Таваҷҷуҳи русҳо ба экотуризми кӯҳӣ меафзояд.
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин маънои онро дорад, ки сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳимми иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад. Барои тамошои кӯҳҳои баланд ва ҳаловат бурдан гардишгарон аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон, аз ҷумла аз Русия ба ин ҷо омада, тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладҳо минтақаҳои зебои ҷумҳурии моро мебинанд. Чӣ бештар сайёҳонро ба кишвари кӯҳистонии ноошно ҷалб мекунад?
Дар охири соли гузашта аъзои кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робитаҳо бо ИДМ бо вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон мулоқот карданд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳоҷират, сайёҳӣ, рушди забони русӣ, инчунин, тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар Русия баррасӣ карда шуданд.
РУШДИ СОҲА
Айни ҳол саҳми бахши сайёҳӣ дар ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 2,8%-ро ташкил медиҳад. Дар кишвар як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба маблағи умумии беш аз 43,8 миллион доллар, ки дар ин ҷо сармояи Русия низ ҷалб карда шудааст, фаъолона пеш бурда мешаванд. Ҳамаи ин корҳо ба азнавсозӣ ва тараққӣ додани инфрасохтори мавҷуда равона карда шудаанд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар соли 2023 беш аз 1 миллион гардишгари хориҷӣ, аз ҷумла 262 ҳазор нафар шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон дидан карданд. Ин назар ба соли гузашта 92,8 фоиз зиёд аст. Дар ояндаи наздик дар назар аст, ки теъдоди сайёҳони рус дар Тоҷикистон дар як сол то ним миллион расонида шавад.
Соли 2023 ба Тоҷикистон сайёҳон аз 121 кишвари ҷаҳон ташриф оварданд. Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Манучеҳр Садриддинов иброз дошт: “Агар дар бораи зебогии табиат, манзара ва боигариҳои табиӣ кишварамон ҳарф занем, сайёҳон бештар ба сайёҳии кӯҳӣ ва экосайёҳӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд”.
Моҳи марти соли 2023 мутахассисони Тоҷикистону Русия харитаи махсуси роҳ оид ба рушди сайёҳии мутақобила ва эҷоди хатсайрҳои гуногуни сайёҳиро таҳия карданд. Ин санад аз ҷониби раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Қ. Муъминзод ва вазири иқтисоди Русия М. Решетников ба имзо расид.
Моҳи майи соли 2023 намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба Санкт-Петербург, Самара, Қазон, Тюмен ва Уфа сафар карданд. Ҳадафи асосии ин сафар амалисозии вазифаҳои харитаи нави роҳ буд.
Моҳи апрели соли 2019 байни ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид.
Қаблан ҳайати Тоҷикистон ба соҳибкорони рус имконият ва самтҳои рушди сайёҳии тиббию саломатӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, кишоварзӣ ва гастрономиро дар кишвар намоиш дода буд.
Дар Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи рушди сайёҳӣ то давраи соли 2030” фаъолона кор бурда мешавад. То аввали соли 2026 автоматикунонии соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон 200 ширкати сайёҳӣ, 188 меҳмонхона, 26 хобгоҳ, 45 шифохона, 8 маркази саломатӣ, 10 хонаи истироҳатӣ мавҷуданд. Инчунин, пансионатҳо, кемпингҳо ва пойгоҳҳои (марказҳои) сайёҳӣ барои истироҳат мавҷуданд.
Амир Исоев - директори ширкати сайёҳии «Амир Тур» ва дӯстдори маконҳои кӯҳистонӣ мегӯяд: «Тӯли 5-6 соли охир ман рӯзҳои истироҳатамро дар кӯҳистон мегузаронидам ва ин шуғли дӯстдоштаи ман гардидааст. Теъдоди гардишгарон мунтазам меафзӯд ва ба ман аксар вақт маслиҳат медоданд, ки як агентии сайёҳӣ кушоям. Бо гузашти вақт дарк кардам, ки маҳз ба ҳамин кор машғул мешавад ва ҳамин гуна ширкати худро кушодам. Пас аз як сол маро ба шаҳрдорӣ даъват карданд ва барои саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ба ифтихорнома доданд”.
Амир қайд мекунад, ки пайваста дар ҷустуҷӯи хатсайрҳои нав аст, вале кӯшиш мекунад, ки ҳар як сафар барои ҳама иштирокчиён бароҳат бошад: “Аксари муштариён ширкати мо сокинони шаҳранд, ки таълими махсус надоранд ё пиронсолон ва ҷавононе, ки дар кӯдакӣ кӯҳҳоро дида буданд. Дар давоми сайёҳат, ҳадафи ман эҷоди фазои бароҳат аст, то ки ҳама худро ҳамчун ҷузъи як гурӯҳ эҳсос кунанд, зеро ин ба эҷоди торҳои нави асабӣ (нейронӣ) ва пас аз кор барқарор кардани зеҳн мусоидат мекунад. Имрӯз, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст, ман кӯшиш мекунам, имкониятҳоро барои гардишгарон то ҳадди ақал тавсеа дода, мавзеъҳои зебои машҳур ва каммаълуми кишварамонро нишон диҳам”.
Мақомдорони тоҷик барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. Ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, зеро ин имкон медиҳад, ки барои аҳолии маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем.
Ба гуфти ӯ, сол аз сол теъдоди сайёҳон меафзояд: “Теъдоди сайёҳони рус, ки пайваста дар сафарҳои ман иштирок мекунанд, хеле зиёд шудааст. Онҳоро зебогии табиат ва мехмоннавозии мардуми мо комилан мафтун кардааст. Аксари сайёҳон то сафар кардан ба Тоҷикистон дар бораи кишвари мо маълумоти кам доранд, вале пас аз дидани Душанбе ва дигар мавзеъҳо аз шодӣ ба ваҷд меоянд. Сайёҳон гуфтумонҳои мусбат ва кишвари моро ба дӯстони худ тавсия медиҳанд, ки дар натиҷа онҳо низ муштарии ширкати сайёҳии мо мешаванд.
Мо бояд бо ширкатҳои сайёҳии Русия робита барқарор кунем, зеро ба сайёҳони рус ба ҷуз аз Туркия, Миср, Тайланд, Шри-Ланка ва Бали бояд самтҳои нав пешниҳод карда шавад. Муҳим аст, ки ин самтҳо бо сифати баланд муаррифӣ карда шаванд ва тадриҷан бо ширкатҳои сайёҳии Русия, ки онҳо низ барои муштариёни худ самтҳои нави саёҳат меҷӯянд, робитаҳои корӣ барқарор кунем.
Ба ғайр аз ин, омода кардани роҳбаладони соҳибихтисос барои хидматрасонӣ ба ҷараёни рӯзафзуни сайёҳон ва қонеъ кардани талаботи афзояндаи бозори дохилӣ ва хориҷӣ муҳим аст, зеро дар ин соҳа мушкили норасоии кадрҳои касбӣ ҷой дорад».
МАҲБУБИЯТ ДАР БАЙНИ САЙЁҲОН
Тоҷикистон барои аксари сайёҳони рус як кишвари ғайриодӣ ва нав аст. Бо назардошти баъзе "инзивоъҳо" дар самтҳои муқаррарии ғарбӣ, ки солҳои охир ба вуҷуд омадааст, сайёҳони рус бо мароқи том кишварҳои ҳамсояи ғайрианъанавиро интихоб мекунанд. Тоҷикистон барои сайёҳон бо манзараҳои зебои табиӣ ва мероси ғании таърихии худ ҷолиб аст. Фазои ягонаи забонӣ, таомҳои рангоранг, тафаккури шабеҳ ва гузаштаи умумӣ кишвари моро барои истироҳаткунандагони рус махсусан ҷолиб мегардонад.
Соли гузашта Тоҷикистон чанд созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла бо Русия, Ӯзбекистон ва Туркия ба имзо расонид. Ҳукумати Русия соҳибкорони русро, ки омодаанд дар бахши сайёҳии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд, фаъолона ҳавасманд мекунад.
Яке аз мавзеъҳои машҳур кӯли хушманзараи Искандаркӯл мебошад. Аз рӯи ривоятҳо Искандари Мақдунӣ ҳангоми истило кардани ин заминҳо бо хитоб чунин гуфта буда: «Вақте чунин макони зебое ҳаст, ба худоён Олимп чӣ лозим?». Обанбор ба номи ин фармондеҳи машҳур гузошта шудааст. Барои сайёҳони ботаҷриба роҳбаладон саёҳати кӯлҳои Марғузорро, ки бо номи Ҳафткӯл машҳуранд, пешниҳод мекунанд. Ҳар як кӯл оби ранги махсусро дорад.
Амир Исаев дар идома мегӯяд: “Сайёҳон асосан ба ҷойҳое мераванд, ки мо рӯзҳои истироҳат ба он ҷо сафар карда будем. Ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар гурӯҳҳои худ менависам, бачаҳо дархост мегузоранд ва сипас ба саёҳатҳои мо ҳамроҳ мешаванд. Баъзан саёҳатҳои алоҳида барои онҳое, ки фақат барои чанд рӯз ба кишвари мо меоянд, ташкил мекунем. Онҳо фавран ба ҷое рафтан мехоҳанд ва аксар вақт маконҳои наздики Душанберо интихоб мекунанд: Искандаркӯл, Варзоб, баъзан Ҳисор, Тимур-дара, Ромит. Баъзан кӯҳҳои Фан, Алоуддин, кӯлҳои Марғузор, Артуч».
Соли гузашта як хатсайри аҷоиб — сайёҳат ба конҳои гумшудаи аметист пайдо шуд. «Ман дарҳол пай бурдам, ки ин макон машҳур мешавад. Пас аз гирифтани иҷозати расмӣ барои дидани он, ба он ҷо саёҳатҳо ташкил мекардагӣ шудам. Бо назардошти он, ки дар минтақаи мо конҳои оникс ва дигар маъданҳои қиматбаҳо зиёданд, мехостам чунин маконҳо бештар шаванд”, - мегӯяд Амир.
Ширкатҳои русӣ дар рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон иқтидори бузургро мебинанд ва хоҳишманд, ки бо ҷорӣ намудани технологияҳои нави муосир сармоягузорӣ кунанд.
Як сайёҳи рус Ксения Эчешева дар бораи таассуроти худ аз зебоии Тоҷикистон чунин мегӯяд: “Ман ба Душанбе 4 сол пеш барои иқомати муваққатӣ омада будам, вале ҳанӯзам ин кишварро меомӯзам. Ҳамчун сайёҳ ба ман дар ин ҷо омезиши нотакрори самтҳои гуногун писанд аст, ки онҳо метавонанд барои ҳамаи гардишгарон ҷолиб бошанд: ин мавзеъҳои ҷолиби таърихӣ, меъмории нигоҳдошташуда ва зебоии нотакрори табиат, боғҳо ва фаввораҳои зебо, тобиш ва фарҳанги маҳаллӣ аст. Дӯстдорони саёҳати гастрономӣ бошанд, метавонанд аз таомҳои хушмаззаи тоҷикӣ лаззат баранд.
“Ман дар Олтой зиндагӣ мекунам ва бо зебоии табиат маро ба ҳайрат овардан душвор аст, вале ба Тоҷикистон ин муяссар шуд. Аввалин ҷое, ки ман аз он дидан кардам, кӯли Искандаркӯл буд. Ҳанӯз дар роҳ аз дидани кӯҳҳои баланд маро таассурот фаро гирифт. Худи кӯл бо оби аҷибаш маро ба ваҷд оварда буд. Фикр мекунам онҳое, ки дар он ҷо набуданд ва ин кӯлро бо чашми худ надидаанд, ҳатто бовар карда наметавонанд, ки дар аксҳо воситаҳои филтр ё ислоҳи ранг истифода нашудааст”.
Амир Исаев, директори ширкати сайёҳии «Амир-тур»: «Кишвари мо бо мавзеъҳои хушманзараи худ, ба мисли Бадахшон, кӯҳҳои Фан, кӯлҳои Алоуддин ва Варзоб, бояд хидматрасониҳои ширкатҳои сайёҳии худро дар бозори Русия фаъолона пешбарӣ кунад».
Чанд маротиба дар Сафед-Дара будем ва метавон гуфт, ки роҳи лижаронӣ дар он ҷо дар сатҳи баланд сохта шудааст. Барои онҳое, ки лижаронӣ намекунанд, дар он ҷо машғулиятҳои дигар низ ҳаст, аз ҷумла дар фасли тобистон. Вале бояд гуфт, ки сифати хизматрасонӣ ба назари ман каме дар сатҳи паст аст ва ин ҳам ба ташкили наонқадар хуби системаи иҷора ва набудани имконият барои истеъмоли хӯрок бо нархи дастрас дахл дорад.
Чанде пеш ман бо як гурӯҳи сайёҳӣ ба саёҳати кӯтоҳмуддат ба обанбори Норак рафта будам ва воқеият аз интизориҳои ман зиёдтар буд - гумон кардам, ки танҳо дар пасманзари манзараи зебои обанбор бо ҷазираҳо аксгирӣ мекунам, вале табиати он ҷо ниҳоят гуногунранг буд. Кӯҳҳои баланди сарсабз, оби зебо, манзараҳои ба мисли Миррих, илова бар ин, говҳое, ки дар нишебиҳо сайру гашт мекарданд, тобиши маҳаллӣ ва эҳсоси сайругашт дар марғзорҳои Алпро ба вуҷуд меоранд. Ҳамчунин, дар барномаи сафар саворагардӣ бо асп ва шинокунӣ пешбинӣ шуда буд, ки эҳсосоти иловагиро зам карданд.
“Ба назарам, вақтҳои охир теъдоди роҳбаладҳои сайёҳӣ зиёд шуда истодааст ва вақте рақобат ҳаст, пешниҳодҳо ҷолибтар мешаванд, барномаҳои сафарҳо гуногунанд ва хурсандиовар аст, ки гурӯҳҳои сайёҳӣ ҳамеша то ҳадди ақал пур мешаванд. Ман акнун дарк кардам, ки тӯли ин чанд соли зиндагӣ дар ин кишвар боз бисёр чизҳоро дида метавонистам (бисёр чизҳоро надидаам). Вале умедворам, ки ҳанӯзам ин хостро бароварда метавонам – дар ояндаи наздик ният дорам, аз киштзорҳои кӯкнор - боз як падидаи нодири Тоҷикистон, ки дар кам ҷое мушоҳида кардан мумкин аст, дидан кунам».
Аз Душанбе дур нарафта, метавон худро дар майдони филмбардории филми таърихӣ – Қалъаи Ҳисор тасаввур кард. Ин мавзеъи таърихӣ ва нотакрор аст, хусусан агар кас аз таърихи ин қалъа воқиф бошад. Ҳамзамон метавонем дар гирду атрофи он оромона гардиш кунем, одатан дар он ҷо сайёҳон зиёд нестанд”, - Ксения Эчешева - сайёҳи рус.
Тоҷикистон бо манзараҳои бошукӯҳи кӯҳӣ ва таърихи ғании худ тадриҷан ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи сайёҳони рус табдил меёбад. Мавзеъҳои нодири табиӣ ва фарҳанги ғании кишвар барои тадқиқот ва истироҳат имкониятҳои калон фароҳам меоваранд. Ба шарофати кӯшишҳои пайваста дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва пешбарии хатсайрҳои нав, Тоҷикистон аниқ метавонад ба як макони пешсаф барои сайёҳии экологӣ ва саёҳат дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Пешравии соҳаи сайёҳӣ на танҳо ба иқтисодиёти кишвар тақвият мебахшад, балки ба табодули фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо мусоидат намуда, Русия ва Тоҷикистонро тавассути саргузаштҳо ва кашфиётҳои муштарак ба ҳам наздик мекунад.