Хабари рӯз

Оё Толибон дар садади ҳазфи Ҳикматёр баромадаанд?

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар

Ҳамлаи интиҳорӣ ба дафтари Ҳикматёр дар Кобул пас аз он сурат гирифта, ки ахиран ӯ сафари мармузе ба Покистон дошт ва ҳадафу натоиҷи ин сафар расонаӣ нашуд.

 Ҳикматёр ягона раҳбари сиёсӣ (раҳбари як ҳизби сиёсӣ) шинохта шудааст, ки баъд аз тасаллути дубораи Толибон бар Афғонистон, дар Кобул монда ва ба наҳве ба фаъолияти нарму сояии худ идома додааст. Ҳикматёр ҳарчанд бо Толибон тааллуқи таборӣ ва идеологӣ дорад ва ба назар мерасад, ки ҳамин амр боис шуда, ки ӯ аз Толибон эҳсоси хатар накунад ва худро дар сояи ҳокимияти онон роҳат эҳсос кунад аммо ӯ дар асл ягона рақиби дарунии Толибон пиндошта мешавад.

Пеш аз зуҳури Толибон, Ҳикматёр раҳбари биломунозиъаи паштунҳо пиндошта мешуд ва даъвои калони раҳбарии кишвар ва заомати паштунҳоро дошт. Аммо Толибон тоҷу тахти Ҳикматёрро ба зер кашиданд ва ӯро маҷбур сохтанд, ки ба домани душмани деринааш (Ҷамъияти исломӣ) суқут кунад ва ба Панҷшер назди Аҳмадшоҳ Масъуд, ки солҳо бо ӯ ҷангида буд, паноҳ бибарад. Ба назар намерасад, ки Ҳикматёр кина ва уқдаи ношӣ аз он таҳқири бузургро фаромӯш карда бошад ва қалбан бо Толибон оштӣ карда бошад.

 Ҳикматёр ҳамчунон яке аз ангуштшумор раҳбарони сиёсӣ-ҷиҳодии паштунтбор аст, ки дар исботи вафодорӣ ба Покистон беш аз ҳама кӯшидааст. Ў Покистонро хонаи дувуми худ медонад ва ҳатто дар замоне, ки Покистон тасмим гирифт ба василаи Толибон ӯро халъи қудрат кунад, алайҳи Покистон мавзеъ нагирифт.

 Ҳикматёр дар чизе кам яку нем соли ахир ҳарчанд бо забони нарму малфуф аз баъзе амалкардҳои Толибон интиқод карда ва ба истилоҳ, бо нагирифтани саҳми иҷроӣ ва амалӣ дар ҳукумати Толибон ба наҳве фосилаи худро бо ин гурӯҳ ҳифз кардааст. Шояд битавон гуфт, яке аз далоиле, ки Толибон ҳикматёрҳоро таҳаммул кардаанд, дар канори масоили таборӣ ва ҳамфикрӣ, дикта ва дастури Покистон бошад. Ба ин маъно, ки покистониҳо ба Толибон ҳидоят додаанд, ки Ҳикматёрро амон бидиҳед ва иҷоза бидиҳед, ки фаъолияти сиёсии худро ба шеваи нарм пеш бибарад.

Бо таваҷҷуҳ ба боло гирифтани ихтилоф ва иншиқоқ миёни Толибон ва ин ки бахше аз Толибон зиёд дар контроли Покистон нестанд ва бо анҷоми бархе аз бозиҳои печида дар табонӣ бо амрикоиҳо, мӯҷиботи нигаронии Покистонро фароҳам кардаанд, ба назар мерасад, ки покистониҳо дар садади барҷаста кардани нақши Ҳикматёр минҳайси як рақиби дарунӣ барои Толибон баромадаанд ва мехоҳанд, ки аҳруми фишоре алайҳи Толибон дуруст кунанд ва ҳатто шояд фаротар аз он бихоҳанд, ки Ҳикматёрро дубора ба саҳна баргардонанд. Фаромӯш накунем, ки бо таваҷҷуҳ ба навзуҳур будани Толибон, аксарият фармондеҳони ин гурӯҳ собиқаи Ҳизби исломӣ доранд ва метавонанд ба асли худ баргашта ва аз дарун Толибонро дучори чолиши ҷиддӣ бисозанд.

Дар ҳамин ҳол, ин нукта ҳам қобили ёдоварӣ аст, ки гузашти замон нишон дод, ки Толибон ба далели надоштани раҳбарони шинохташуда, қавӣ ва таъсиргузор дар муддати яку ним соли ахир натавонистанд, ки инсиҷоми дарунии худро тақвият карда ва ба ҳайси як нерӯи бозарфият дар амри давлатдорӣ ва басиҷи тамоми нерӯҳои паштун арзи андом кунанд. Ба мурури замон бисёре аз паштунистҳо аз Толибон нороз шуда ва салоҳияти ин гурӯҳ барои идораи кишвар ва заомати паштунҳоро зери савол бурдаанд.

 Бо таваҷҷуҳ ба нукоти фавқ баид нест, ки дар хафо навъе тавофуқ миёни Покистон ва ҳалақоти мушаххасе дар даруни Толибон ва паштунҳо ба вуҷуд омада бошад, ки рӯи Ҳикматёр ва Ҳизби исломӣ минҳайси як ҷараёни сиёсии собиқадор кор шавад. Амре, ки ба сурати табиӣ тарс ва нигаронии ҳалақоти дигаре аз Толибонро ба миён меоварад ва ин тарсу нигаронӣ ононро тарғиб ба ҳазфи физикии Ҳикматёр мекунад.

Ин гумона ба вежа он гоҳ тақвият мешавад, ки дар назар бигирем Ҳикматёр дар як соли ахир зимни интиқод аз Толибон, бар лузуми баргузории интихобот, эҳтиром ба ҳуқуқи занон ва бархе нукоти дигаре таъкид карда, ки бо тафаккури сиёсии Ҳизби исломӣ ва шахси Ҳикматёр мутаноқиз буда, аммо дар айни ҳол дар миёни ҳалақоти дигаре аз паштунҳо, ки худро нерӯҳои мутараққӣ ва секулор медонанд, мавриди истиқбол қарор гирифтааст. Яъне Ҳикматёр ин паёмро ба паштунҳои нороз аз Толибон расонидааст, ки агар раҳбарии ӯ мавриди тавофуқ қарор гирад, ӯ ҳозир аст, ки маъҷуне аз рӯйкардҳои толибонӣ ва хостаҳои паштунҳои мутараққӣ ва секулорро дуруст кунад, ки ҳам лаъл ба даст ояд ва ҳам дили ёр наранҷад!

Бояд гуфт, ки афроди Ҳизби исломӣ баъд аз тасаллути дубораи Толибон, дар бисёре аз манотиқе, ки қаблан имкони фаъолияти сиёсӣ барояшон вуҷуд надошт, фаъол шуда ва ба ҷалбу ҷазбм ҷавонон ва барқарорим иртибот бо аъзои собиқам Ҳизби исломӣ мубодарат варзидаанд, ки ин амр наметавонад бидуни доштани як итминонияи қавӣ сурат гирад.

Ахиран мактубе расонаӣ шуд, ки идораӣ истихборотӣ Толибон фаъолиятӣ Ҳизб ут-таҳрир, Ҷамъияти ислоҳ ва бархе аз ҷараёнҳои сиёсие, ки ҳамфикру ҳамсӯ бо Толибонанд ва барои ба қудрат расидани ин гурӯҳ лаҳзашуморӣ мекарданд, мамнуъ кардааст. Ин ки Ҳизби исломӣ аз ин дастур мустасно шуда худ ба равшан шудани завоёи бештар мабҳасӣ кӯмак мекунад, ки дар ин мақол ба он пардохта шуд. Ба эҳтимоли зиёд Ҳизби исломӣ аз Покистон “амоннома” дар даст дорад ва ин амр боиси истисно қарор гирифтани Ҳизби исломӣ аз феҳристи аҳзоби мамнуъулфаъолият шудааст!


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!