Хабари рӯз

Танҳо нерӯи мӯътабар дар дохили Афғонистон барои мубориза бо терроризми байнулмилалӣ Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст

Нависанда: Лук Кофи, корманди аршади илмии Институти Ҳадсон

Манбаъ: Arab News

Як сол пеш дар ин ҳафта, авзоъ дар Афғонистон бад ба назар мерасид, аммо ҳеҷ кас намедонист, ки бадтарин вазъият ҳанӯз дар роҳ аст. Тамоми нерӯҳои амрикоӣ ба тозагӣ кишварро тарк карда буданд. Теъдоди маъдуде аз нерӯҳои байналмилалии боқимонда низ дар ҳоли хурӯҷ буданд. Толибон ниме аз шаҳристонҳои Афғонистонро таҳти контрол доштанд ва шаҳрҳои бузургро таҳдид мекарданд. Аммо теъдоди каме ҳадс мезаданд, ки то 11 сентябр 2021, Толибон қаламрави бештаре аз Афғонистонро нисбат ба 11 сентябри 2001 дар даст хоҳанд дошт.

Аз замони тасаллути Толибон, Афғонистон дар масири нузул қарор гирифтааст. Аксар афғонҳо бо як буҳрони инсонии шадид рӯбарӯ ҳастанд. Бо вуҷуди ин ки Толибон ваъда додаанд, ки духтарони ҷавон метавонанд ба мактаб бираванд, аммо ҳанӯз ин иттифоқ науфтодааст. Ихтилофоти дохилӣ дар дохили раҳбарии Толибон ва вазъияти куллии амниятӣ дар кишвар, бар буҳрони инсонӣ афзуда мешавад.

Толибон дар сатҳи боло шикастааст. Ҳадди ақал панҷ гурӯҳи мухталиф - ҷиноҳи Ҳаққонӣ, ҷиноҳи қандаҳориҳои Бародар, ҷиноҳи қандаҳориҳо Яъқуб, ҷиноҳи ба ном раҳбари муаззам Ҳайбатуллоҳ Охундзодаи таҳти ҳимояти АйЭсАйи Покистон ва Толибони ғайрипаштун, ки дар шимоли Афғонистон фаъолият мекунанд - ҳастанд. Ҳама барои нуфуз ва қудрат бо якдигар рақобат мекунанд. Бо ин ҳама ихтилоф дар дохили Толибон, ҳар гуна умед барои ташкили як давлати фарогир бо дигар гурӯҳҳои ғайритолибон камранг шудааст.

Вазъияти амнияти ба сахтӣ беҳтар аст. Тасаллути Толибон боис шуд гурӯҳҳои террористӣ монанди Алқоида ва ДОЪИШ шукуфо шаванд. ДОЪИШ тавонистааст аз ҳарҷу марҷе, ки дар бархе аз манотиқи кишвар пас аз фурӯпошии давлати Афғонистон ба вуҷуд омад, истифода кунад. Ҳамалот террористӣ бо талафоти ҷамъӣ, ки ағлаб бо ҳадафи ақаллияти шиаи ҳазора анҷом мешавад, як вежагии муштарак дар Афғонистон боқӣ мондааст.

Алқоида ҳамчунин аз тасаллути Толибон дар Афғонистон суд бурд. Бар асоси гузориши ахири Созмони Милал, “аъзои Алқоида зоҳиран дар ҷанубу шарқи Афғонистон боқӣ мемонанд, ҷое, ки ин гурӯҳ ҳузури таърихӣ дорад... Алқоида қасд дошт дар шимоли Афғонистон мавқеияте эҷод намуда, ҷангҷӯёни ҷадидро басиҷ кунад ва захираҳои худро афзоиш диҳад”. Дар идомаи ин гузориш омадааст, ки “раҳбарии Алқоида зоҳиран нақши машваратӣ бо Толибон ифо мекунад ва ин гурӯҳҳо ҳамчунон наздик ҳастанд”.

Минтақаи густурдатаре низ таҳти таъсир қарор гирифтааст. Силоҳҳои Афғонистон ба бозорҳои Кашмир роҳ пайдо мекунад. Аз миёни тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон бештарин иртиботро бо Толибон доштааст. Бо ин ҳол, мушаххас нест, ки Тошканд аз ин таомул суди малмусе дарёфт карда бошад. Дар воқеъ, вазъияти амниятӣ дар наздикии марзи Афғонистон ва Ӯзбекистон рӯ ба вахомат гузоштааст. Авоили моҳи ҷорӣ, аз Афғонистон панҷ мушак шиллик шуда, дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон фуруд омад.

Бо ин ҳама ихтилоф дар дохили Толибон, ҳар гуна умед барои ташкили як давлати фарогир бо дигар гурӯҳҳои ғайритолибон камранг шудааст.

Дар ҳамин ҳол, кишвари ҳамсоя Тоҷикистон бештарин интиқодро нисбат ба Толибон доштааст. Гумон меравад, ки Толибон ба Ансоруллоҳ, як гурӯҳи ифротии тоҷик бо ҳадафи эъломшудаи сарнагунии давлати Тоҷикистон иҷоза медиҳад то дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон гаштзанӣ кунад. Дар моҳҳои ахир, ҳузури нерӯҳои амниятии Тоҷикистон, ки дар имтидоди марз бо Афғонистон басиҷ шудаанд, афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон ба таври зимни аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳимоят кардааст. Ҷабҳаи муқовимати миллии умдатан аз қавмияти тоҷик дар дараи Панҷшир дар пайи тасаллути Толибон дар моҳи август зуҳур кард. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд, танҳо нерӯи муқовимати воқеӣ дар баробари Толибон аст.

Пас аз зинда мондан аз ҳамлаи аввалияи Толибон дар поизи гузашта, ва сипас зинда мондан дар моҳҳои зимистон дар умқи дараҳои ҷонибии Панҷшер, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз баҳору тобистон барои ҳамла ба мавозеъи зиёди Толибон дар Бағлон ва вилояти Панҷшер истифода кард.

Дар посух Толибон чанд ҳафта пеш бузургтарин ҳамлаи худро алайҳ Ҷабҳаи муқовимати миллӣ оғоз карданд. Мулло Яъқуб, вазири дифоъи билфеъл ва писари Мулло Умар, бунёнгузори Толибон, раҳбарии ин амалиётро бар ӯҳда дошт. То кунун ин ҳамлаи низомӣ шикаст хӯрдааст. Ҳеҷ пойгоҳи Ҷабҳаи муқовимат гирифта нашуд. Гуфта мешавад, ки талафоти Толибон зиёд будааст. Ҳатто як чархболи Толибон низ сарнагун шуд.

Агарчи танҳо нерӯи мӯътабар дар дохили Афғонистон барои мубориза бо терроризми байнулмилалӣ Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст, аммо ҳеҷ коре аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ё шарикони он барои эҷоди робита бо онҳо анҷом нашудааст. Дар воқеъ, ҳафтаи гузашта вазорати умури хориҷа ҳатто то он ҷо пеш рафт, ки гуфт: “Мо аз мухолифони хушунатомези созмонёфта бо Толибон ҳимоят намекунем ва соири қудратҳоро низ аз анҷоми ин кор мунсариф мекунем”.

Тасмими Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида барои ақибнишинӣ ва тарки шарикони афғон дар соли гузашта лаккаи нанге бар ифтихори миллии Америка буд. Ин изҳороти вазорати умури хориҷа шаппотии шармовари дигаре ба сурати афғонҳои шуҷоъе аст, ки дар баробари барбарияти Толибон муқовимат мекунанд. Ба ҳар ҳол, бисёре аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамон ҷангҷуёни афғонистонӣ ҳастанд, ки Иёлоти Муттаҳида барои ду даҳа онҳоро омӯзиш дода ва дар канори онҳо ҷангидааст.

Толибон барои идораи Афғонистон бисёр мутафарриқ ва нотавон аст. Ҳамон тур, ки ваҳшигарии Толибон идома дорад, афғонҳои бештаре аз гурӯҳҳои муқовимат, монанд Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои террористие, монанди Алқоида ва ДОЪИШ дар тамоми ҳарҷу марҷ мунтазири беҳтарин замон барои зарба задан хоҳанд буд. Афғонҳо ба гуруснагӣ идома хоҳанд дод ва вазъияти башарӣ бадтар хоҳад шуд. Ва ҳеҷ барномае аз сӯи ҷомеаи байнулмилалӣ барои анҷоми коре вуҷуд надорад.

Агар чизе тағйир накунад, Афғонистон бори дигар вориди чархаи наслии дигар аз хушунат ва ранҷ хоҳад шуд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!