«Барои касоне, ки қасди худкушӣ доранд»
Нависанда: Антон Чехов, 1885
Баргардон аз забони русӣ : Ҳорун Юсуфӣ
Баргардон аз хатти форсӣ: Фирдавси Низом
Зиндагӣ чизе талху нохушоянд аст, вале зебо сохтани он кори мушкил нест. Барои сохтани ин дигаргунӣ лозим нест, ки масалан, дусад ҳазор рубл дар лоторея бубарӣ ва ё ба дарёфти медали “Уқоби сафед” ноил шавӣ ё бо хонуми зебову хуштипе издивоҷ кунӣ ё ба унвони як одами хушқалб дар тамоми дунё шинохта шавӣ.
Неъматҳоеро, ки баршумурдем фанопазиранд ва ба одати рӯзона табдил мешаванд.
Барои он ки ҳамеша, ҳатто дар мавқеи ғаму мотам эҳсоси хушбахтӣ кунӣ, бояд аввал аз он чи, ки дорӣ, розиву хуш бошӣ ва дувум ин ки аз ин андеша, ки “мумкин буд аз ин бадтар шавад” эҳсоси хушӣ кунӣ ва ин кори душворе нест.
Вақте қуттии гӯгирд дар ҷайбат оташ мегирад, аз ин ки ҷайбат пур аз борут набуд, хуш бош ва Худоро шукр кун.
Вақте теъдоде аз хешу табори бечораат ба хонаи иҷораат меоянд, вархато нашав, балки хуш бошу фарёд бизан, ки: “ҷойи хушист, ки хешовандонам омадаанд, на пулис”.
Агар хор дар ангуштат халид, бар он шукр кун, ки “чӣ хуб шуд дар чашмам нахалид”.
Агар зан ва ё хоҳарӯсат оҳангеро бесуру фач бихонанд, авқотатро талх макун, хуш бош, ки ба мусиқӣ гӯш мекунӣ , на ба зузаи шуғол ё миявмияви пишак.
Бар он Худоро шукр кун, ки на асби боркаш ҳастӣ, на микроб, на хук, на хар, на қунғузак ва на хирс.
Рақс кун, ки на шал ҳастӣ, на кӯр, на кар, на гунг ва на мубтало ба марази вабо. Хушҳолӣ кун, ки дар ҳамин лаҳза рӯи курсии муттаҳамин нанишастаӣ.
Агар дар минтақаи бисёр дур зиндагӣ мекунӣ, аз ин, ки хонаат дигар ҳам дуртар нест, хушҳолӣ кун.
Агар фақат як дандонат дард мекунад, дилатро ба ин хуш кун, ки хуб аст ҳама дандонҳоят дард намекунанд.
Вақте туро ба маҳкама эҳзор мекунанд, аз ин, ки ту ба муҳокима меравӣ, на ба дӯзах, хушҳол бош ва ҷастухез бизан.
Агар занат ба ту хиёнат мекунад, дил ба ин хуш дор, ки ба ту хиёнат мекунад, на ба Модар-Ватан.
Ва ба ҳамин тартиб... эй одам, насиҳатҳои маро ба кор гир, то тамоми зиндагиат пур аз хушиву хушҳолӣ шавад.
(Ин қитъа нахуст дар шумораи 17 маҷаллаи танзи "Осколки" (Oskolki) дар соли 1885 чоп шудааст, замоне, ки Чехов, ки дар он замон танҳо бисту панҷ сол дошт ва ба маънои воқеии калима барои навиштаҳояш пули ночизе мегирифт. "Зиндагӣ зебост» дар маҷмӯа осори Чехов гунҷонда нашудааст).