Хабари рӯз

Афғонистон қурбонии “мудирияти буҳрон аз роҳ дур” шудааст.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Матлаби аслӣ: "پناهگاه امن تروریست‌ها" از طریق "دموکراسی مسخره"

Тайи беш аз ду даҳаи гузашта Афғонистон майдони озмоиш ва иҷрои сенарияҳои печидаи геополитикӣ ва амниятии қудратҳои ҷаҳонӣ будааст. На дар гузашта ва на имрӯз, ҳеҷ гурӯҳи сиёсӣ дар ин кишвар тавоноии давлатсозии воқеӣ ва ироаи барномаи ҷомеъ барои тавсеа ва суботи пойдорро надоштааст. Гурӯҳҳои сиёсии мавҷуд, ё даргири манофеъи шахсӣ ва рақобатҳои қавмӣ ва самтӣ будаанд, ё ба сурати амдиву нохоста ба бахше аз проектҳои тарроҳишудаи берунӣ бадал шудаанд.

Аз ҳамон оғоз, сиёсати Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб бар ин поя устувор шуд, ки тамаркуз аз сохторҳо ва барномаҳо бардошта шуда ва ба самти чеҳраҳо мунтақил гардад. Ин интихоби огоҳона Афғонистонро ба сӯи як бунбасти стратегӣ ҳидоят кард, ҷое, ки ҳар тағйири сиёсӣ вобаста ба бақо ё ҳазфи як фард буд, на як низоми ниҳодӣ ва пойдор.

Ин сиёсат, паёмадҳои амиқе бар раванди давлатсозӣ дошт. Вақте ки чеҳрамеҳварӣ ҷойгузини барномамеҳварӣ шуд, сохторҳо береша ва шикананда боқӣ монданд. Натиҷаи ин вазъият он буд, ки бо тағйири як чеҳра, кулли систем фурӯ мерехт. Ба ҳамин далел, ҳатто замоне, ки манобеъи азими молӣ ва низомӣ вориди Афғонистон шуд, зарфиятҳои ниҳодӣ ва барномаҳои миллӣ ҳаргиз фурсати шаклгирӣ пайдо накарданд. Дар чунин шароите, нақши авомили дохилӣ низ муҳим буд, аммо вазни аслии фурӯпошии ҷумҳурият бар дӯши авомили хориҷӣ, бавежа Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, сангинӣ мекунад.

Проекти табдили Афғонистон ба “биҳишти амни террористӣ” ва тарвиҷи ифротият, аз ҳамон ибтидо бо тарроҳии баландмуддат оғоз шуд. Барои расидан ба ин ҳадаф, лозим буд ин тағйирот дар қолаби як “демократияи масхара” пеш биравад; Демократияе, ки танҳо пӯстае фиребанда аз озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ дошт, аммо дар амал масири рушди бунёдгароиро ҳамвор мекард. Ин гузори тадриҷӣ сабаб шуд ҳассосияти афкори умумӣ нисбат ба густариши шабакаҳои ифротӣ батадриҷ коҳиш ёбад ва шароит барои ҳузури пойдори гурӯҳҳои террористии чандмиллиятӣ фароҳам шавад.

Имрӯз ҷомеаи Афғонистон бо як буҳрони амиқи беэътимодӣ мувоҷиҳ аст. Мардум дигар ба ҳеҷ чеҳраи сиёсӣ ба унвони наҷотдиҳанда бовар надоранд. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон додааст, ки ҳатто касоне, ки бо шиори тағйир ва наҷот ба майдон омадаанд, ё абзори бозии қудратҳои хориҷӣ шудаанд ё дар баробари фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ фурӯ пошидаанд.

Раҳбарони ҷиҳодӣ ва фармондеҳони муқовимат, ҳамонҳое, ки рӯзе фотиҳона вориди Кобул шуданд, дар натиҷаи як иштибоҳ ва ғафлати роҳбурдӣ ва дар пайи тафоҳумоти пушти пардаи Карзай, Ғанӣ ва Абдуллоҳ бо Ғарб, ногаҳон аз саҳна ҳазф ва аз кишвар тард шуданд.

Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ гоҳ барномаи воқеӣ барои давлатсозӣ, эҷоди суботи сиёсӣ ва берун кашидани Афғонистон аз буҳрони чанддаҳаӣ надошт. Маъмурияти аслӣ иҷрои як стратегияи контроли буҳрон аз роҳи дур буд: вогузарии масъулиятҳои амниятӣ ба бозигарони маҳаллӣ, мудохилаи гузинишӣ дар лаҳазоти ҳассос ва ҳифзи Афғонистон ба унвони як нуқтаи суботи нисбӣ барои мудирияти муодилоти минтақаӣ. Толибон дар ин чорчӯб ба бозигаре табдил шудаанд, ки зимни ифои нақши ниёбатӣ, амният ва манофеъи қудратҳои фароминтақаиро низ таъмин мекунад.

Бо тадовуми ин вазъият чашмандози панҷ соли оянда нигаронкунанда аст. Афғонистон ба сӯи табдил шудан ба ҷомеае уқдаӣ, фақир, вобаста ва мунзавӣ дар сатҳи байналмилалӣ пеш меравад; Ҷомеае, ки аз пешрафти технологӣ ва улуми асрӣ дур афтода ва беш аз ҳар замони дигаре дар ҳисори идеологияҳои вопасгаро гирифтор шудааст. Ин раванд на танҳо ояндаи кишварро нобуд мекунад, балки Афғонистонро ба як маркази судури бесуботӣ ба минтақа ва ҷаҳон бадал месозад.

Шавоҳид нишон медиҳад, ки стратегияи “бозмувозана аз роҳи дур”-и Амрико ба таври комил натиҷа додааст. Контроли ғайримустақим аз тариқи шабакаҳои маҳаллӣ мудирияти манобеъ ва нуфузи истихборотӣ ва эҷоди вобастагии сохторӣ ба бозигарони хориҷӣ, ба Вашингтон иҷоза додааст бидуни ҳузури густурдаи низомӣ, майдони Афғонистонро дар ихтиёр дошта бошад.

Толибон низ бо қарор гирифтан дар мадори ин бозӣ ба абзоре барои иҷрои аҳдофи бузургтар дар минтақа, бавежа дар иртибот бо рақобатҳои геополитикӣ миёни Амрико, Чин, Русия ва Эрон бадал шудаанд.

Афғонистони имрӯз на як кишвари озод ва мустақил, ки бахше аз сафҳаи шатранҷест, ки муҳраҳояшро дигарон ҷо ба ҷо мекунанд. Ин воқеият, агар дарк ва бо роҳбурде мунсаҷам посух дода нашавад, ояндае ториктар аз имрӯзро рақам хоҳад зад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!