. Ҳамон шуд, ки камераи ҷадид, ки ман мехостам наомад ва ман бунёди Баётро тарк кардам.
Рафтам корро шурӯъ кардам ҳамроҳи “Умед 24” , ки мутасаддии он Насир Холид аст ва инсони бисёр меҳрубон ва қадрдону муаддаб. “Умед 24” аз Канада пахш мешавад.
Набил Мискинёр бо ман ба хотири масоили сиёсӣ миёнаи хуб надошт, аммо пасон бисёр тағйир кард. Як рӯз Ториқ Маҳдавӣ як маҳфили кӯчак гирифт ва чанд тан аз мардону занони матбуотиро ҳам даъват карда буд. Ба ман нагуфта буд, ки асли гап чӣ аст.
Он ҷо, ки рафтам, дидам Набил Мискинёр ҳам аст ва қисса аз ин қарор буд, ки мехост дар шӯъбаи “Ориёно Афғонистон” дар шимоли Калифорния, ки аслан мутасаддии он Халил Роғиб буд, каме тағйирот биовард. Яке ду то аз мухолифини ман ҳам дар ин маҷлис буданд. Дар зимни сӯҳбат Мискинёр рӯи худро тарафи ман кард ва гуфт, бачаи коко, ҳамроҳи ман ҳамкорӣ мекунӣ? Ман бидуни диранг гуфтам, ки ба ҳар ду дида. Мухолифин ҳайрон монданд, ки чӣ тавр аз ман хоҳиш кард, ки ҳамкорӣ кунам.
Ҳамон буд, ки то синни ҳафтод, яъне тақрибан се сол қабл, бо Мискинёр будам. Дар синни 69-солагӣ эълон кардам, ки ман дар синни ҳафтод аз телевизион истеъфо мекунам. Инро ба хотире гуфтам, ки агар дафъатан хориҷ мешудам, боз мардум табсира мекард, ки албатта, кадом назокат байни мо пайдо шуда ва аз ин гапҳо.
Дар синни ҳафтод бо ин ки Мискинёр исрор кард, ки бошам ва мардум эҳтиёҷ доранд, аммо ман тасмими худро гирифта будам. Дар ҳафтодсолагӣ, баъд аз сӣ соли барномасозӣ, расман истеъфо кардам. Аммо барномасозони дигар дар фазои маҷозӣ маро раҳо накарданд ва Ҳомид Заробӣ, Насир Холид, Раззоқ Маъмун, Саҷия Комронӣ , “Афғонистон интернешнл”, телевизионҳои “Зарин” , “Баҳор”, “Садои Амрико”, радиои Озодӣ , “Ориёно Нюс” аз Кобул ва дигар барномасозон, аз ман даъват карданд, ки дар барномаҳояшон табсираҳои сиёсӣ ва динӣ дошта бошам ва ин ҳамкорӣ давом дорад.
Ахиран Ҳомид Заробӣ аз ман хост, ки бо Ҳабиб Ҳутакӣ ва Мискинёр як барнома дошта бошам. То ҳамин ҳол, ки ин баргаро менависам, дар зарфи чаҳор рӯз чиҳилу нуҳ ҳазор бинанда дар Ютуб дошта, ки рекордро шикастонд. Чӣ тавр шуд, ки ин барнома ба ин гуна машҳур шуд, ки ҳатто ман садҳо телефони таҳсину тамҷид гирифтам, ба ҷуз аз чанд нафари маҳдуд?
Ман ба Ҳомид гуфтам, ки ин мард (Ҳабиб Ҳутакӣ) тарафдори Толибон, як паштунист аст, яъне тафаввуқи паштунҳоро дар Афғонистон мехоҳад ва арзиш надорад. Ҳомид гуфт, хуб аст, ки ҷавобаш дода шавад.
Ман, ки дидам, тарафи ман кӣ аст аз шурӯи барнома аз усули “boxing ring” (ҳалқаи бокс) дар журнализм кор гирифтам. Ба тафовути ин ки дар “boxing ring” дар вақти мусоҳиба ва ё баҳс як нафар як нафари дигарро латукӯб мекунад, аммо ман ба шакли лафзӣ кор гирифтам. Ва он ин аст, ки аз шурӯъ бояд ҳамла кунӣ, тарафро тавҳин кунӣ ва ҳеҷ мавқеъ надиҳӣ, ки гап бизанад. Ин маълум бо асабият ва ҷиддият мешавад. Ман бо касе, ки дурӯғ мегӯяду ҳақоиқро пинҳон мекунад, худашро баста ба зулм мекунад, бидуни ин ки бихоҳам, дар “boxing ring” дохил мешавам.
Ва ман медонистам, ки тарафдрони ман аз ман ситоиш мекунанд, зеро дилпухта ҳастанд. Ононе, ки журнализм намедонанд, аз “boxing ring” дар баҳс хабар надоранд. Доналд Трамп дар баҳсҳои сиёсӣ аз “boxing ring” ба шакли лафзӣ кор мегирад. Ман айни корро кардам.
Онҳое, ки манро маломат карданд, теъдодашон фақат чаҳор нафар буд. Нақшаи манро намедонистанд, ки ман як барномасози коркушта будам, ки сӣ сол дар матбуот барнома месохтам ва аз як тактик кор гирифтам, ки Ҳабиб Ҳутакӣ роҳи худро гум карда буд. Китобҳое, ки сӣ соли пеш дар бораи журнализм хонда будам, даҳуми декабри 2024 нафаси рақибро тоза кард ва то зинда аст ин шикастро фаромӯш намекунад.