Чаро Афғонистон ба як инқилоби фарҳангӣ ниёз дорад?
Нависанда: Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси пешини сиёсати Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Нигорaҳои зер, аз ҷашни Наврӯз бо иштироки кишварҳои Осиёи Миёна дар Вашингтон Ди-Си аст; ҷое ки ҳатто шаҳрвандони амрикоӣ низ бо шигифтӣ ва ҳаяҷон аз ҷилваҳои ин мероси фарҳангӣ истиқбол мекарданд.
Кулоҳе, ки ман бо дӯстам пӯшидаем, санъати дастӣ ва рамзи муштарак аз мероси фарҳангии ҳамосии Бухоро аст, ки ҳанӯз дар миёни тоҷикҳо ва ӯзбекҳои ду сӯи Ому ба сурати густарда ривоҷ дорад ва бахше аз ҳофизаи зиндаи фарҳангии ин минтақа ба шумор меравад.
Наққошие, ки дар тасвир дида мешавад, манзарае аз ду сӯи рӯди Панҷ/Ому дар минтақаи “Моҳ-Май”-и Афғонистон ва Дарвоз Тоҷикистон аст; асаре аз Сафаршоҳ, наққоши чирадасти тоҷики муқими Амрико, ки онро дар сафари ахираш ба Тоҷикистон халқ кардааст.
Кофист зебоиҳои фарҳангӣ ва ҳунариро дар ду сӯи ин рӯд бо якдигар муқоиса кунем то умқи ниёз ба як инқилоби фарҳангӣ дар Афғонистон ошкор гардад. Дар ҳоле ки минтақа ва ҷаҳон аз мероси фарҳангии мо дар қалби пойтахтҳои худ мизбонӣ ва истиқбол мекунанд, мутаассифона, решаҳои ҳамин фарҳанги бошукӯҳ дар хостгоҳи аслияш дар маърази тазъиф ва тахриб қарор гирифтааст.
Дар ин сӯи Ому, ба тозагӣ рӯйдоде рух додааст, ки ба равшанӣ ин буҳронро намоён месозад. Нидомуҳаммад Надим, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии Толибон, дар иқдоме, ки ба куллӣ бо шаън ва ҷойгоҳи як мақоми омӯзишӣ дар тазод аст, Яъқубоғлу, донишҷӯи донишгоҳи Кобулро сирфан ба далели бар сар доштани кулоҳи ӯзбекӣ мавриди иҳонат ва латукӯб қарор додааст. Ба ривояти ин донишҷӯ, вазири Толибон кулоҳеро, ки рамзи ҳувияти фарҳангии ӯст, бо хушунат бар замин афканда ва сипас бар чеҳрааш силӣ задааст.
Ин рӯйдод парда аз воқеияти талх ва нигаронкунанда бармедорад: мушкили бунёдии Афғонистон на сирфан сиёсӣ аст ва на танҳо ношӣ аз тафовутҳои қавмӣ, забонӣ ё мазҳабӣ; балки дар канори фақри иқтисодӣ, реша дар фақри фарҳангӣ ва ақибмондагии амиқи фарҳангӣ дорад. Ин сатҳ аз ақибмондагӣ то он ҷост, ки фарде ба сабаби навъи пӯшиши худ, мавриди таҳқир ва хушунат қарор мегирад.
Бадеҳист касе, ки тавони таҳаммул ва пазириши танаввуъи фарҳангиро надорад, шоистагии ҳукмронӣ бар ҷомеаи мадании мутакaссир чун Кобулро нахоҳад дошт. Чунин фарде агар дар доираи маҳдуди қария ё қабилаи худ боқӣ бимонад, ба маротиб муносибтар аз он аст, ки бар ҷомеае бо бофти тамаддунӣ ва мутанаввеъ ҳукм биронад.
Ин рафторро набояд сирфан як бархӯрди фардӣ ё ҳодисаи гузаро талаққӣ кард; балки бояд онро намоде аз таарруз ба каромати инсонӣ ва ситез бо такассури фарҳангӣ донист. Он чӣ дар ҳоли вуқӯъ аст, бахше аз як раванди густардатарِи яксонсозии иҷборӣ ва ҳазфи ҳувиятҳои мутанаввеъ аст, ки дар лояҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ реша давондааст.
Дар ҳоле ки дар он сӯи Ому, фарҳанг ва ҳунар дар масири шукуфоӣ қарор дорад, дар ин сӯ нишонаҳои уфул ва заволи фарҳангӣ ба вузуҳ қобили мушоҳида аст. Рӯйдоди ахир дар донишгоҳи Кобул танҳо намунае аз чеҳраи хашини таъассуб ва зиддият бо касратгароӣ аст, ки фазои фарҳангии ин сӯи Омуро таҳти таъсир қарор додааст.
Мо имрӯз бо занҷирае аз сиёсатҳо ва иқдомоти зиддифарҳангӣ мувоҷеҳ ҳастем: аз омӯзишситезӣ ва бастани дарвозаҳои макотиб ба рӯйи духтарон, то маҳдудсозии ниҳодҳои илмӣ ва табдили онҳо ба абзори тарвиҷи ифротгароӣ; аз манъи мусиқӣ ва хомӯш сохтани садои ҳунар, то ҳазфи тадриҷии забони форсӣ аз фазоҳои умумӣ ва идорӣ; ва низ тахриби намодҳои фарҳангӣ, аз ҷумла тандиси Амир Алишер Навоӣ дар Балх. Ҳатто пӯшишҳои бумӣ ва ҷашнҳои куҳан монанди Наврӯз низ аз ин рӯйкарди ҳазфӣ дар амон намондаанд.
Барои убур аз ин бунбасти таърихӣ, Афғонистон беш аз ҳар замони дигаре ниёзманди як инқилоби фарҳангӣ аст; инқилобе на аз ҷинси хушунат, балки мубтанӣ бар огоҳӣ, бозандешӣ ва бозтаърифи арзишҳои иҷтимоӣ. Воқеият ин аст, ки ҷанг, ифротгароӣ ва қавмгароӣ, лояҳои амиқи фикрӣ ва фарҳангии ҷомеаи моро осебпазир сохтааст.
Мо ниёзманди гузар аз фарҳангҳои ҳазфӣ ба сӯи як фарҳанги касратгаро ҳастем; фарҳанге, ки дар он кулоҳи ӯзбекӣ, лунгии пуштунӣ, пираҳан-тунбони ҳазорагӣ, забони форсӣ ва соири намодҳои ҳувиятӣ, ҳамчун тору пуди як фарши воҳид ба номи ҳувияти миллӣ дарҳам танида шаванд.
Ҳамчунин, муқобила бо “тероризми фарҳангӣ” зарурате инкорнопазир аст то ҳунар ва мусиқӣ бори дигар ба унвони абзорҳои талтифи рӯҳи ҷамъии ҷомеа ҷойгоҳи худро бозёбанд. Раҳойӣ аз ҷаҳли муқаддас ва эҳёи ҷойгоҳи инсонии зан низ пешшарти ҳар гуна тавсеа ва пешрафти воқеӣ аст.
Инқилоби фарҳангӣ дар Афғонистон, дар ҳақиқат ба маънои як ренессанси фикрӣ аст. То замоне ки дар зеҳнияти як масъул, сили задан ба як донишҷӯ ба хотири ҳувияти фарҳангиаш амале қобили тавҷеҳ ё ҳатто қаҳрамонона талаққӣ шавад, ин сарзамин рӯйи оромиш ва суботро нахоҳад дид.
Мо ба як таҳаввули бунёдӣ ниёз дорем; таҳаввуле ки дар он, эҳтиром ба тафовутҳо ҷойгузини ситез бо ҳувиятҳо гардад ва каромати инсонӣ ба унвони меҳвари аслии низоми иҷтимоӣ, дубора эҳё шавад.