Ишора: Ин шоеот вуҷуд дорад, ки Русия Ҳомид Карзайро яке аз муҳраҳои асосии сиёсатҳои худ дар Афғонистон арзёбӣ мекунад. Ҳеҷ гумон намеравад, ки ҳақоиқи зер барои “қудрати шимолӣ” пинҳон бошанд, аммо зарур аст онҳо ёдрас карда шаванд.
Нависанда: Наҷиб Борвар, шоир
Корҳое, ки Карзай кард:
1 - Бо ифшои тарҳи Русия ба Ҷабҳаи муттаҳид, ки дар он ҳимоят аз афроди мусаллаҳ ин Ҷабҳа буд, робитаи Амрикоро бо аҳзоби ҷиҳодӣ хароб кард.
2 - Бо ҳимояти амрикоиҳо, сарони ҷангии ақвоми дигарро бо террори занҷираӣ аз пеши рӯ бардошт ва ҷангро ба тарафи Шимол кашонид.
3 - Барои амрикоиҳо гуфт, ки хатари аслӣ ва таҳдиди воқеӣ барои Амрико неруҳои мухолифи Толибон аст, зеро Маршал Фаҳим дар тарҳи пинҳонӣ кумакҳои Русияро дар пӯшиши як ширкати тиҷоратӣ пазируфта буд. Ҳошия рафтани неруҳои мухолифи мусаллаҳи Толибон боис шуд, неруҳои билқувва ва ҷойгузин тақвият шаванд. Карзай дар ду давраи риёсатҷумҳурӣ, муҷоҳидинро халъи силоҳ ва Толибонро икмол кард.
4 - Дар ҳоле, ки бо Маршал Фаҳим тафоҳум дошт пас аз давраҳои риёсатҷумҳуриаш аз вай ҳимоят кунад, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барои поксозии сохтор пеш кашид. Маршал Фаҳим дар манзил худ камари Абдуллоҳро баст, аммо қабл аз баргузории интихобот, ба шакли мармуз аз дунё рафт.
5 - Ашраф Ғанӣ дар машварати мустақим бо Ҳомид Карзай, ниҳодҳои амниятиро поксозӣ кард. Аз муҳраҳои вафодор ба Карзай истифода кард, ки (мисли Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ) ҳамчун арӯсаки безабон намунаҳое аз ин чеҳраҳои тазйинӣ дар сохтор буд.
6 - Амрикоиҳо ба хотири рондани неруҳои Ҷабҳаи муттаҳид, пас аз Маршал Фаҳим Абдуллоҳ Абдуллоҳро огоҳона тақвият карданд, саҳме ҳам, ки барояш гоҳе медоданд, онро машрут ба наёвардани чеҳраҳои зидди Толибон мекарданд.
7 - Ифшои равобити Маршал Фаҳим бо русҳо тавассути Халил Фурӯзӣ, шарики тиҷории бародари Маршал Фаҳим боис шуд, қудрати тасмимгирӣ дар ниҳодҳо аз неруҳои Ҷабҳаи муттаҳид гирифта шавад.
8 - Амрикоиҳо дар ҳамоҳанагии Карзай, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва арӯсакҳои дохили низом ба ин натиҷа расиданд, ки қудратро ба Толибон вогузор кунанд. Ин корро бо иғфоли дигарон бисёр моҳирона анҷом доданд. Абдуллоҳ ва Карзай бинобар ҳамин эътимод дар Кобул монданд, то пруса такмил шавад.
9 - Карзай бо ҳамдастии Халилзод як прусаи бистсоларо мудирият кард, заъфи раҳбарони ақвоми ғайрпштун ва хушхаёлиашон боис шуд, Афғонистон дубора ба коми терроризм фурӯ биравад.
10 - Ҳоло Карзай ба унвони фотеҳ, дигаронро ба таслим шудан даъват мекунад. Ҳар касе, ки бо ин шайёд мулоқот мекунад, хоин ва беирода аст. Карзай ҳамон Мулло Умари гумшуда аст, ки имрӯз чеҳра аз ниқоб берун кашидааст.