Хабари рӯз

Дар ҷаҳони мо кишварҳои бузург ва қудратманде чун Амрико, Русия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон ва даҳҳо кишвари дигаре ҳастанд, ки низоми ғайримутамарказ ё федералӣ дошта ва ин кишварҳо то ҳанӯз ҳеҷ кадом таҷзия нашудаанд.

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ

Ҷеймз Добинз, намояндаи пешини Амрико дар мавриди Афғонистон мегӯяд, ки: “Федерализм ба нафъи Афғонистон буда ва ба тавсеаи ин кишвар кӯмак мекунад...” Ӯ ҳукумати ҷумҳурӣ бо волиҳои интихобиро барои тавзеъи қудрат дар Афғонистон муфид мепиндорад.

Оқои Добинз ин суханони сареҳ ва бепардаро ахиран дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо телевизиони “Афғонистон интернешнал” баён доштааст.

Баҳси федералие, ки ҳамвора баҳси табу ва қадаған дар маҳофили сиёсии равшанфикрии Афғонистон будааст, ин бор на аз сӯи мутафаккирон ва сиёсиюни афғонистонӣ, балки аз сӯи як амрикоӣ доғ шудааст.

Оқои Добинз федералӣ шудани Афғонистонро дар замоне матраҳ мекунад, ки ақвоми мухталифи Афғонистон дар зери сайтараи хашин ва ифротии Толибон азоб кашида ва баъзан бо фишору зӯр аз хонаҳои падариашон берун кашида мешаванд.

Оқои Добинз федералӣ шудани Афғонистонро дар шароите матраҳ мекунад, ки муқовимат ва истодагии мардуми Афғонистон дар баробари терроризми толибӣ рӯз то рӯз қудрат ва вусъати бештар касб карда ва ором-ором пархошҳои умумӣ дар кулли кишвар, бахусус вилоёти шимоли Афғонистон алайҳи ҳукумати такқавмӣ, такмазҳабӣ ва такҷинсиятии Толибон пухтагӣ ва қивоми бештар меёбад.

Ҳанӯз равшан нашудааст, ки оё сиёсати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам ба сӯи қабули як Афғонистони федералӣ чарх хӯрдааст? Оё Вазорати хориҷаи Амрико ҳам ба ҷои низоми мутамаркиз ба тавзеъи қудрат дар Афғонистон аз роҳи як низоми федералӣ бовараманд шудааст? Ё ин ки ин назар фақат нигоҳи шахсии оқои Добинз аст.

Бо он ки ҳанӯз наметавон бовар кард, ки мақомоти расмии амрикоӣ низоми федералиро низоми шоиста барои Афғонистон дониста бошанд, аммо ҳар чархише дар сиёсати амрикоиён пеш омада бошад ё пеш биёяд, интихоби навъи низом кори мардуми Афғонистон аст. Ҳамватанони мо ба хубӣ медонанд, ки низоми толибӣ авҷи нафратангези як низоми мутамаркиз аст. Ҳамватанони мо ин ҳақиқатро низ медонанд, ки ҳоло замони он аст то бидуни табъизу ташаддуд барои таъйин ва интихоби навъи низоми ҳукуматӣ ба як гуфтумони миллӣ рӯй биоваранд.

Ба бовари ман, ҳеҷ гуфтумонеро набояд табу пиндошт ва қадаған кард. Набояд фавран ва бо хушунат муҳри куфр ба пешонии касоне зад, ки тарафдори як низоми ғайримутамарказ барои Афғонистон ҳастанд. Бояд донист, ки танҳо дар партави як гуфтумони миллист, ки метавон авомили аслии ақибмониҳо ва низоъҳои чандқарнаву музоядаи як низоми ғайримутамарказро мушаххас ва дарк кард. Танҳо дар партави як гуфтумони миллист, ки метавон фаҳмид низоми ғайримутамарказ ҳаргиз ба маънои таҷзияи як кишвар набуда ва нест. Ва, билохира, танҳо дар партави як гуфтумони миллист, ки ба осонӣ метавон фаҳмид дар ҷаҳони мо кишварҳои бузург ва қудратманде чун Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии федералии Олмон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва даҳҳо кишвари дигаре ҳастанд, ки низоми ғайримутамарказ ё федералӣ дошта ва ин кишварҳо то ҳанӯз ҳеҷ кадом таҷзия нашудаанд.

Хулосаи калом: агар мо гуфтумони миллӣ надошта ва пайиҳам ба пешонии ҳамдигар муҳри куфр бикӯбем, боз ҳам ба дардҳо ва бадбахтиҳои ҳалокатбори хеш идома дода ва бо дастони худ, худамонро азобкуш менамоем.

Ва, билохира, агар мо гуфтумони миллӣ надошта бошем, покистониён ба василаи ҳамин Толибони тундрав ва тамаркузгаро Афғонистонро ба сӯи тазъифи бештар ва ҳатто ба сӯи таҷзия савқ хоҳанд дод.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!