Хабари рӯз

Чӣ гуна башарият тавонист танҳо дар чиҳил сол аз аробаи аспӣ ба асри мушакҳо ва нобудии атомӣ ҷаҳиш кунад?

Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, пажӯҳишгар ва таҳлилгари масоили минтақаӣ, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Аз оғози таърихи мактуби шинохташудаи башар — ҳудуди соли 3200 пеш аз милод (ки ба таври умумӣ ҳамчун нуқтаи оғоз пазируфта шудааст) — то ҳудуди соли 1750 милодӣ, масири пешрафти башарӣ ба тарзи шигифтоваре ҳамвор ва кунд буд. Ҳамон шамшерҳо, ханҷарҳо, аспҳо, аробаҳо, киштиҳои бодбонӣ ва поруӣ ҳам ҳудуди тавоноиҳои фанноварона ва ҳам шеваи зиндагии инсонҳоро таъйин мекарданд.

Дар қарни чаҳордаҳуми милодӣ, борут ба вуҷуд омад ва моҳияти ҷангро тағйир дод. Бо ин ҳол, дар тӯли 450 соли баъдӣ ин фанноварии нисбатан ибтидоӣ боқӣ монд. Тақрибан дар ҳамон давра, соатҳои механикӣ ва дастгоҳи чоп низ зуҳур карданд. Дар даҳаи 1750, истифода аз ангишт ва сипас нерӯи бухор, саноатишавии модернро мумкин сохт ва роҳро барои роҳи оҳан ва киштиҳои бухорӣ ҳамвор кард.

Бо ҳамаи ин, тамоми ин таҳаввулот дар муқоиса бо масире, ки рушди башарӣ аз ҳудуди соли 1900 дар пеш гирифт, чизе ҷуз пешрафте оҳиста ва тадриҷӣ набуд.

Ман падидаи пешрафти қарни бистумро “Парадокси Липтон” меномам; номе баргирифта аз Кеннет Липтон, нависандаи нисбатан гумноми амрикоӣ ва муаллифи китоби “Осмони Зард” (Yellow Sky), ки дар он ин фарзияро матраҳ кард, ки шояд тамаддуни пешрафтаи фанноваримеҳвари кунунӣ нахустин тамаддун аз ин навъ дар таърихи башар набошад.

Ҳарчанд ин дидгоҳ ба жанри ҷудогонае мавсум ба «Таърихи Бадил» тааллуқ дорад, аммо он чи барои ман аҳаммият дорад, пурсиши дигаре аст, ки Липтон дар ҷараёни баҳсҳои худ матраҳ кард.

Кеннет Липтон пурсид:

“Чӣ гуна башарият тавонист танҳо дар чиҳил сол аз аробаи аспӣ ба асри мушакҳо ва нобудии атомӣ ҷаҳиш кунад?”

Ҳарчанд ин пурсиш бо ниҳояти содагӣ ва бидуни ҳеч иддаое барои жарфои фалсафӣ матраҳ шуд, аммо аҳамияти онро наметавон дастикам гирифт. Ин пурсиш ба розе бунёдин, инфиҷорӣ ва пинҳон дар ҳастии инсон мепардозад; масъалае, ки дар қалби мавзӯъ қарор дорад ва дар айни ҳол, ҳатто бо дақиқтарин нигоҳ низ тақрибан ноаён боқӣ мемонад.

Акнун биёед мароҳили аслии пешрафти башарият дар қарни бистумро баррасӣ кунем ва онро бо намодор (график) - ҳои гӯё ҳамроҳ созем. Яке аз ин намодорҳо (болоӣ) рушди ҷамъияти ҷаҳонро нишон медиҳад. Дар саросари таърихи мактуби шинохташудаи башар, ҷамъияти курраи замин то соли 1804 ҳаргиз аз як миллиард нафар фаротар нарафт. Бо ин ҳол, то соли 2024 ин рақам ба сатҳи бесобиқаи ҳашт миллиард нафар расид.

Қарни бистуми милодӣ даврае мунҳасир ба фард буд, зеро дар ҳамин давра тавоноиҳои фанноваронаи тамаддуни башарӣ (аврупоӣ) сареътарин ва густардатарин ҷаҳишро дар тамоми таърихи шинохташудаи худ таҷриба кард.

Бештари мароҳили зер аз авохири қарни нуздаҳум оғоз шуданд ва то авоили қарни бистуякум ба рушди худ идома доданд.

ОҒОЗИ ҚАРНИ БИСТУМ

1 - Барқ ва радио

2 - Силоҳҳои гарми мудерн

3 - Худравҳо

4 - Ҳавонавардӣ

ПАС АЗ СОЛИ 1945 (ПАС АЗ ҶАНГИ ҶАҲОНИИ ДУВУМ)

5 - Асри атом

6 - Асри фазо

7 - Асри ройонаҳо, электроника ва телевизион

Ин сирфан як мушоҳидаи тасодуфӣ нест, балки натиҷагириест, ки аз аҳаммияти фавқулодае бархӯрдор аст.

Китобшиносӣ:

https://www.studentapan.se/kurslitteratur/yellow-sky-an-alternative-perspective-about-the-human-condi-9781891850035

 

 


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!