Ононе, ки мегӯянд, мардум аз ҷанг хаста шуда ва Афғонистон дигар ба ҷанг ниёз надорад, иштибоҳ менамоянд. Афғонистон имрӯз бештар аз ҳар замони дигар ба ҷанги одилона ва додхоҳона ниёзманд аст.
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)
Афғонистон ҳеҷ гоҳе ба андозаи имрӯз ба мусибат мубтало набудааст. Авҷи ваҳшате, ки имрӯз Толибон дар Афғонистон барпо кардаанд, дар таърих бемонанд аст. Ин авҷи ваҳшат, гурӯҳе ё қавми хосеро садама намезанад, балки миллатеро ба сӯи нобудӣ савқ медиҳад. Толибон бо бераҳмии тамом мехоҳанд Афғонистонро дар қарни 21 ба сарзамини арвоҳ ва ба як гӯристони тамомаёр мубаддал созанд - гӯристоне барои тамоми бошандагони он. Толибон мехоҳанд ба дастури ҳомиёнашон миллати моро аз ҳунар ва фарҳанг ва аз қонуну тамаддуни инсонӣ бегона карда, занонро, ки ними пайкари иҷтимоъ ҳастанд, аз ҷомеаи мо ҳазф намоянд.
Наслкушиҳо, кӯч доданҳои иҷборӣ ва ахиран шаллоқзаниҳо, қасос ва тирборон кардани зану мард дар малои омм ва боз манъи комили вуруди духтарони донишомӯз ба донишгоҳҳо ва манъи кори занон дар тамоми муассисоти ғайридавлатии дохилӣ ва байналмилалӣ... ҳама мисдоқҳои равшани ҷиноят алайҳи башарият аст. Тамоми ин иқдомоти шанеъ, мардуми моро ҷоҳилтар, хортар ва залилтар аз пеш ба ҷаҳон муаррифӣ карда, Афғонистонро бадномтар ва бечоратар аз пеш хоҳад кард.
Дар ин ҷои шак нест, ки амрикоиён ва ҳамдастони аврупоӣ, австралиёӣ ва канадаияшон, ки дар эҷоди ин вазъияти асафбор дар Афғонистон муқассирони аслӣ ҳастанд, ҳар боре - ҳар фармони хашину зиддибашарии Толибонро тақбеҳ мекунанд - аммо фақат тақбеҳ. На он ки ба иқдоме қотеъ алайҳи онон бипардозанд. Ин таҳвилдиҳандагони қудрат ба Толибон, бо бетафовутӣ ва бепарвоии тамом, анвоъи фаҷоеъи инсонии Толибонро назора мекунанд ва ба ҷои иқдомоти қотеъ алайҳи Толибон, ҳафтавор чиҳил миллион доллар ба банкҳои онон ворез менамоянд.
Тавре, ки маълум аст, амрикоиён мехоҳанд бори дигар Афғонистонро ба майдони тохтутози ҷоҳилтарин гурӯҳи тундрави исломӣ дароварда ва аз он барои эҷоди музоҳимат ба ҳарифони эронӣ, чиноӣ ва русиашон истифода намоянд. Онон таҳкими низоми террористӣ - динӣ дар Афғонистонро беҳтарин абзори даст ёфтан ба ин манзур мепиндоранд. Аммо оё онон ба ин аҳдофи шумашон даст хоҳанд ёфт?
Оё мардуми Афғонистон то абад ононро таҳаммул хоҳанд кард? Оё халқҳои таҳти ситам ҳаргиз намехоҳанд аз обрӯ ва иззати хеш посдорӣ намоянд? Оё ҷавонони мо боз ҳам даст зери алоша нишаста, ҳамчунон шоҳиди ҷиноёти ҳукумати такқавмӣ ва такҷинсиятии Толибон буда, назорагари нолаҳои хоҳарон ва модаронашон хоҳанд монд? Оё билохира тамоми мардум, тамоми мардон ва занон дар паҳлуи хоҳарон ва духтарони шуҷоъашон нахоҳанд истод?
Воқеиятҳо нишон медиҳад, ки ҷон ба лаби мардум, бахусус ҷон ба лаби ҷавонони мо расидааст. Ҷавонони мо акнун барои дифоъ аз иззату номуси хеш ва барои наҷоти ватан аз асорати террористон ба ҷуз ба по хостан, ҷанг ва растохези умумӣ алайҳи даҷҷолҳои толиб, роҳи дигаре намебинанд.
Ҷавонони ватан ва ҳамаи мардум, ором-ором ба ин натиҷа ва бовар расидаанд, ки ба по хостан ва ҷангидан алайҳи террористон (аз ҷанги чирикӣ то ҷабҳаӣ ва аз муборизоти фарҳангиву таблиғотӣ то барпоии иҷтимоъот ва тазоҳурот гунагун) танҳо роҳи наҷоти ватан аз зулму зулмати толибонист. Ононе, ки мегӯянд, мардум аз ҷанг хаста шуда ва Афғонистон дигар ба ҷанг ниёз надорад, иштибоҳ менамоянд. Афғонистон имрӯз бештар аз ҳар замони дигар ба ҷанги одилона ва додхоҳона ниёзманд аст. Мардуми пархошгар ва ҷон ба лаб расидаи Афғонистон ҳоло бештар аз ҳар замони дигар ба як созмони мунсаҷими инқилобӣ ва як ҷабҳаи муттаҳиди озодибахш ниёзманд аст. Афғонистон бояд ба озодии аз даст рафтааш дубора даст биёбад.
Эҷоди дастаҳо ва гурӯҳҳои махфиву алании озодибахш алайҳи Толибон, муборизоти фардӣ ва ҷамъии фарҳангиву таблиғотӣ ва эътисоботу мазоҳироти умумие, ки рӯз то рӯз дар тамоми вилоёти Афғонистон, густариш ва тавсеа меёбад, бетардид камари Толибони зӯргӯ ва ҷангталабро хоҳад шикаст. Ва ин танҳо роҳи наҷоти дубораи ватан аз чанги ваҳшати толибонист...