Хабари рӯз

Агар Эрон Маҳдиро ба Толибон таҳвил дода бошад, бояд ин рӯйдодро сароғози фасли ҷадиде аз равобити шиъаёни Афғонистон ва Эрон унвон дод. Фасле аз равобит, ки бар пояи беэътимодӣ устувор хоҳад буд.

Нависанда: Рустами Рӯшангар, таҳлилгар

Акс: (аз рост ба чап) 11 август. Мулло Абдулатиф Мансур ва Алӣ Акбар Меҳробиён, вазирони оби Афғонистону Эрон дар Кобул

Агар хабари шаҳодати Мавлавӣ Маҳдӣ ба дасти лашкар аҷиру золим (Толибон) дақиқ бошад ва ин хабар низ дуруст бошад, ки Мавлавӣ Маҳдӣ баъд аз вуруд ба Эрон тавассути эрониҳо дастгир ва ба Толибон таҳвил дода шудааст, мо бо як рӯйдод муҳим ва бепешина мувоҷеҳ ҳастем. Дирӯз бархе аз расонаҳои иҷтимоӣ хабарҳоеро дар мавриди боздошт Маҳдӣ нашр карданд, аммо баъд сухан аз шаҳодати ӯ ба дасти Толибон мунташир шуд. Хабарҳои дирӯзӣ шоеаи таҳвили ӯ тавассути Эрон ба Толибонро тақвият кардааст.

Эрон, ки дар як соли ахир талош карда бо Толибон робитаи дӯстона дошта бошад ва аз маҷбурияти Толибон дар ҷиҳати касби манофеъи худ истифода кунад, қиёми Мавлави Маҳдӣ алайҳи Толибонро “фитнаи Амрико” хонд.

Бархе аз нозирин ба ин боваранд, ки Эрон ба Толибон тааҳҳуд супурда, ки ҷилави шӯришҳо ва қиёмҳои зиддитолибӣ дар миёни шиъаён ва ҳазораҳоро хоҳад гирифт. Гуфта мишавад, ки дар муқобил Толибон ҳозир ба додани имтиёзҳое ба Эрон шудааст. Аз ҷумла мавзӯъи оби дарёи Ҳирманд аст, ки Эрон шадидан ниёзманди он аст. Чанд рӯз пеш хабарҳое дар мавриди озодсозии оби захирашудаи Ҳирманд дар банди Каҷакӣ ба сӯи Эрон нашр шуд. Ба думболи он вазири энержии Эрон Кобул рафт.

Эрон дар дигар манотиқи Ховари Миёна худро мудофеъи шиъаён медонад ва аз гурӯҳҳои шиъӣ дар Ироқ, Лубнон, Яман ва ... дар баробари ҳукуматҳо ҳимоят мекунад. Аммо дар Афғонистон ба назар мерасад, ки Эрон гурӯҳҳои шиъиро дар бадали об ба як ҳокимияти суннии ба шиддат ифротии зиддишиъӣ фурӯхта бошад.

Бисёре аз раҳбарони сиёсӣ ва мазҳабии аҳли ташайюъ ва ҳазоратабор дар як соли ахир масруфи музокира бо Толибон бар сар чигунагии саҳму ҷойгоҳашон дар муносиботи қудрат будаанд, аммо ҳосиле ба даст наомадааст. Эрон дар ин замина нақши миёнҷиро бозӣ кардааст. Толибон дар тамоми сутӯҳ ҳуқуқи ҳазораҳо ва шиъаёнро нақз кардааст ва бо як ҳаракати эътирозии ҳазорагӣ-шиъӣ дар Балхоб низ ба шиддат бархӯрд кардааст.

Агар Эрон Маҳдиро ба Толибон таҳвил дода бошад, бояд ин рӯйдодро сароғози фасли ҷадиде аз равобити шиъаёни Афғонистон ва Эрон унвон дод. Фасле аз равобит, ки бар пояи беэътимодӣ устувор хоҳад буд. Шиъаёни Афғонистон ҳамвора аз сӯи ҳокимиятҳои паштунӣ барчаспи “ҷосуси Эрон” мехӯранд ва аз ин бобат ҳамеша бо сӯизан бо онон рафтор шудааст.

Ин кори Эрон ҳамчунон шиори ҷумҳурии исломӣ дар амри ҳимоят ва дифоъ аз мазлумину мустазъафин дар баробари мустакбирин ва фиръавнҳои замонро бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад. Толибон намунаи комил як гурӯҳ мустакбир ва ҷоҳил аст, ки ба диктаи созмонҳои истихборотии ғарбӣ ҳозир ба иртикоби ҳар навъ ҷинояте алайҳи мусулмонон аст! Инро Эрон ба хубӣ медонад, аммо манофеъаш ҳукм мекунад, ки онро мавриди иғмоз қарор диҳад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!